Огоҳӣ аз пайванди илм ва имон

95

Қуръон

Худо ва фариштагон ва донишварон гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷуз ў ҳеҷ маъбуде нест ва ҳамвора ба адл қиём дорад. Ҷуз ў, ки ҳаким ва тавоно аст, ҳеҷ маъбуде нест.[1]

Ва касоне, ки аз дониш баҳра ёфтаанд медонанд, ки он чӣ аз ҷониби Парвардигорат ба сўи ту нозил шудааст, ҳақ аст ва ба роҳи он азизи сутуда роҳбарӣ мекунад.[2]

Ва то онон ки дониш ёфтаанд бидонанд, ки ин (Қуръон) ҳақ аст (ва) аз ҷониби Парвардигори туст. Ва ба он имон оваранд ва дилҳояшон барои ў хозеъ гардад. Ва ба ростӣ Худованд касонеро, ки имон овардаанд, ба сўи роҳи росте роҳбар аст.[3]

Ҳадис

1.Имом Алӣ (а): Асоси имон дониш аст.

2.Имом Алӣ (а): Имон ва дониш ҳамроҳ ва рафиқанд ва аз ҳам ҷудо намешаванд.

3.Имом Алӣ (а): Дастоварди дониш, худошиносӣ аст.

4.Имом Козим (а): Эй Ҳишом! Худованд паёмбарон ва расулонашро ба сўи бандагони худ нафиристод, магар ба он ҷиҳат, ки басирати илоҳӣ пайдо кунанд. Аз ин рў беҳтарин касоне, ки даъвати ононро иҷобат мекунанд, касоне ҳастанд, ки шинохти беҳтаре доранд.

[1] Сураи Оли Имрон, ояти 18.

[2] Сураи Сабаъ, ояти 6.

[3] Сураи Ҳаҷ, ояти 54.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.