Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Оилаи намуна 1

v Хостгории Бонуи бонувон

  1. 1. Амолии Тўсӣ ба нақл аз Заҳҳок ибни Музоҳим: Аз Алӣ ибни Абўтолиб (а) шунидам, ки мефармуд: Абўбакр ва Умар (р) назди ман омаданду гуфтанд: Кош назди Паёмбари Худо (с) биравию Фотимаро аз ў хостгорӣ кунӣ! Ман назди Паёмбар (с) рафтам. Вақте чашми Паёмбари Худо (с) ба ман афтод, хандиду фармуд: Эй Абулҳасан! Чаро омадаӣ ва чӣ кор дорӣ?

Ман аз хешовандиям ва пешқадамиям дар Ислом ва ёрӣ доданҳоям ба ў ва ҷиҳодҳоям барояш гуфтам.

Паёмбар (с) фармуд: Рост мегўӣ, эй Алӣ! Ту аз он чӣ мегўӣ, бартарӣ.

Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Фотимаро ба ҳамсарии ман медароварӣ?

Фармуд: Эй Алӣ! Пеш аз ту мардоне ўро аз ман хостгорӣ кардад ва ман мавзўъро бо Фотима дар миён ниҳодам, вале дар чеҳраи ў норизоятӣ дидам. Акнун сабр кун, то ин ки назди ту баргардам.

Пас, назди Фотима рафт. Фотима бархост ва ридои Паёмбар (с)-ро гирифту кафшҳояшро кашид ва барои эшон оби вузўъ оварду бо дастони худ, Паёмбар (с)-ро вузўъ дод ва поҳояшро шусту сипас нишаст.

Паёмбар (с) ба ў фармуд: Фотима!

Фотима гуфт: Бале. Амратон чист? Эй Паёмбари Худо!

Паёмбар (с) фармуд: Алӣ ибни Абўтолиб, касе аст, ки аз хешовандии ў ва кароматаш ва исломаш огоҳӣ дорӣ. Ман ҳам аз Парвардигорам хостаам, ки туро ба издивоҷи беҳтарину маҳбубтарин халқаш дароварад. Ҳоло ў аз ту хостгорӣ кардааст. Назарат чист?

Фотима (а) сукут карду рўяшро барнагардонд ва Паёмбари Худо (с) дар чеҳраи ў норизоятӣ надид. Пас, Паёмбар (с) бархосту фармуд: Аллоҳу Акбар! Сукути ў, нишонаи мувофиқати ўст.

Пас, Ҷабраил (а) назди Паёмбари Худо (с) омаду гуфт: Эй Муҳаммад! Ўро ба ҳамсарии Алӣ ибни Абўтолиб даровар, зеро Худованд Фотимаро барои Алӣ ва Алиро барои Фотима писандидааст.

Пас, Паёмбари Худо (с) Фотимаро ба ҳамсарии ман даровард. Сипас наздам омаду дастамро гирифту фармуд: Бархез ба номи Худо ва бигў: Ба баракати Худо ва ҳар чӣ Худо хоҳад. Ҳеҷ қуввае нест, магар ба воситаи Худо. Бар Худо таваккул кардам.

Ва баъд аз он ки маро дар канори Фотима (а) нишонд, паҳлўи ман омаду гуфт: Бор Худоё! Ин ду, маҳбубтарини халқ назди мананд. Пас ту низ ононро дўст бидору ба фарзандонашон баракат деҳ ва барои ин ду аз ҷониби худат нигаҳбоне бигумор. Ман ин ду ва фарзандонашонро аз газанди шайтони рондашуда, дар паноҳи ту меоварам.

v Маҳрияи Бонуи бонувон

Садоқи ҳазрати Фотима (а) 480 дирҳам будааст, ки муодили 12 авқия мебошад. Ин миқдор пули зиреҳи Имом Алӣ (а) будааст.

Дар баъзе аз манобеъ, садоқи ҳазрат ва ҳамсарони Паёмбар (с) 500 дирҳам зикр шудааст, ки муодили 12.5 авқия мебошад. Ҳамчунин дар баъзеи дигар 400 мисқол нуқра ё 30 дирҳам низ зикр шудааст.

  1. 1. Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) ҳеҷ зане аз занони худро ҷуз бо маҳрияи 12.5 авқияи нуқра, тазвиҷ накард ва Фотима (а)-ро ҳам бо ҳамин миқдор ба издивоҷи ман даровард. Ҳар авқия, баробар бо чиҳил дирҳам аст.
  2. 2. Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) духтараш Фотима (а)-ро ба маҳрияи 12.5 авқияи нуқра, ба издивоҷи ман даровард.
  3. 3. Имом Алӣ (а): Замоне ки бо Фотима (а) издивоҷ намудам, гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Аспамро бифурўшам ё зиреҳамро?

Фармуд: Зиреҳатро бифурўш.

Ман ҳам онро ба 12 авқия фурўхтам. Ин, маҳри Фотима буд.

  1. 4. Маноқиби Ибни Шаҳрошўб: Дар хабаре аз Ҳусайн ибни Алӣ (а) омадааст, ки: Паёмбар (с) Фотима (а)-ро бо маҳрияи чорсаду ҳаштод дирҳам, ба издивоҷи Алӣ (а) даровард.

Ба ривояте ҳам, маҳрияи он бону, чорсад мисқол нуқра будааст.

