Гаронтарин қаҳва дар дунё

219

Аксаран мо ҳар субҳ бо нӯшидани як пиёла қаҳва рӯзи худро оғоз мекунем. Аниқтараш нафарони эҷодкор наметавонанд, ки бе нӯшидани қаҳва сари мизи кор ва ё компутар бошанд. Яъне, ҳамагӣ мутоди қаҳва мебошанд. Ва ҳар кас ба иборае вобаста ба пули киссааш аз намудҳои гуногуни он харидорӣ мекунад. Намудҳои қаҳва бо бӯй ва таъми хосашон аз ҳамдигар тафовут доранд.

Медонед, ки дар ҷаҳон арзиши кадом намуди қаҳва гарон аст? Албатта, агар шумо қаҳванӯши ашаддӣ бошед, дар бораи қаҳваи «КофеЛювак» шунидаед. Вале шояд маълумоти амиқе дар бораи чӣ гуна истеҳсол шудани ин намуди қаҳва надоред? Пас, ин чӣ намуди қаҳва аст, ки мутодонаш маблағи калонро барои харидории он масраф мекунанд? Ин намуди қаҳва чӣ фарқияте аз намудҳои дигари қаҳваҳо дорад? Масалан, сокинони кишвари Ҷопон омода ҳастанд, ки бо пули зиёд, тақрибан бо 800-1000 доллар «КофеЛювак» харидорӣ намоянд.

Аввалан, ин намуди қаҳва хеле камёфт мебошад. «КофеЛювак» асосан дар ҷазираҳои Ява, Суматра ва Сулавеси месабзад. Вале дар кадом минтақа ё кишвар тавлид шудани ин қаҳва қимати онро боло набурдааст. Нархи онро «технологияи истеҳсол»-аш гарон намудааст. Яъне, кадом намуди технология, шояд суол мекунед шумо?

Дар минтақаҳои номбурда, ҷонвараконе, ки макони зисташон болои дарахтони баланд аст, бо номи ЛЮВАК зиндагӣ мекунанд, ки хӯроки асосиашон донаҳои пухтарасидаи қаҳва мебошад. Донаҳои қаҳва ба воситаи роҳҳои ҳазмкунӣ дар якҷояшавӣ бо ферментҳои ҳазмкунандаи ин ҷонваракҳо ҳал нашуда, мегузаранд ва маҳз аз онҳо қаҳваи гаронарзиши дунё истеҳсол мешавад.

Маълум нест, ки аввалин маротиба кӣ тарзи омода кардани қаҳваро аз ахлоти ҷонварак – ЛЮВАК фикр карда баромадааст, вале онҳое, ки дӯстдорони қаҳваи «КофеЛювак» – анд, аз маззаи ғайриоддии ин нӯшокӣ тавсиф мекунанд. Ҳангоми омодакунии ин намуди қаҳва бӯи хуши шоколадӣ ба машом мерасад.

Сабаби дигари гаронии нархи қаҳваи «КофеЛЮВАК» дар он аст, ки ин намуди нӯшокии хуштаъму муаттар хеле камёфт мебошад. Чунки ҳар сол дар ҷаҳон ҳамагӣ дар мавсими ҷамъ кардани «ҳосил»-и қаҳваи гаронарзиш, ки аз моҳи май то сентябр идома меёбад, ҳамагӣ 250 кг «маҳсулот» – ахлоти Лювак гирдоварӣ мешавад.

Чанд тавсияи олимон дар бораи манфиати қаҳва

Хуллас, ҳар кадом намуди қаҳвае, ки мо истеъмол мекунем, аслан ба хотири беҳ сохтани кайфияти рӯҳиямон менӯшем. Вале шояд аксарият ҷиҳатҳои фоидабахши онро сарфи назар намоянд. Коршиносони соҳаи тиб ва равоншиносон ҳангоми тадқиқотҳои илмиашон аз таъсири мусбати қаҳва зиёд таъкид кардаанд.

Қаҳва табъро хуш мекунад. Серотонин ва дифоминро дар буняи инсон кофеин ҷудо мекунад, ки бо мавҷуд будани онҳо эҳсосоти хушро одам дарк менамояд. Олимони Коллеҷи тандурустии Гарвард даҳсолаҳо пеш собит сохта буд, ки бонувоне дар як рӯз ду пиёла қаҳва истеъмол мекунанд, дар байнашон 65 фоиз хавфи худкӯшӣ камтар дида мешавад.

Қаҳва дарди устухон, мушакҳо ва буғумҳоро кам мекунад. Олимони Донишгоҳи Муттаҳидаи Ҷорҷияи США нафарони тоза машғули варзиш гардидаро тавсия медиҳанд, ки барои эҳсос накардани дарди мушаку буғумҳо пеш аз оғози тамрин як пиёла қаҳва нӯшанд.

Қаҳва дандонҳоро аз пӯсиши бармаҳал эмин медорад. Коршиносони итолиёӣ исбот кардаанд, ки тригонеллини дар таркиби қаҳвабуда сири дандонро мустаҳкам менамояд. Агар қаҳваро бе истифодаи қанд ё шакар истеъмол намоед, таъсири мусбати он бештар аст.

Оксидантҳои дар таркиби қаҳвабуда пирии бармаҳалро дар буняи инсон коҳиш медиҳад. Олимони амрикоӣ ба бонувон тавсия медиҳанд, ки барои дертар пайдо шудани ожангҳо дар рӯй ҳар рӯз ду пиёла қаҳва нӯшанд. Бояд гуфт, ки нӯшидани қаҳва ба кӯдакон ва занони ҳомила тавсия дода намешавад.

Қутбия

Манбаъ: Бонувон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.