Паёмадҳои покии вилодат

85

paszamine_com_1360_1920×1080

  1. 1. ба нақл аз Ҳусайн ибни Зайд аз Имом Содиқ (а) аз падаронаш (а): Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳар кас мо Аҳли Байтро дўст дорад, бояд Худовандро бар нахустин неъмат ситоиш кунад.

Гуфта шуд: Нахустин неъмат чист?

Фармуд: Покии вилодат. Моро дўст намедорад, магар касе ки вилодаташ пок бошад ва моро душман намедорад, магар касе ки вилодаташ олуда бошад.

  1. 2. Илал-уш-шароиъ ба нақл аз Абўайюби Ансорӣ: Дўстии Алиро ба фарзандони худ арза кунед. Ҳар кас ўро дўст дошт, аз шумост ва ҳар кас ўро дўст надошт аз модараш бипурсед, ки ўро аз куҷо овардааст, зеро ман шунидам, ки Паёмбари Худо (с) ба Алӣ ибни Абўтолиб (а) мефармуд: «Туро дўст намедорад, магар инсони боимон ва туро душман намедорад, магар мунофиқ ё фарзанди зино ё касе, ки модараш ўро дар нопокӣ бордор шудааст».
  2. 3. Имом Алӣ (а): Зебоии ҳадаф бар покии вилодат далолат дорад.
  3. 4. Имом Боқир (а): Касе ки вилодаташ пок бошад, вориди биҳишт мешавад.
  4. 5. Имом Содиқ (а): Худованди Мутаол биҳиштро поку покиза офарид. Аз ин рў, вориди он намешавад, магар касе ки вилодаташ пок бошад.
  5. 6. Имом Содиқ (а): Ҳар кас лаззати муҳаббати моро дар дили худ ёфт, модарашро бисёр дуо кунад, зеро ба падараш хиёнат накардааст.
  6. 7. Ал-маҳосин ба нақл аз Абўабдуллоҳи Мадоинӣ: Имом Содиқ (а) фармуд: Ҳаргоҳ лаззати муҳаббати мо бар қалби касе аз шумо нишаст, бояд Худоро ба хотири нахустин неъмат ситоиш кунад.

Гуфтам: Яъне бар фитрати солим?

Фармуд: На. Бар покии вилодат, зеро моро дўст намедорад, магар касе ки вилодаташ пок бошад ва моро душман намедорад, магар касе ки модараш ўро аз марди дигаре оварда ва ба ҳамсараш баста бошад ва дар натиҷа аз ниҳони онон огоҳ мешавад ва аз амволашон ирс мебарад, вале ҳаргиз моро дўст намедорад. Моро дўст намедорад, магар касе ки пок бошад, аз ҳар гурўҳе аз мардум, ки бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.