  1. 5. Имом Зайнулобидин (а): Паёмбар (с), замоне ки Фотима (а)-ро ба ҳамсарии Алӣ (а) даровард, хутба хонду фармуд: … Ман ўро бо маҳрияи чорсад мисқол нуқра тазвиҷ кардам, агар Алӣ ба ин миқдор, розӣ бошад.
  2. 6. Имом Боқир (а): Садоқи Фотима (а), як чодури фарсудаи ямонӣ[1] ва як зиреҳи ҳутмӣ[2] буд ва бистараш, пўсти қўче буд, ки онро меандохтанд ва паҳн мекарданду бар он мехобиданд.
  3. 7. Имом Содиқ (а): Алӣ (а) Фотима (а)-ро бо маҳрияи як чодури кўҳнаи ямонӣ, як зиреҳ ва лиҳофе аз пўсти қўч, ба ҳамсарии худ даровард.
  4. 8. Ал-иршод ба нақл аз Райён ибни Шабиб: Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мўсо (Имом Ҷавод), Уммулфазл, духтари Абдуллоҳи Маъмунро хостгорӣ кард ва маҳрияи ўро ба андозаи маҳрияи модарбузургаш Фотима, духтари Паёмбари Худо (с) қарор дод. Панҷсад дирҳами сара.
  5. 9. Имом Боқир (а): Алӣ ибни Абўтолиб (а) як адад зиреҳи оҳанин ва як чодури фарсудаи ямонӣ, садоқи Фотима (а) кард, садоқи ҳамсарони Паёмбар (с) низ панҷсад дирҳам буд.

v  Хутбаи ақди издивоҷ

  1. Имом Зайнулобидин (а): Паёмбар (с) ҳангоме ки Фотима (а)-ро ба ақди издивоҷи Алӣ (а) даровард, хутбаи онро чунин хонд:

Сипосу ситоиш, Худовандеро сазост, ки ба воситаи неъматҳояш сипос гузорида мешавад, ба воситаи қудраташ парастида мешавад, ба хотири салтанаташ аз ў фармон мебаранд, аз азобаш метарсанд, подошҳояшро аз ў талаб мекунанд, фармони ў дар осмону замин ҷорӣ аст!

Худои азза ва ҷалла ба ман дастур дод, ки Фотимаро ба ҳамсарии Алӣ дароварам. Ман низ ўро бо маҳрияи чаҳор сад мисқол нуқра, ба ҳамсарии ў даровардам, агар Алӣ ба он миқдор, розӣ бошад.

Сипас табақе хурмои норас хосту фармуд: Талош кунед! Дар ҳамон ҳол ки ба тарафи табақ ҳамла мебурдем, Алӣ (а) даромад. Паёмбар (с) ба рўи ў лабханд зад. Сипас фармуд: Эй Алӣ! Оё медонӣ, ки Худои азза ва ҷалла ба ман дастур дод, ки Фотимаро ба ҳамсарии ту дароварам? Инак ман ўро бо маҳрияи чаҳор сад мисқол нуқра, ба ҳамсарии ту даровардам, агар ту розӣ бошӣ. Алӣ (а) гуфт: Розиям ба ризои Худои азза ва ҷалла ва паёмбари ў.

Паёмбар (с) фармуд: Худо ҳамеша шуморо бо ҳам бидораду шуморо хушбахт гардонад ва ба ҳар дуи шумо баракат диҳаду насли бисёру покеро аз шумо ба дунё биёварад.

  1. 2. Имом Зайнулобидин (а) ба нақл аз Ҷобир (р): Ҳангоме ки Паёмбар (с) хост, ки Фотима (а)-ро ба издивоҷи Алӣ (а) дароварад, ба Алӣ (а) фармуд: Эй Алӣ! Ту, ба сўи масҷид равона шав ва ман дар паи ту меоям ва дар ҳузури мардум ба ту ҳамсар медиҳам ва аз фазоили ту он гуна мегўям, ки дилшод шавӣ.

Алӣ (а) гуфт: Ман, оканда аз шодию хушҳолӣ, аз назди Паёмбар (с) хориҷ шудам. Дар роҳ ба Абўбакр ва Умар (р) бархўрдам. Гуфтанд: Чӣ хабар, эй Абулҳасан? Гуфтам: Қарор аст Паёмбар (с) Фотима (а)-ро ба издивоҷи ман дароварад. Ба ман хабар дод, ки ба фармони Худо ўро ба издивоҷи ман даровардааст. Ба зудӣ Паёмбар (с) дар паи ман меояд, то ин хабарро дар ҳузури мардум бигўяд. Он ду низ шоду хушҳол шуданду бо ман ба масҷид омаданд.

Алӣ (а) фармуд: Ба Худо қасам, ҳанўз ба васати масҷид нарасида будем, ки Паёмбар (с) ба мо пайваст ва чеҳрааш аз шодию хушҳолӣ медурахшид. Фармуд: Билол куҷост? Билол гуфт: Бале, дар хидматам эй Паёмбари Худо! Сипас Паёмбар (с) фармуд: Миқдод куҷост? Миқдод гуфт: Бале, эй Паёмбари Худо! Фармуд: Салмон куҷост? Салмон гуфт: Бале, эй Паёмбари Худо! Фармуд: Абўзар куҷост? Абўзар гуфт: Бале, эй Паёмбари Худо! Вақте онҳо дар баробари Паёмбари Худо (с) истоданд, фармуд: Ҳамагӣ бираведу дар атрофи Мадина биистед ва муҳоҷирону ансор ва мусулмононро ҷамъ кунед.

