Зиёни омезиш бо ҳоиз

182

Қуръони карим

Ва аз ту дар бораи ҳайз мепурсанд; бигӯ: «Он ранҷест» пас, дар ҳолати ҳайз аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд; ва чун пок шаванд, пас, аз ҷое, ки Худо ба шумо амр кардааст, бо онҳо наздикӣ кунед; ба ростӣ, Худо тавбакунандагонро дӯст медорад ва [низ] покизагонро дӯст медорад». Сураи Бақара, ояти 222

Ҳадис

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас бо ҳамсараш дар ҳоли ҳайз омезиш кунаду фарзандаш бо ҷузом ё песӣ мутаваллид шавад, касе ҷуз худро набояд сарзаниш кунад.

Паёмбари Худо (с): Ҳон, эй уммат! Худованди Таборак ва Таоло 24 хислатро барои шумо намеписандад ва шуморо аз он наҳй кардааст: …барои мард намеписандад, ки бо ҳамсараш дар ҳоли ҳайз даромезад, ки агар даромезаду фарзанд бо ҷузом ё песӣ зода шавад, касе ҷуз худро набояд сарзаниш кунад.

Паёмбари Худо (с): Касе ки бо ҳамсараш дар ҳоли ҳайз омезиш кунаду фарзанде аз он ду ба вуҷуд ояд, ки мубтало ба ҷузом бошад, касе ҷуз худро набояд сарзаниш кунад.

Аз Азофири Сайрафӣ нақ шуда: Имом Содиқ (а) фармуд: Ин гурўҳи зиштчеҳраро мебинӣ?

Гуфтам: Бале.

Фармуд: Инон касонеанд, ки падаронашон бо модаронашон дар ҳоли ҳайз даромехтаанд.[2]

[1] Бақара/222.

[2] Мурод сиёҳ будан ё ибтило ба барас ва ҷузом ва монанди он аст, ки дар аҳодиси пешин ба онҳо ишора шуд. Аз маҷмўи ривоёт ба даст меояд, ки яке аз авомили зиштчеҳрагӣ, омезишу инъиқоди нутфа дар ҳоли ҳайз аст ва албатта ин танҳо омил нест. Бинобар ин, наметавон ҳар мубтало ба чунин нуқсонеро фарзанди чунин омезише донист, аммо ин ки оё омезиш дар чунин вазъияте оё ҳамеша ба таври қатъӣ чунин паёмадҳоеро дорад ё на, ҷавоби сареҳе дар ривоёт вуҷуд надорад, вале метавон адами онро бардошт кард, таҳқиқоти таҷрибӣ метавонанд дар ин замин кўмак намоянд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.