Ниёзи афроди хонавода ба витамин

142

Барои бисёре аз хонаводаҳо ин савол матраҳ аст, ки ҳар як аз аъзои хонавода бо таваҷҷуҳ ба сини худ ба чӣ навъ мукаммили витамини ниёз доранд.
Бар асоси таҳқиқоти пизишкон, бачаҳо дар даврони навҷавонӣ ва қабл аз он ба таври физояндае ба мукаммил калсиюм ниёз доранд, то рушди устухони онҳо ба беҳтарин шакл такмил шавад.
Ба гуфтаи мутахассисон, навҷавонон ба 1300 мили грам калсиюм дар рӯз ниёз доранд ва ин дар ҳоле аст, ки ағлаб камтар аз ин мизон дарёфт мекунанд.
Албатта калсиюми мавҷуд дар шир, панир ва ҷурғот, бисёр беҳтар аз мукаммилҳои калсиюм аст, аммо дар сурате, ки навҷавонон ба мизони лозим лабаниёт масраф накунанд, беҳтар аст мукаммили калсиюм маврид истифода қарор гирад.
Гуфтнӣ аст, ки падар ва модари хонавода ҳам беш аз ҳар чиз ба витамин d ниёз доранд. Витамин d хатари ибтило ба саратонҳоро кам мекунад ва барои ҷазби беҳтари он бояд аз нури хуршед кӯмак гирифт.
Яке аз манобеъ ин витамин, моҳиҳои чарб ҳастанд, аммо бо тавсия пизишк масраф мукаммилҳои витамин d барои падар ва модари хонавода, муфид хоҳад буд.
Таҳқиқот нишон медиҳад, ки 40 дарсад аз падар бузург ва модарбузргҳо ба камбуди витамини b12 дучоранд. Лизо масрафи мукаммили ин витамин барои онҳо тавсия мишавад. Аз сӯи дигар, масрафи бархе доруҳо ҳам ҷазб витамин b12ро дар бадан мухтал мекунанд ва беҳтар аст падарбузург ва модарбузурги хонавода дар мавриди камбуди ин витамин, мавриди баррасии пизишк қарор гиранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.