Онон ба фармони Паёмбари Худо (с) рафтанд. Паёмбари Худо (с) пеш рафту дар болотарин зинаи минбар нишаст. Ҳангоме ки мардум дар масҷид ҷамъ шуданд, Паёмбари Худо (с) бархост ва ҳамду санои илоҳӣ ба ҷо оварду фармуд: Сипосу ситоиш аз они Худоест, ки осмонро сохту барафрошт ва заминро панҳ карду густаронид ва онро бо кўҳҳои мехосо устувор намуд ва аз он обу чарогоҳҳояшро берун овард. Ҳамон Худое, ки аз сифоте, ки васфкунандагон бар васфи ў мегўянд, бартар асту аз он чӣ гўяндагон дар таҷлили ў ба забон меоваранд, фаротар аст. Ҳамон Худое, ки биҳиштро подоши парҳезгорон қарор доду оташро кайфари золимон. Ва маро барои мўъминон раҳмату барои кофирон мояи кайфару ниқмат қарор дод.

Эй бандагони Худо! Шумо дар сарои орзу қарор доред, миёни зиндагию марг ва тандурустию бемориҳо; дар сарое, ки ҳама чизи он завол ёфтанисту ҷойгоҳи дигаргунии ҳолот ва мояи кўчидан қарор дода шудааст. Пас раҳмати Худо бар касе ки орзуяшро кўтоҳ созаду дар кору амалаш бикўшад ва зиёдии молашро инфоқ кунаду зиёдии қути хешро нигаҳ дорад ва онро барои рўзи ниёзмандияш пеш фиристад; рўзе, ки дар он мурдагон маҳшур мешаванду садоҳо ба хомўшӣ мегарояд ва фарзандону модарон якдигарро намешиносанд. «Ва мардумро маст мебинӣ, дар ҳоле ки маст нестанд»,[3] «Он рўз, Худо ҷазои шоистаи ононро ба таври комил медиҳад ва хоҳанд донист, ки Худованд ҳамон ҳақиқати ошкор аст»,[4] «Рўзе, ки ҳар кас он кори некеро, ки кардааст ва он кори бадеро, ки муртакиб шудааст, ҳозиршуда меёбаду орзу мекунад, ки: Эй кош миёни ў ва он корҳои бад фосилаи дуре буд»,[5] «Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ кунад, онро мебинад ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ кунад низ онро мебинад».[6] Барои рўзе, ки дар он пайвандҳои насабӣ аз миён мераваду риштаҳои хешовандӣ бурида мешаванд ва гунаҳкорон бо сахтӣ ҳисобрасӣ мешаванду ба сўи азоб ронда мешаванд. «Пас касе ки аз оташи дўзах дур шуда ба биҳишт ворид шавад, ба ҳақиқат растагор шудааст ва зиндагии дунё чизе ҷуз сармояи фиреб нест».[7]

Эй мардум! Паёмбарон, ҳуҷаттаҳои Худо дар замини ў ва гўяндагон аз китоби ў ва амалкунандагон ба ваҳйи ў ҳастанд. Худои азза ва ҷалла ба ман дастур дод, ки духтарам Фотимаро ба издивоҷи бародар ва амакбаччаам ва наздиктарини мардум ба ман, яъне Алӣ ибни Абўтолиб дароварам. Худованди баландмартаба ўро дар осмон ба ҳамсарии Фотима дароварду фариштагонро бар он гувоҳ гирифт ва ба ман дастур дод, ки дар замин низ ўро ба издивоҷи Фотима даровараму шуморо бар он гувоҳ гирам.

Паёмбари Худо (с) сипас нишасту фармуд: Бархез эй Алӣ! Барои худат хутбаи ақдро бихон!

Алӣ (а) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Бо вуҷуди шумо, ман хутбаро бихонам?!

Фармуд: Бихон, зеро Ҷабраил ба ман дастур дод, ки ба ту фармон диҳам, ки хутбаатро худат бихонӣ. Агар Довуд (а) хатиби биҳишт набуд, бегумон ту хатиби биҳишт будӣ, эй Алӣ!

Онгоҳ Паёмбар (с) фармуд: Эй мардум! Сухани паёмбаратонро бишнавед. Худованд чаҳор ҳазор паёмбар барангехт, ки ҳар паёмбаре ҷонишине дошт ва ман беҳтарини паёмбарон ҳастам ва ҷонишинам, беҳтарин ҷонишинон.

Сипас Паёмбари Худо (с) сукут кард ва Алӣ (а) суханро оғоз карду гуфт: Сипосу ситоиш аз они Худоест, ки калидҳои дониши худро ба гўяндагон илҳом фармуду дилҳои парҳезгоронро бо шўълаҳои азаматаш равшан намуд ва роҳҳои раҳпўёнро бо нишонаҳои аҳкомаш ҳувайдо сохту олимиёнро ба вуҷуди амакбаччаи баргузидаам дилшод кард, то он ки даъвати ў бар даъвати мулҳидон бартар омаду оини ў бар ботилҳои ботилгароён ғолиб шуд ва ўро охирини паёмбарону сарвари расулон қарор дод. Пас ў паёми Парвардигорашро ба мардум расонду фармони ўро иҷро кард ва нишонаҳои Худоро аз ҷониби ў иблоғ намуд.

