Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Арўсӣ кардан дар шаб

surprise-fireworks-wedding-day

  1. Паёмбари Худо (с): Арўсҳоятонро дар шаб ба хонаи бахт бибаред ва дар рўз зиёфат бидиҳед.

2.Имом Ризо (а): Издивоҷ кардан дар шаб, аз суннат аст, зеро Худованд шабро мояи оромиш қарор додааст ва занон дар ҳақиқат, ҳамон мояи оромиш ҳастанд.

Он чӣ дар шаби арўсӣ шоистаи анҷом аст

  1. Паёмбари Худо (с): Ҳангоме ки мард ҳамсарашро ба хона мебарад, аввал ду ракъат намоз бионаду бар зулфи ў даст бикашад. Сипас бигўяд: Бор Худоё! Дар ҳамсарам бароям баракат қарор деҳу ўро бароям муборак гардон ва то замоне ки моро дар канори ҳам қарор додаӣ, бо хайру хуҷаста ва бобаракат бидор ва ҳаргоҳ ўро аз ман ҷудо сохтӣ, ба хубии тамом ҷудо соз!

Сипас бигўяд: Сипос Худоеро, ки маро аз гумроҳӣ ба ҳидоят кашонду ниёзамро бароварда сохт ва сустиямро ба нишот табдил карду маро аз зиллат ба иззат расонд ва маро аз бепаноҳӣ сарпаноҳ доду аз муҷаррад будан ба ҷуфт шудан кашонд ва барои корҳоям хидматкоре қарор доду маро аз танҳоӣ наҷот дод ва пастиямро баландӣ бахшид! Сипоси фаровону пок ва хуҷастае бар он чӣ ба ман ато фармудӣ, эй Парвардигори ман! Ва барои он чӣ қисматам кардӣ ва лутфе, ки ба ман намудӣ!

2.Имом Содиқ (а): Ҳаргоҳ назди ҳамсарат даромадӣ, зулфашро ба даст бигир ва рў ба қибла куну бигў: Бор Худоё! Амонати туро гирифтаму бо калимоти ту ўро бар худ ҳалол намудам. Пас, агар аз ў фарзанде бароям муқаддар фармудӣ, ўро бобаракату парҳезгор ва аз пайравони Оли Муҳаммад қарор деҳ ва барои шайтон дар ў саҳму баҳрае манеҳ!

3.Макорим-ул-ахлоқ ба нақл аз Имомон (а): Вақте зафоф[1] наздик мешавад, мустаҳаб аст, ки аз ҳамсарат бихоҳӣ, ки ду ракъат намози мустаҳаббӣ бигузорад. Ҳаргоҳ назди ту даромад, бовузўъ бош ва худат низ ду ракъат намоз бигузору шукри Худоро ба ҷо овар ва бар Паёмбару аҳли байташ салавот бифиристу бигў: Парвардигоро! Улфату муҳаббат ва ризояти ў аз манро рўзиям фармо ва маро низ аз ў розӣ бидор ва моро ба нектарин тарзу осонтарин улфату созиш, дар канори ҳам бидор, ба дурустӣ ки ту ҳалолро дўст дорию ҳаромро нохуш медорӣ.

4. Ал-фақеҳ ба нақл аз Абўсаиди Худрӣ: Паёмбари Худо (с) ба Алӣ ибни Абўтолиб (а) васият карду фармуд: Эй Алӣ! Ҳаргоҳ арўс ба хонаат омад, вақте нишаст, кафшҳояшро бикашу поҳояшро дар зарфе бишўй ва оби онро аз дари хонаат то атрофи хонаат бипош, зеро агар чунин кунӣ, Худованд аз хонаи ту ҳафтод ҳазор навъ фақрро мебараду ҳафтод ҳазор навъ баракатро ба он ворид мекунад ва ҳафтод раҳмат бар он фурў мефиристад, ки бар болои сари арўс болу пар мезанад, то баракати онҳо ба ҳар гўшае аз хонаат бирасад ва арўс, то замоне ки дар он хона аст, аз мубтало шудан ба девонагию хўра ва песӣ, дар амон мемонад. То як ҳафта арўсро аз хўрдани чаҳор чиз манъ кун: ҷурғот, сирка, кашниз ва себи туруш.

Алӣ (а) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Барои чӣ ўро аз ин чаҳор чиз манъ кунам?

Фармуд: Зеро раҳим аз ин чаҳор хўрокӣ нозо мешавад ва фарзанд намеоварад.

Алӣ (а) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Сирка чӣ хосияте дорад, ки бояд аз хўрдани он манъ шавад?

Фармуд: Агар пас аз хўрдани сирка ҳайз шавад, дигар ҳаргиз ба таври комил пок намегардад ва кашниз, ҳайзро дар шиками ў таҳрик мекунаду зоймонро бар ў сахт месозад ва себи туруш, ҳайзи ўро мебандаду мояи дард мешавад.

[1] Зафоф: чашни арўсӣ.

Share



Назари худро бинависед