Арӯси кардан дар шаб

124

Паёмбари Худо (с): Арӯсҳоятонро дар шаб ба хонаи бахт бибаред ва дар рӯз зиёфат диҳед.

Имом Ризо (а): Издивоҷ кардан дар шаб, аз суннат аст, зеро Худованд шабро мояи оромиш қарор додааст ва занон дар ҳақиқат, ҳамон мояи оромиш ҳастанд.

Он чӣ дар шаби арӯсӣ шоистаи анҷом аст

Паёмбари Худо (с): Ҳангоме ки мард ҳамсарашро ба хона мебарад, аввал ду ракъат намоз бионаду бар зулфи ӯ даст бикашад. Сипас бигӯяд: Бор Худоё! Дар ҳамсарам бароям баракат қарор деҳу ӯро бароям муборак гардон ва то замоне, ки моро дар канори ҳам қарор додаӣ, бо хайру хуҷаста ва бобаракат бидор ва ҳаргоҳ ӯро аз ман ҷудо сохтӣ, ба хубии тамом ҷудо соз!

Сипас бигӯяд: Сипос Худоеро, ки маро аз гумроҳӣ ба ҳидоят кашонду ниёзамро бароварда сохт ва сустиямро ба нишот табдил карду маро аз зиллат ба иззат расонд ва маро аз бепаноҳӣ сарпаноҳ доду аз муҷаррад будан ба ҷуфт шудан кашонд ва барои корҳоям хидматкоре қарор доду маро аз танҳоӣ наҷот дод ва пастиямро баландӣ бахшид! Сипоси фаровону пок ва хуҷастае бар он чӣ ба ман ато фармудӣ, эй Парвардигори ман! Ва барои он чӣ қисматам кардӣ ва лутфе, ки ба ман намудӣ!

Имом Содиқ (а): Ҳаргоҳ назди ҳамсарат даромадӣ, зулфашро ба даст бигир ва рӯ ба қибла куну бигӯ: Бор Худоё! Амонати туро гирифтаму бо калимоти ту ӯро бар худ ҳалол намудам. Пас, агар аз ӯ фарзанде бароям муқаддар фармудӣ, ӯро бобаракату парҳезгор ва аз пайравони Оли Муҳаммад қарор деҳ ва барои шайтон дар ӯ саҳму баҳрае манеҳ!

Макорим-ул-ахлоқ: Вақте зафоф[1] наздик мешавад, мустаҳаб аст, ки аз ҳамсарат бихоҳӣ, ки ду ракъат намози мустаҳаббӣ бигузорад. Ҳаргоҳ назди ту даромад, бовузуъ бош ва худат низ ду ракъат намоз бигузору шукри Худоро ба ҷо овар ва бар Паёмбару аҳли байташ салавот бифиристу бигӯ: Парвардигоро! Улфату муҳаббат ва ризояти ӯ аз манро рӯзиям фармо ва маро низ аз ӯ розӣ бидор ва моро ба нектарин тарзу осонтарин улфату созиш, дар канори ҳам бидор, ба дурустӣ ки ту ҳалолро дӯст дорию ҳаромро нохуш медорӣ.

Паёмбари Худо (с) ба Алӣ ибни Абутолиб (а) васият карду фармуд: Эй Алӣ! Ҳаргоҳ арус ба хонаат омад, вақте нишаст, кафшҳояшро бикашу поҳояшро дар зарфе бишӯй ва оби онро аз дари хонаат то атрофи хонаат бипош, зеро агар чунин кунӣ, Худованд аз хонаи ту ҳафтод ҳазор навъ фақрро мебараду ҳафтод ҳазор навъ баракатро ба он ворид мекунад ва ҳафтод раҳмат бар он фурӯ мефиристад, ки бар болои сари арӯс болу пар мезанад, то баракати онҳо ба ҳар гӯшае аз хонаат бирасад ва арӯс, то замоне ки дар он хона аст, аз мубтало шудан ба девонагию хӯра ва песӣ, дар амон мемонад. То як ҳафта арӯсро аз хӯрдани чаҳор чиз манъ кун: ҷурғот, сирка, кашниз ва себи туруш.

Алӣ (а) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Барои чӣ ӯро аз ин чаҳор чиз манъ кунам?

Фармуд: Зеро раҳим аз ин чаҳор хӯрокӣ нозо мешавад ва фарзанд намеоварад.

Алӣ (а) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Сирка чӣ хосияте дорад, ки бояд аз хӯрдани он манъ шавад?

Фармуд: Агар пас аз хӯрдани сирка ҳайз шавад, дигар ҳаргиз ба таври комил пок намегардад ва кашниз, ҳайзро дар шиками ӯ таҳрик мекунаду зоймонро бар ӯ сахт месозад ва себи туруш, ҳайзи ӯро мебандаду мояи дард мешавад.

[1] Зафоф: чашни арӯсӣ.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.