Сипосу ситоиш аз они Худованде аст, ки бо қудрати хеш бандагонро офариду ба воситаи динаш ононро иззат дод ва ба вуҷуди паёмбараш Муҳаммад (с) ононро муфтахар намуд ва меҳр варзиду гиромӣ дошт ва арҷмандию бузургӣ бахшид. Сипосу ситоиш махсуси Худованд аст, ба хотири неъматҳо ва эҳсонҳояш. Шаҳодат медиҳам, ки маъбуде ҷуз Аллоҳ нест! Шаҳодати холисонае, ки ўро хушнуд гардонад. Дуруди Худо бар Муҳаммад! Дуруде, ки ўро ба Худо наздик кунаду баҳраманд созад.

Ва баъд, издивоҷ аз корҳое аст, ки Худои Мутаол ба он амр кардаасту ба ин кор иҷозат додааст ва ин маҷлиси мо аз он маҷлисҳое аст, ки Худо ба он фармон додаасту мавриди ризояти ўст. Инак Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Паёмбари Худо, духтараш Фотимаро ба издивоҷи ман даровард, бо маҳрияи чаҳор сад дирҳаму динор ва ман ба он розӣ ҳастам. Пас аз худи эшон бипурсед ва шоҳид бошед.

Мусулмонон гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Оё ўро тазвиҷ фармудӣ? Паёмбар (с) фармуд: Оре. Мусулмонон гуфтанд: Худованд бар ҳардуи онон муборак гардонад ва ононро пайваста дар канори ҳам бидорад!

3.Таърих Димишқ ба нақл аз Анас: Дар маҳзари Паёмбар (с) будам, ки ваҳй эшонро фаро гирифт. Пас вақте ба ҳоли табиияш баргашт, фармуд: Оё медонӣ Ҷабраил аз назди Парвардигори Арш чӣ овард? Гуфтам: На. Фармуд: Парвардигорам ба ман фармон дод, ки Фотимаро ба ҳамсарии Алӣ ибни Абўтолиб дароварам. Пас бирав ва Абўбакр ва Умар ва Усмон ва Талҳаву Зубайр ва ба шумори эшон аз ансорро назди ман даъват кун.

Ман рафтам ва ононро даъват кардам. Вақте дар ҷои худ нишастанд, Паёмбар (с) фармуд: Сипосу ситоиш барои Худованде аст, ки ба воситаи неъматҳояш сипосу ситоиш мешаваду ба сабаби қудраташ парастиш мегардад, ба сабаби забонаш (каломаш) аз ў фармон мебаранду аз азобаш метарсанд, подошеро, ки назди ўст, аз ў мехоҳанд. Худое, ки фармонаш дар осмону заминаш нофиз аст. Худое, ки офаридагонро ба қудрати худ офариду бо аҳкомаш онҳоро аз якдигар ҷудо сохт ва бо динаш ба онон иззат бахшиду ба вуҷуди паёмбараш Муҳаммад (с) ононро муфтахар дошт. Сипас, Худованд издивоҷро мояи пайванди насабӣ ва як таклиф қарор дод ва бо он арҳомро ба ҳам пайвасту мардумро ба он мулзам сохт.

Худои Таборак ва Таоло фармудааст: «Ў зотест, ки аз об башареро офариду ўро дорои хешовандии насабию сабабӣ қарор дод ва Парвардигори ту ҳамвора тавоност».[8] Пас, фармони Худо ба сўи қазои ў равон асту қазои ў ба сўи қадараш ва ҳар қазоеро қадаресту ҳар қадареро саромаде ва ҳар саромадеро набиштае: «Худо он чиро бихоҳад, маҳв мекунад ё боқӣ мегузорад ва асли китоб назди ўст».[9]

Ба дурустӣ ки Парвардигорам ба ман фармон дод, ки Фотимаро ба издивоҷи Алӣ ибни Абўтолиб дароварам ва ман шуморо гувоҳ мегирам, ки Фотимаро бо маҳрияи чаҳор сад мисқол нуқра, ба ҳамсарии ў даровардам, агар Алӣ ба он розӣ бошад.

Паёмбар (с) Алиро дар паи коре фиристода буд. Паёмбари Худо (с) сипас табақи хурмои норасе хосту онро дар пеши худ ниҳоду фармуд: Талош кунед!

Мо машғули талош кардани табақи хурмо будем, ки Алӣ (а) омад. Паёмбар (с) лабханде заду фармуд: Эй Алӣ! Худованд ба ман фармуд, ки Фотимаро ба издивоҷи ту дароварам ва ман ўро бо маҳрияи чаҳор сад мисқол нуқра, ба ҳамсарии ту даровардам, албатта агар ту розӣ бошӣ. Алӣ (а) фармуд: Розӣ ҳастам, эй Паёмбари Худо!

Сипас барои Худо ба саҷда афтод ва вақте сарашро аз саҷда бардошт, Паёмбар (с) ба ў фармуд: Худованд ба шумо ду тан, баракат диҳад ва барои шумо муборак гардонаду насли бисёру поке аз шумо ба дунё оварад!

v Ҷаҳизияи Бонуи бонувон

  1. Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) як чодуршаби махмал, як машк ва як болини чармин, ки аз алафи гўргиёҳ пуршуда буд, ба Фотима (а) ҷиҳоз дод.
  2. Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Ҳаммод: Ато ибни Соиб аз падараш аз Алӣ (а) барои мо ҳадис кард, ки вақте Паёмбари Худо (с) Фотимаро ба ҳамсарии ў даровард, як чодуршаби махмал, як болиши чармини пуршуда аз лиф, ду осиёи дастӣ ва як машк ва ду кўзаи дастадор бо ў ҳамроҳ кард.
  3. Имом Ҳусайн (а): Паёмбари Худо (с) Фотима (а)-ро бо чаҳор саду ҳаштод дирҳам маҳрия, ба издивоҷи Алӣ (а) даровард ва ба Алӣ (а) фармуд, ки ду севвуми ин маблағро харҷи атр кунад ва як севвуми дигарро харҷи либос. Пас он дуро ба хона фиристод, дар ҳоле ки бистарашон чизе набуд, ҷуз пўсти қурбонии Паёмбари Худо (с) ва болиши чармине, ки аз лиф пуршуда буд.
  4. Имом Алӣ (а): Вақте назди Паёмбари Худо (с) барои хостгории духтараш Фотима рафтам, фармуд: Чӣ дорӣ, ки ба ман бидиҳӣ?

