Оилаи намуна

73

Издивоҷ осмонӣ

  1. 1. Паёмбари Худо (с): Ман ҳам башаре монанди шумо ҳастам. Аз шумо зан мегирам ва ба шумо зан медиҳам, магар Фотимаро, ки дастури издивоҷи ў аз осмон нозил шуд.
  2. 2. Паёмбари Худо (с): Ман Фотимаро ба шавҳар надодам, магар замоне ки Худованд маро ба издивоҷ додани ў амр фармуд.
  3. 3. Паёмбари Худо (с) ба Алӣ (а) фармуд: Фармони ба издивоҷ даровардани ту ва Фотима аз осмон ба ман расид.

Алӣ (а), ҳамсари ҳамсанги Фотима (а)

  1. 1. Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) ба ман фармуд: Эй Алӣ! Мардоне аз Қурайш дар бораи издивоҷи Фотима бо ту, маро сарзаниш карданду гуфтанд: Мо ўро аз ту хостгорӣ кардем, вале ўро ба мо надодӣ ва ба издивоҷи Алӣ даровардӣ!

Ман ба онон гуфтам: Ба Худо қасам, ки ин ман набудам, ки ўро ба шумо надодам ва ба издивоҷи Алӣ даровардам, балки Худои Мутаол буд, ки ўро ба шумо надод ва ба ақди Алӣ даровард! Ҷабраил (а) бар ман фуруд омаду гуфт: Эй Муҳаммад! Худованд ҷалла ҷалолуҳ, мефармояд: Агар Алиро наёфарида будам, дар тамоми рўи замин, аз Одам ва ғайри он, барои духтарат Фотима, ҳамтое набуд.

  1. 2. Имом Содиқ (а): Агар Худои Таборак ва Таоло Амир-ул-мўъмин (а)-ро барои Фотима намеофарид, дар рўи замин, аз Одам ва ғайри он, ҳамтое барои ў ёфт намешуд.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.