Баракатҳои дуо ҳангоми омезиш

212

 

  1. Паёмбари Худо (с): Огоҳ бошед, агар касе ҳангоме ки ба ҳамсараш медарояд, бигӯяд: «Ба номи Худо, бор Илоҳо! Шайтонро аз ман дур соз ва шайтонро аз он чӣ рӯзии мо кардаӣ дур соз» ва сипас дар ин омезиш фарзанде миёни онон муқаддар ва ё қатъӣ шавад, шайтон ҳаргиз ба ӯ зиён намерасонад.
  2. Паёмбари Худо (с): Эй Алӣ! Ҳаргоҳ омезиш кардӣ, бигӯ: «Ба номи Худо, бор Худоё! Шайтонро аз мо дур соз ва шайтонро аз он чӣ рӯзии мо кардаӣ, дур соз». Бо ин кор агар тақдири Худо чунин шуд, ки фарзанде аз шумо ду нафар ба вуҷуд ояд, шайтон ҳаргиз ба ў зиён намерасонад.
  3. Имом Алӣ (к): Ҳаргоҳ яке аз шумо қасди омезиш бо ҳамсарашро дошт, бояд бигӯяд: «Бор Илоҳо! Шармгоҳи ӯро ба фармони ту бар худ ҳалол кардам ва ӯро ба унвони амонати ту пазируфтам. Пас агар фарзанде аз вай барои ман тақдир кардӣ, ўро писари солиме қарор деҳ ва барои шайтон на баҳрае дар ӯ қарор деҳ ва на широкате».
  4. Имом Боқир (а): Ҳаргоҳ фарзанд хостӣ, ҳангоми омезиш бигӯ: «Бор Илоҳо! Фарзанде рўзиям куну ўро ботақво қарор деҳ, на афзунӣ дар ҷисми ў бошад на костӣ ва ўро оқибат бахайр гардон».
  5. Имом Содиқ (а): Касе ки мехоҳад ҳамсараш бордор гардад, баъд аз намози ҷумъа ду ракъат намоз бо рукўу суҷуди тўлонӣ бихонаду сипас бигӯяд: «Бор Илоҳо! Ҳамон чизеро аз ту мехоҳам, ки Закариё аз ту хост. Бор Илоҳо! Маро танҳо магузор ва ту беҳтарин ворисӣ. Бор Илоҳо! Ба номи ту ўро бар худ ҳалол кардам ва ба унвони амонати ту ўро гирифтам. Пас агар дар раҳими ў фарзанде тақдир кардӣ, ӯро писари мубораку поке қарор деҳ ва барои шайтон на широкате дар ў қарор деҳ, на баҳрае».
  6. Тафсири Айёшӣ ба нақл аз Сулаймон ибни Холид: Ба Имом Содиқ (а) гуфтам: Маънои ин сухани Худованд «Ва бо онон дар амволу авлодашон шарик шав», чист?

Фармуд: Дар ин бора ин суханро бигӯ: «Аз шарри шайтони ронда шуда ба Худои шунавои доно паноҳ мебарам».

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.