Шинохт

53

thumb_HamMihan-20159773018396398631449143644.0254

Фарҳехтагӣ

Қуръон

Бигў: Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд баробаранд? Танҳо хирадмандонанд, ки панд мегиранд.[1]

Худо (рутбаи) касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки донишманданд, (бар ҳасаби) дараҷот баланд мегардонад ва Худо ба он чӣ мекунед огоҳ аст.[2]

Ва чизеро, ки ба он илм надорӣ, дунбол макун, зеро гўш ва чашм ва қалб ҳама мавриди пурсиш воқеъ хоҳанд шуд.[3]

Ҳадис

1.Имом Алӣ (а): Ҳеҷ фаъолияте нест, магар он ки ту дар он ниёзманди шинохтӣ.

2.Имом Алӣ (а): Эй ҷавонон! Обрўи хешро бо адаб ва дини хешро бо дониш нигаҳ доред.

3.Имом Алӣ (а): Нахустин чизҳое, ки ҷавонон бояд онҳоро биёмўзанд, корҳое аст, ки дар бузургӣ ба он ниёзманд мешаванд.

4.Имом Алӣ (а): Фарзандонатонро бар равишу одоби хеш маҷбур масозед, зеро онон барои замони дигаре ғайр аз замони шумо офарида шудаанд.

[1] Сураи Зумар, ояти 9.

[2] Сураи Муҷодала, ояти 11.

[3] Сураи Исроъ, ояти 36.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.