Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Паёмадҳои нопокии вилодат

Қуръон

Ва дар амволу авлоди онон шарик шав.[1]

Ҳадис

1.Паёмбари Худо (с): Хушахлоқӣ ҷуз аз фарзанди ҳайз ва ё фарзанди зино ситонда намешавад.

2.Паёмбари Худо (с) ба Алӣ (а): Ҷуз ин се гурўҳ, касе шуморо душман намедорад: зинозода, мунофиқ ва касе ки модараш дар ҳоли ҳайз бордор шуда бошад.

3.Канз-ул-уммол ба нақл аз Абўҳурайра: Паёмбари Худо (с) фармуд: «Бар мардум замоне фаро мерасад, ки шайтонҳо дар фарзандони онон мушорикат мекунанд».

Гуфта шуд: Ин шуданӣ аст, эй Паёмбари Худо!

Фармуд: «Бале».

Гуфтанд: Чӣ гуна фарзандонамонро аз фарзандони онон ташхис диҳем?

Фармуд: «Ба камшармӣ ва камраҳмӣ».

4.Паёмбари Худо (с): Ҳар кас аз он чӣ мегўяд ё ба ў гуфта мешавад, шарм накунад, ё фарзанди нопокӣ аст ё модараш дар ҳоли нопокӣ ба ў бордор шудааст.

5.Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳамоно Худованд биҳиштро бар ҳар бадзабони носазогўи камҳаёе, ки на аз он чӣ мегўяд боке дорад ва на аз он чӣ дар борааш гуфта мешавад, ҳаром кардааст. Агар ҳоли ўро баррасӣ кунӣ, ўро ҷуз зинозода ё шарики шайтон намеёбӣ.

Пурсида шуд: Эй Паёмбари Худо! Оё дар миёни инсонҳо шарики шайтон вуҷуд дорад?

Паёмбари Худо (с) фармуд: Оё ин сухани Худованди азза ва ҷалла ба шайтонро нахондаӣ: «Ва дар амволу авлодашон шарик шав»?

6.Имом Алӣ (а): Ҳар кас паст бошад, вилодаташ ношоист аст.

7.Имом Боқир (а): Вақте мард зино мекунад, шайтон наринаашро ворид мекунад ва ҳарду бо ҳам амал мекунанд, нутфаи онҳо яке мешаваду фарзанд аз ҳарду офарида мегардад ва ҳамтои шайтон аст.

8.Имом Содиқ (а): Моро душман намедорад, магар касе ки вилодаташ нопок бошад ё модараш дар замони ҳайз бордор шуда бошад.

[1] Исроъ/64.

Share



Назари худро бинависед