Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Робитаи зану мард бо якдигар дар байни атрофиён

Ин савол дар воқеъ бар мегардад ба равобити солим ва созанда байни ҳамсарон ва ин, ки онон дар равобит бо дигарон чӣ масоилеро бояд риоят кунанд. Чигунагии равобити ҳамсарон бо якдигар ва бо фарзандон ва атрофиён нақши бисёр муҳим ва асосӣ дар саодат ва хушбахтӣ ё шикаст ва нокомии онон дорад. Равобити солим ва созанда ба муваффақият ва истеҳкоми хонавода мунтаҳӣ мешавад ва равобити носолим, анвоъи мушкилот дар зиндагӣ аз ҷумла талоқ ва ихтилофоти хонаводагиро ба ҳамроҳ дорад. [1] Бинобар ин, бояд бидонем як зиндагии матлуб ва равобити солим ва созанда байни ҳамсарон аз чӣ вижагиҳои бархурдор аст.

Вижагиҳои равобити солим ва созанда байн ҳамсарон

1. Эҳтироми мутақобил: яке аз вижагиҳои аслии ҳамсарони муваффақ ин аст, ки барои ҳамдигар ва барои фарзандон ва дигар атрофиён эҳтироми болои қоил ҳастанд. Эҳтироми мутақобил ба маънои  интиқод накардан аз як дигар ва сукут дар баробари гуфтаи вай нест. Маънои эҳтиром ин нест, ки зану шавҳар авотиф ва эҳсосоти манфии худро аз якдигар пинҳон ва онҳоро ба сурат уқдаҳои равонӣ рӯй ҳам ҷамъ кунанд, балки ба маънои он аст, ки ҳар кадом барои шарики зиндагии худ арзиш қоил шавад. Дар мавориде, ки аз якдигар интиқод ҳам мекунанд, бояд бо лаҳни муаддабона ва ба дӯр аз эъроз ва уқдаҳои манфӣ бошад. Даргириҳо ва ихтилофот ҳангоми дар хонавода падид меояд, ки ҳамсарон барои якдигар ва барои фарзандон эҳтиром қоил набошанд. [2]
2. Дарки мутақобил якдигар: бо таваҷҷуҳ ба ин, ки зану шавҳар дар ду хонавода ва чӣ басо дар ду фарҳанги ҷудогона парвариш ёфтаанд, тарзи тафаккурҳо, салиқаҳо ва бардоштҳои мутафовите аз зиндагӣ доранд ва мумкин аст дар бораи ҳар масъала ихтилофи назар вуҷуд дошта бошад. Дар бораи масоили муҳим ва бунёдӣ ҳамсарон бояд аз салиқаҳои шахсии худ даст бардошта ва бо тавофуқ ва машварати якдигар равишеро, ки ба нафъи зиндагии муштараки онҳо аст, интихоб кунанд. Аммо дар масоили ҷузъӣ масалан ин, ки аз чӣ ранге хушаш меояд ё чӣ ғизоиро бояд дӯст дошта бошанд, ҳар кадом метавонанд салиқа ва интихоби худро дошта бошанд.

3. Риояти аҳком ва арзишҳои илоҳи дар зиндагӣ: бисёре аз ихтилофот ва даргириҳои ба ин далел аст, ки тарафайн ба усул ва арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ дар равобити худ бо дигарон поибанд нестанд. Зану шавҳар барои идомаи зиндагии солим бояд арзишҳои динӣ ва ахлоқиро монанди тақво, иффат, садоқат, эсор ва…ро риоят кунанд. Риояти арзишҳои илоҳӣ ва ҳифзи ифоф ва дӯри аз мавозеи туҳмат, саодати хонаводаро тазмин мекунад. [3]
4. Бархурди мантиқӣ: аз вижагиҳои равобити солим ва созандаи ҳамсарон ин аст, ки дар айни интиқод ва эътирозҳое, ки ба амалкарди якдигар доранд, бо ҳамсаршон ва бо дигар аъзои хонавода бархурди инсонӣ ва мантиқи дошта бошад. Агар инсон бихоҳад ҳамеша ҳарф ва иддаои худро ба курсӣ бинишонад ва обрӯи ҳамсари худ ё дигаронро бибарад, дар зиндагии худ рӯи хушбахтиро нахоҳад дид. Таодул дар зиндагии муштарак замоне барқарор мешавад, ки равобити мутақобил бар пояи ақлу мантиқ устувор бошад. Ҳамсарон бояд вазъияти як дигарро дарк кунанд. Мутассифона бархе аз ҳамсарон бо вуҷуди он ки медонанд вазъияти иқтисодиашон матлуб нест, таваққӯъоти аз шавҳарашон доранд, ки барои вай мақдур нест. Аз ин гуна таваққӯъот бояд даст бардошт. Ҳамсарон набояд зиндагии худро бо дигарон муқоиса кунанд ва бигӯянд чун фулон ҳамсоя ё хешу табор зиндагишон ингуна аст, мо ҳам бояд мисли ӯ бошем. Равиши мантиқӣ ин аст, ки таваққӯъоти худро бо мизони даромади хеш ҳамоҳанг кунем.

 5. Чашм пӯшӣ аз хатоҳо: бештарин сипориши ислом дар мавриди масоили хонаводагӣ ва иртибот бо фарзандон ва дигарон ин аст, ки бояд аз иштибоҳот ва хатоҳои як дигар чашм пӯши кунем. [4] вуҷуди афв ва гузашт, ба яқин конуни хонаводаро гарм нигоҳ медорад ва ишқ ва муҳаббатро афзоиш медиҳад.

Албатта як сари масоил байни ҳамсарон вуҷуд дорад, ки махсуси худи онҳо аст ва набояд фарзандон аз он огоҳи пайдо кунанд, масалан равобити самимие, ки бо якдигар доранд ва бо бархе розҳое, ки марбут ба худи онҳо аст, бояд ҳамеша аз фарзандон ва дигарон махфи нигаҳ доранд. Аз ҷумла масоиле, ки волидайн бояд риоят кунанд, равобити ҷинсии онҳо ва тарбияти ҷинсии фарзандон аст. Дар оёт ва ривоёт тавсияҳои зиёде дар ин замина шуда ва равон шиносон низ таъкид намудаанд, ки волидайн бояд дар мавриди масоили тарбиятӣ ва ахлоқии фарзандон камоли диққатро дошта бошанд.

Манбаъ:

[1]. Флип боркир, хонаводаи дармонии поя, тарҷумаи деҳқонӣ, интишорот рушд, 1375, с 44 – 42, (иқтибос).

[2]. Ҳамон, фасл 5.

[3]. Алӣ қоимӣ, хонавода ва масоили ҳамсарони ҷавон, Теҳрон, нашри умедӣ, 1362, с 258.

[4]. Аҳмад ҳусайно, беҳдошти равони издивоҷ ва ҳамсардорӣ, Теҳрон, нашри муфид, 1380, с 208 201.

 

Share



Назари худро бинависед