Худшиносӣ

81

Қуръон

Ва ба ростӣ мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкиву дарё нишондем ва аз чизҳои покиза ба эшон рўзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз офаридаҳои худ бартарии ошкор додем.[1]

Ҳадис

1.Имом Алӣ (а): Бартарин ҳикмат худшиносии инсон аст.

2.Имом Алӣ (а): Ҳар ки худро бишносад, ба болотарин қуллаи донишу маърифат расидааст.

3.Имом Алӣ (а): Бадтарин нодонӣ, нодонии инсон ба хештан аст.

4.Имом Алӣ (а): Ҳар ки худро нашиносад, аз роҳи растагорӣ дур мешавад ва дар гумроҳию нодонӣ фурў меравад.

5.Имом Алӣ (а): Дар шигифтам аз он кас, ки дар паи гумшудааш мегардад, вале худро гум кардаасту онро намеҷўяд.

6.Имом Алӣ (а): Ҳар ки худро бишносад, бо нафси хеш ҷиҳод мекунад ва ҳар ки онро нашносад, нафси худро раҳо месозад.

7.Имом Алӣ (а): Ҳар ки шаъни худро бишносад, онро бо корҳои фонӣ хор намесозад.

8.Имом Алӣ (а): Ҳар ки худро бишносад, Парвардигорашро шинохтааст.

9.Имом Алӣ (а): Дар шигифтам аз он кас, ки худро намешиносад, чӣ гуна Парвардигорашро мешиносад?

10.Имом Алӣ (а): (Худованд) одамиро дорои нафси нотиқа (дарёбанда) офаридааст. Агар онро бо илму амал рушд диҳад, монанди гавҳарҳои (ё иллатҳои) нахустини худ хоҳад шуд ва агар мизоҷи вай мўътадил шавад ва аз аздод ҷудоӣ гузинад, ҳар оина бо он нафси нотиқа шарики он ҳафт осмони маҳкам хоҳад шуд.

11.Имом Содиқ (а)-дар посухи Абдуллоҳ ибни Синон, ки пурсид: Фариштагон бартаранд ё фарзандони Одам?-: Амири Мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб (а) фармуд: «Худои азза ва ҷалла фариштагонро аз ақли бидуни шаҳват офарид ва чорпоёнро аз шаҳвати бидуни ақл халқ кард ва дар инсон ҳар дуро ба ҳам омехт. Пас ҳар ки ақлаш бар шаҳваташ пирўз шавад, аз фариштагон беҳтар аст ва ҳар ки шаҳваташ бар ақлаш пирўз гардад, аз чорпоён бадтар аст.

[1] Сураи Исроъ, ояти 70.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.