Гуфтам: Ҷуз шутур ва асп ва зиреҳам чизе надорам.

Фармуд: Аспро лозим дорӣ. Шутур ҳам ки барои савор кардани ҳамсарат аст. Зиреҳат мемонад, ки Худованд Фотимаро дар муқобили он ба издивоҷ ту даровард.

Ман зиреҳи худро бар шонаи чапам андохтаму эшонро тарк кардам ва ба бозори шаб рафтам. Пас, онро ба чаҳор сад дирҳами сиёҳи ҳаҷарӣ[10] фурўхтам. Сипас онҳоро назди Паёмбар (с) овардаму пеши эшон рехтам. Ба Худо қасам, ки ў аз шумори дирҳамҳо саволе накард! Паёмбари Худо (с) инсони дасткушоду ҷавонмарде буд. Сипас Билол (р)-ро садо заду кафи ўро аз он дирҳамҳо пур карду фармуд: Эй Билол! Бо инҳо миқдоре атр барои духтарам Фотима бихар.

Сипас Умми Салама (р)-ро садо заду ба ў фармуд: Эй Умми Салама! Барои духтарам бистаре аз ҷинси палоси Миср бихару онро бо лиф пур кун ва як зиреҳу як чодури сафеди кампат низ барои ў бихар. Беш аз инҳо магир, ки дар ин сурат Алӣ ва Фотима аз исрофкорон хоҳанд буд.

  1. Имом Алӣ (а): Паёмбари Худо (с) як каф аз дирҳамро гирифт ва Абўбакр (р)-ро садо заду онҳоро ба ў доду фармуд: Эй Абўбакр! Бо ин дирҳамҳо барои духтарам чизҳои лозимии хонаашро бихар.

Салмони Форсӣ ва Билол (р)-ро низ ҳамроҳи ў кард, то дар бардоштани харид ба ў кўмак кунанд.

Абўбакр (р) гуфт: Дирҳамҳое, ки Паёмбари Худо (с) ба ман дод шасту се дирҳам буд. Ман рафтаму бистаре аз хайши[11] мисрии пуршуда бо пашм, як чодури хайбарӣ, як машки об, чанд то кўза, як офтоба ва як пардаи пашмии нозук харидам ва бо ҳам ононҳоро овардему назди Паёмбари Худо (с) ниҳодем. Паёмбар (с) бо дидани онҳо гиряаш гирифту ашкҳояш ҷорӣ шуд. Сипас сарашро ба сўи осмон бардошту гуфт: Бор Худоё! Ба қавме, ки бештарини зарфҳои онон сафол аст, баракат деҳ.

  1. Имом Содиқ (а): Вақте Паёмбари Худо (с) Фотимаро ба ҳамсарии Алӣ (а) даровард, ба назди Фотима рафт, дар ҳоле ки ўро гирён дид. Ба ў фармуд: Чаро гиря мекунӣ? Ба Худо қасам агар дар аҳли байтам беҳтар аз Алӣ буд, туро ба ҳамсарии вай медаровардам! Ин ман набудам, ки туро ба шавҳар додам, балки Худованд туро ба шавҳар дод ва маҳрияатро хумси амвол то замоне ки осмонҳову замин барҷост, таъйин кард.

Алӣ (а) гуфт: Паёмбари Худо (с) сипас фармуд: Бирав ва зиреҳро бифурўш.

Ман рафтаму онро фурўхтам ва пулашро гирифтаму назди Паёмбари Худо (с) баргаштам ва дирҳамҳоро дар домани ў рехтам. Аз ман напурсид, ки чӣ қадар аст ва ман ҳам миқдорашро нагуфтам.

Пас, муште дирҳам бардошту Билол (р)-ро садо зад ва онҳоро ба ў доду фармуд: Барои Фотима миқдоре атр бихар.

Сипас бо ҳар ду дасташ аз дирҳамҳо бардошт ва онҳоро ба Абўбакр (р) доду фармуд: Барои Фотима либосу асоси хона бихар. Ва Аммор ибни Ёсир (р) ва чанд тан аз саҳобаро ҳамроҳи ў фиристод. Онҳо ба бозор рафтанд ва ба ҳар чӣ бармехўрданду лозим буд, пеш аз он ки онро бихаранд, ба Абўбакр (р) нишон медоданд. Агар ў онро муносиб медид, мехариданд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки хариданд, як пероҳани ҳафт дирҳамӣ, як чорқади чор дирҳамӣ, махмали сиёҳи хайбарӣ, як тахт, ду рахти хоб аз хайши мисрӣ, ки яке бо лифи хурмо пур шуда буд ва дигарӣ бо пашми гўсфанд, чор то болишт аз чарми Тоиф, ки бо алафи гўргиёҳ пур шуда буданд, як пардаи пашмини бўриёии ҳаҷарӣ, як осёби дастӣ, лагани мисӣ, обхўрии чармин, қадаҳе барои шир, машки оби кўчак, офтобаи қирандуд, як кўзаи сабз ва чанд кўзаи сафолин буд.

