Friday 24th November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Зиёни омезиш бо ҳоиз

Қуръон

Аз ту дар бораи ҳайз мепурсанд. Бигў барои онон ранҷе аст. Пас ҳангоми ҳайз аз онон канора бигиреду бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд ва чун худро пок карданд, он гуна ки Худованд ба шумо фармудааст, ба онон дароед. Бетардид Худованд тавбакунандагонро дўст дорад ва покизагонро низ дўст дорад.[1]

Ҳадис

1.Паёмбари Худо (с): Ҳар кас бо ҳамсараш дар ҳоли ҳайз омезиш кунаду фарзандаш бо ҷузом ё песӣ мутаваллид шавад, касе ҷуз худро набояд сарзаниш кунад.

2.Паёмбари Худо (с): Ҳон, эй уммат! Худованди Таборак ва Таоло 24 хислатро барои шумо намеписандад ва шуморо аз он наҳй кардааст: …барои мард намеписандад, ки бо ҳамсараш дар ҳоли ҳайз даромезад, ки агар даромезаду фарзанд бо ҷузом ё песӣ зода шавад, касе ҷуз худро набояд сарзаниш кунад.

3.Паёмбари Худо (с): Касе ки бо ҳамсараш дар ҳоли ҳайз омезиш кунаду фарзанде аз он ду ба вуҷуд ояд, ки мубтало ба ҷузом бошад, касе ҷуз худро набояд сарзаниш кунад.

4.Кофӣ ба нақл аз Азофири Сайрафӣ: Имом Содиқ (а) фармуд: Ин гурўҳи зиштчеҳраро мебинӣ?

Гуфтам: Бале.

Фармуд: Инон касонеанд, ки падаронашон бо модаронашон дар ҳоли ҳайз даромехтаанд.[2]

[1] Бақара/222.

[2] Мурод сиёҳ будан ё ибтило ба барас ва ҷузом ва монанди он аст, ки дар аҳодиси пешин ба онҳо ишора шуд. Аз маҷмўи ривоёт ба даст меояд, ки яке аз авомили зиштчеҳрагӣ, омезишу инъиқоди нутфа дар ҳоли ҳайз аст ва албатта ин танҳо омил нест. Бинобар ин, наметавон ҳар мубтало ба чунин нуқсонеро фарзанди чунин омезише донист, аммо ин ки оё омезиш дар чунин вазъияте оё ҳамеша ба таври қатъӣ чунин паёмадҳоеро дорад ё на, ҷавоби сареҳе дар ривоёт вуҷуд надорад, вале метавон адами онро бардошт кард, таҳқиқоти таҷрибӣ метавонанд дар ин замин кўмак намоянд.

Share



Назари худро бинависед