Friday 24th November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Моликияти замин аз назари Ислом

Моликияти замин

  1. 1. Заминҳое, ки дар ҷанг гирифта шудаанд, ба ҳамаи мусалмонҳо тааллуқ доранд. Албатта шарт ин аст, ки он заминҳо зинда ва милки куффор бошанд. Дар ҳақиқат ин заминҳо байни мусалмонҳо тақсим намегардад, балки ҳама дар он саҳм доранд ва сокинони он заминҳо ба ҳукумати исломӣ хароҷ медиҳанд, ки дар ин бора сухан хоҳем гуфт.

Аммо агар ин заминҳо замини мавот бошанд, ба Имом, ҳокими Ислом тааллуқ мегирад ва дар ихтиёри ҳоқими одил хоҳад буд, аммо ин ки оё онҳое, ки ин заминҳо дар ихтиёрашон қарор мегирад моликият пайдо мекунанд ва ҳаққи тасарруф доранд ва ҳамчун заминҳои зинда ҳаққи хариду фурӯш доранд ва оё бояд хароҷ бидиҳанд? Ин матлабе аст, ки бояд баҳс шавад

  1. 2. Заминҳое, ки соҳибони онҳо бо сулҳ Ислом оварда ва беҷанг таслим шудаанд (мисли сарзамини Мадина дар Арабистон).

Ин заминҳо ба моликон ва соҳибони аслии он тааллуқ дорад, ҳамонтавре, ки дигар чизҳои онҳо аз худашон аст.

Инҷо ин матлаб  ҳам ҳаст, ки ин  моликият то замоне аст, ки эҳё ва зинда бошад, аммо вақте он замин аз эҳё ба мавот табдил шавад, замин ба Имом мунтақил мегардад. Пас ҳар замине, ки як бор ба ҳолати нокора ва мурда дарояд, аз милкияти соҳибаш хориҷ мегардад ва дигар милки ӯ нахоҳад буд. Магар ин ки гуфта шавад асле, ки мегӯяд ҳаркас замини мурдаро зинда кунад аз худаш мешавад маънояш милкияти мутлақ ва ҳамешагӣ аст.

  1. 3. Заминҳое, ки маъмура ҳастанд; соҳибони онҳо аз ватани худ берун рафта ва он заминҳо ба ҳукумати Исломӣ даромадаанд. Ё соҳибони онҳо бо хости худашон таслим шуда бошанд. Ин заминҳо Файъ[1] гуфта мешаванд ва анфоли муслимин мебошанд, ки ба Имоми муслимин тааллуқ дорад.
  2. 4. Заминҳои Анфол, ин заминҳо дар миёни баъзе аз мазоҳиби исломӣ ҳамчун ғаниматҳои ҷангӣ ҳисоб шудаанд ва баъзе онро фарқ гузоштаанд. Дар ҳақиқат назари дуюм мегӯяд: Бахше аз ғаниматҳои ҷангӣ Анфол хоҳанд буд ва баъзе дигар… .

Фарқи ин ду масъаларо дар ин метавон равшан кард, ки ғанимат ҳаққи касоне аст, ки дар он ҷанг ширкат карда бошад аммо Анфол дар милкияти Имом қарор мегирад ва барои гуруҳи хоссе нест[2].

[1] Файъ (فیئ) амвол ва заминҳое аст, ки соҳиби муайян надорад ва дар ихтиёри Имом ва ҳокими Ислом хоҳанд буд.

[2] Бинобар ончи гуфта шуд, Анфол яке аз масоили бисёр муҳим ва муфид дар ҳокимияти Ислом аст, ки аз роҳҳои гуфта шуда замин ва баъзе аз мамлукот ба сабабҳои гуфта шуда дар ихтиёри хокиму имоми ҷомеа қарор дорад, то дар масолеҳ ва ниёзмандиҳои ҷомеа аз он истифода намояд.

 

Share



Назари худро бинависед