Вақте харид тамом шуд, миқдоре аз харидро Абўбакр (р) бардошту бақияро дигар ёрон бардоштанд. Вақте колоҳоро назди Паёмбари Худо (с) оварданд, эшон бо дасташ онҳоро зеру рў карду фармуд: Худо бар аҳли ин хона баракат диҳад!

  1. Ас-сунан-ул-куброи Насоӣ ба нақл аз Ибни Аббос (р): Замоне ки Паёмбари Худо (с) Фотимаро ба издивоҷи Алӣ даровард, дар миёни чизҳое, ки ба ў дод, як тахти лифи хурмоӣ буд, як болишти чармини пуршуда аз лифи хурмо ва як машк. Онон рег оварданду дар кафи ҳуҷра паҳн карданд.

v Зиёфати арўсӣ

  1. 1. Таърихи Димишқ ба нақл аз Бурайда: Ҳангоме ки Паёмбари Худо (с) Фотима (а)-ро издивоҷ кунонд, ба ў фармуд: Барои арўсӣ бояд зиёфат дод.

Сипас дастур дод, ки гўсфандеро сар буриданд ва ҳамаро ба хўрдани он даъват кард.

  1. Ас-сунан-ул-куброи Насоӣ ба нақл аз Бурайда: Пас аз он ки Паёмбари Худо (с) Фотимаро ба ҳамсарии Алӣ (а) даровард, фармуд: Эй Алӣ! Барои арўсӣ бояд зиёфат дод.

Саъд гуфт: Ман як гўсфанд дорам. Гурўҳе аз ансор ҳам чанд соъ зуррат барои Паёмбар (с) ҷамъ карданд.

  1. 3. Ал-мўъҷам-ул-васит ба нақл аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р): Дар тўи Алӣ ибни Абўтолиб ва Фотима духтари Паёмбари Худо (с) ҳозир шудем. Дар ҳеҷ тўе луқмае некўтар аз он надида будем. Паёмбари Худо (с) таоме аз равғану хурмо барои мо таҳия кард ва мо тановул кардем. Дар он шаб, бистари он ду пўсти даббоғинашудаи як гўсфанд буд.
  2. 4. Имом Содиқ (а): Алӣ (а) гуфт: Сипас Паёмбари Худо (с) ба ман фармуд: Эй Алӣ! Барои хонаводаат таоми обрўманде таҳия кун.

Сипас афзуд: Гўшту нон аз мо ва хурмою равған аз ту.

Ман миқдоре хурмою равған харидам. Паёмбари Худо (с) остинҳояшро боло заду шурўъ ба тафт додани хурмоҳо дар даруни равған кард, то он ки ҳалвое сохт ва гўсфанди фарбеҳеро барои мо фиристод, ки зибҳ шуд ва миқдори зиёде ҳам нон пухт. Сипас Паёмбар (с) ба ман фармуд: Ҳар касро мехоҳӣ даъват кун.

Ман ба масҷид рафтам. Масҷид пур аз саҳоба буд. Хиҷолат кашидам, ки гурўҳеро даъват кунаму гурўҳеро вогузорам. Пас, болои теппае, ки он ҷо буд, рафтаму фарёд задам: Ба зиёфати Фотима биёед. Мардум гурўҳ-гурўҳ омаданд. Ман аз ин ки ҷамъият зиёд буду таом андак, хиҷолат зада шудам. Паёмбари Худо (с) фаҳмид, ки дар дили ман чӣ мегузарад. Сипас фармуд: Эй Алӣ! Аз Худо баракат хоҳам хост.

Алӣ (а) гуфт: Ҳамаи мардум то охирин нафар аз таому нўшиданӣ хўрданду нўшиданд ва бароям талаби баракат карданду ҳамагӣ рафтанд, ки беш аз чаҳор ҳазор мард буданд, аммо аз таом чизе кам нашуда буд. Паёмбари Худо (с) лагандҳоро гирифту онҳоро аз таом пур кард ва ба хонаҳои ҳамсаронаш фиристод. Сипас як лаганде бардошту дар он миқдоре таом рехту фармуд: Ин ҳам барои Фотима ва шавҳараш.

v Шаби зафоф

  1. 1. Имом Боқир (а): Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р) бароям нақл карду гуфт: Дар шабе, ки Паёмбар (с) Фотима (а)-ро ба хонаи Алӣ (а) фиристод, Алиро садо заду ўро дар тарафи рости худ нишонд ва Фотимаро садо заду дар тарафи чапи худ нишонд. Онгоҳ сари он ду бузургворро ба ҳам овард, сипас бархост ва Алию Фотима низ бархостанд ва Паёмбар (с) дар васати он ду, раҳсипори хонаи Алӣ шуд. Ҷабраил дар миёни фариштагон бонги такбир зад. Паёмбар (с) такбирро шуниду такбир гуфт ва мусулмонон низ такбир гуфтанд. Ин, нахустин такбире буд, ки дар арўсӣ гуфта шуд ва аз он баъд ба суннат табдил шуд.
  2. Имом Содиқ (а): Алӣ (а) фармуд: Баъд аз он муддати як моҳ бо Паёмбари Худо (с) намоз мегузоридаму ба манзилам бармегаштам, бидуни он ки аз Фотима сухан бигўям. Пас аз ин муддат, ҳамсарони Паёмбар (с) гуфтанд: Оё аз Паёмбари Худо (с) нахоҳем, ки Фотимаро ба хонаат бифиристад? Гуфтам: Ин корро бикунед. Онон назди Паёмбар (с) рафтанд ва Умми Айман гуфт: Эй Паёмбари Худо! Агар Хадиҷа (р) зинда буд, аз арўсии Фотима хушҳол мешуд. Алӣ ҳамсарашро мехоҳад. Пас, чашми Фотимаро ба шавҳар равшан гардону он дуро дар канори ҳам қарор бидеҳ ва бо ин кор моро ҳам хушҳол соз!

