Жарфандешӣ дар дин

206

 

1.Паёмбар (с): Ҳар чизеро сутуне аст ва сутуни дин фаҳм (огоҳии жарф) аст.

2.Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а): Агар ҷавоне аз ҷавонони пайрави худро биёбам, ки дар паи касби огоҳии динӣ нест, ўро адаб мекунам.

3.Имом Боқир (а)-ҳамвора мефармуд-: Огоҳии динӣ касб кунед, вагарна бодиянишиноне хоҳед буд.

4.Имом Боқир (а): Агар ҷавоне аз ҷавонони пайравро биёбам, ки дар паи касби огоҳии динӣ нест, ўро танбеҳ мекунам.

5.Имом Содиқ (а): Агар ҷавонеро аз пайравонамон биёбам, ки дар паи касби огоҳии динӣ нест, ӯро хуб адаб мекунам.

6.Имом Соҷҷод (а): Ҷавононро бо ҳадис (маорифи динӣ) дарёбед, пеш аз он ки мурҷиа[1] (ё дигар гурўҳҳои инҳирофӣ) бар шумо пешӣ гиранд ва ба сўи онон бираванд.

7.Имом Содиқ (а): Дўст надорам ҷавонони шуморо бибинам, магар дар ду ҳолат: донишманд ё донишҷў. Агар (ҷавоне) чунин накунад, кўтоҳӣ кардааст ва агар кўтоҳӣ кунад, табоҳ сохтааст ва агар табоҳ созад, гуноҳ кардааст ва агар гуноҳ кунад, савганд ба он ки Муҳаммад (с)-ро ба ҳақ ба Паёмбарӣ барангехт, дўзахнишин хоҳад шуд.

[1] Манзур аз мурҷиа тоифае ҳастанд, ки имонро қавли билоамал медонанд ва қавл (адои шаҳодатайн)-ро бар амал (амал ба воҷибот ва тарки муҳаррамот), муқаддам мешуморанд ва мўътақиданд, ки шахси беамалро имонаш наҷот мебахшад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.