Паёмбар (с) фармуд: Пас, чаро худи Алӣ ҳамсарашро аз ман намехоҳад? Мо мунтазири ин дархост аз сўи ў будем.

Алӣ (а) гуфт: Пас гуфтам: Ҳаё монеи ман мешавад, эй Паёмбари Худо! Паёмбар (с) рў ба занон карду фармуд: Киҳо ин ҷо ҳастанд? Умми Салама (р) гуфт: Ман Умми Салама, ин Зайнаб ва ин фалонӣ ва фалонӣ.

Паёмбари Худо (с) фармуд: Дар яке аз ҳуҷраҳои ман барои духтарам ва амакбаччаам ҳиҷлае омода кунед. Умми Салама (р) гуфт: Дар кадом ҳуҷра, эй Паёмбари Худо! Фармуд: Дар ҳуҷраи худат.

Ва ба ҳамсаронаш фармон дод, ки онро ороставу омода созанд.

Умми Салама (р) гуфт: Аз Фотима пурсидам: Оё атре дорӣ, ки барои худат андўхта бошӣ? Фотима (а) фармуд: Оре.

Ва шишае оварду миқдоре аз онро дар кафи дастам рехт. Чунон бўи хуше аз он бўидам, ки ҳаргиз монанди он ба биниям нарасида буд. Гуфтам: Ин чист?

Фармуд: Ҳаргоҳ Даҳяи Калбӣ назди Паёмбар (с) ворид мешуд, ба ман мегуфт: Фотима! Кўрпачаеро биёру барои амакат бияндоз. Ман барояш кўрпача меандохтам ва ў бар он менишаст. Вақте бармехост, аз миёни ҷомаҳояш чизе меафтод ва ба ман мегуфт, ки онҳоро ҷамъ кунам.

Алӣ (а) дар ин бора аз Паёмбари Худо (с) пурсид. Паёмбар (с) фармуд: Онҳо анбарест, ки аз болҳои Ҷабрали мерезад.

Ҳангоме ки офтоб ба ғуруб наздик мешуд, Паёмбар (с) фармуд: Эй Умми Салама! Фотимаро биёр.

Ман рафтаму ўро дар ҳоле ки доманаш ба замин кашида мешуду аз хиҷолати Паёмбари Худо (с) арақ мерехт, овардам. Дар он ҳол, пои он бузургвор лағзид. Паёмбари Худо (с) ба ў фармуд: Худо дар дунёву охират туро аз лағзиш нигаҳ дорад!

Вақте назди Паёмбар (с) истод, Паёмбар (с) чодурро аз рўяш канор зад, то он ки Алӣ (а) ўро дид. Сипас дасти Фотимаро гирифту дар дасти Алӣ (а) ниҳоду фармуд: Эй Алӣ! Худо ба ту дар духтари Паёмбари Худо баракат диҳад! Фотима ҳамсари хубе аст. Ва эй Фотима! Алӣ шавҳари хубе аст. Ба манзилатон бираведу коре накунед, то ин ки ман биёям.

Алӣ (а) фармуд: Дасти Фотимаро гирифтам ўро бурдам, то ин ки дар гўшаи суффа[12] нишаст ва ман ҳам дар канораш нишастам ва ҳарду аз шарми якдигар, сарамонро ба зер афканда будем. Пас аз чанде Паёмбари Худо (с) омаду фармуд: Касе инҷо ҳаст?

Гуфтем: Биёед, эй Паёмбари Худо! Ба дидори мо хуш омадед.

Паёмбар (с) ворид шуду Фотимаро дар як тарафаш ва Алиро дар тарафи дигараш нишонд. Сипас фармуд: Эй Фотима! Миқдоре об биёр.

Фотима ба тарафи қадаҳе, ки дар ҳуҷра буд рафт ва онро пур аз об карду барои эшон овард. Паёмбар (с) ҷуръае аз он дар даҳонаш карду мазмаза намуд. Сипас онро ба қадаҳ баргардонд. Онгоҳ аз он бар сари Фотима рехту фармуд: Ба ман рў кун.

Вақте Фотима (а) ба тарафи он ҳазрат рў кард, Паёмбар (с) миқдоре аз он обро дар миёни синаҳояш пошид. Сипас фармуд: Баргард.

Вақте баргашт, миқдоре аз онро миёни шонаҳояш пошид. Онгоҳ фармуд: Бор Худоё! Ин духтари ман ва маҳбубтарини офаридагон назди ман аст. Бор Худоё! Ин ҳам бародари ман ва маҳбубтарини офаридагон назди ман аст. Парвардигоро! Ўро дўсти некўкори худат қарор деҳу ҳамсарашро барои ў муборак гардон.

Сипас фармуд: Эй Алӣ! Акнун бо ҳамсарат вориди ҳуҷра шав. Худо бар ту муборак гардонад ва раҳмату баракати Худо бар шумо бод, ки ў сутудаи бузургвор аст.

  1. 5. Ас-сунан-ул-куброи Насоӣ ба нақл аз Бурайда: Вақте шаби зафоф шуд, Паёмбари Худо (с) фармуд: Эй Алӣ! Даст ба коре назанӣ, то маро бубинӣ.

Пас Паёмбар (с) об хосту аз он вузўъ сохт. Сипас боқимондаи он обро бар сари Алӣ (а) рехту фармуд: Бор Худоё! Дар ин ду нафар баракат қарор деҳу бар онон муборак бигардон ва фарзандонашонро барояшон хуҷаста бидор.

  1. 6. Ал-мўъҷам-ул-кабир ба нақл аз Асмоъ бинти Умайс: Замоне ки Фотимаро ба хонаи Алӣ ибни Абўтолиб бурданд, дар ҳуҷраи ў ҷуз регҳои паҳншуда дар кафи ҳуҷра ба ҷои фарш, болиште, ки аз лифи хурмо пуршуда буд, як сабу ва як кўза… чизе наёфтем.

Асмоъ гуфт: Паёмбар (с) зарфи обе хосту дар он чизҳое гуфт. Сипас аз он об бар синаву сурати Алӣ рехт. Баъд Фотимаро садо зад. Фотима ба сўи Паёмбар (с) рафт, дар ҳоле ки аз шарму ҳаё пояш дар чодураш меилмид. Паёмбар (с) аз он об бар Фотима низ пошид ва ҳар чӣ мехост, ба ў гуфт. Сипас ба ў фармуд: Ман дар ин ки туро ба ҳамсарии маҳбубтарин фарди хонадонам даровардам, кўтоҳӣ накардам.

Дар ин ҳангом Паёмбар (с) сиёҳие дар пушти парда ё дар пушти дар дид. Фармуд: Кистӣ?

Гуфт: Асмоъ ҳастам.

Фармуд: Асмоъ бинти Умайс?

Гуфт: Бале, эй Паёмбари Худо!

Фармуд: Ба хотири Паёмбари Худо (с) барои ҳамроҳии духтараш омадаӣ?

Гуфт: Бале. Духтар дар шаби зафофаш бояд як зан наздикаш бошад, то агар чизе хост барояш муҳайё кунад.

Асмоъ гуфт: Паёмбар (с) бароям дуое кард, ки он дуо устувортарин амалам дар назди ман аст. Сипас ба Алӣ фармуд: Инак ҳамсарат дар ихтиёри туст.

Онгоҳ баромаду рафт ва ҳамчунон барои он ду дуо мекард, то ин ки дар ҳуҷраи худ ворид шуд.

v Хона ва асбоби хонаи Бонуи бонувон

  1. 1. Имом Боқир (а): Ҳангоме ки Паёмбари Худо (с) ба Мадина омад, муддати як сол ё ҳамин ҳудуд, меҳмони Абўайюб шуд. Вақте Алӣ бо Фотима издивоҷ кард, ба Алӣ фармуд: Манзиле пайдо кун.

Алӣ дар ҷустуҷўи манзиле баромаду андаке дуртар аз Паёмбар (с) манзил гирифт ва дар он ҷо бо Фотима арўсӣ кард. Паёмбар (с) назди Фотима омаду фармуд: Мехоҳам туро наздиктар ба худам биёварам.

Фотима (а) ба Паёмбар (с) гуфт: Пас бо Ҳориса ибни Нўъмон сўҳбат кунед, ки манзилашро ба ман бидиҳад.

Паёмбар (с) фармуд: Ҳориса он қадар ба хотири мо кўч кардааст, ки дигар аз ў хиҷолат мекашам.

Ин хабар ба Ҳориса расид ва хонаашро холи карду назди Паёмбар (с) омаду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Шунидаам, ки мехоҳед Фотимаро ба канори худ биёваред. Ин манзили ман наздиктарин хонаҳои Бани Наҷҷор ба шумост. Худам ва амволам аз они Худо ва Расули ўст. Ба Худо қасам, ки эй Расули Худо он моле, ки аз ман мегиред, назди ман хуштар аз амволе аст, ки намегиред!

Паёмбари Худо (с) фармуд: Фотимаро ба хонаи Ҳориса бикўчонед.

  1. 2. Имом Алӣ (а): Шабе, ки духтари Паёмбари Худо (с) ба хонаи ман оварда шуд, бистарамон чизе ҷуз як пўсти гўсфанд набуд.
  2. 3. Имом Алӣ (а): Танҳо чизе, ки дошем, як пўсти даббоғӣ шудаи гўсфанд буд, ки дар гўшае аз он мехобидем ва дар гўшаи дигараш Фотима орд хамир мекард.
  3. 4. Имом Алӣ (а): Замоне ки ман бо Фотима (а) издивоҷ кардам, фарши ману ў, фақат як адад пўсти гўсфанд буд, ки шаб рўи он мехобидем ва рўз шутури обкаши худро дар рўи он алаф медодем ва хидматкоре ҷуз худи Фотима надоштем.
  4. 5. Имом Боқир (а): Дар шабе, ки Фотима (а) ба хонаи Алӣ (а) бурда шуд, бистари он ду, як адад пўсти гўсфанд буд, ки вақте мехостанд бихобанд, онро ба тарафи пашмҳояш паҳн мекарданду рўи он мехобиданд. Болишти он ду бузургвор ҳам чарми пуршудае аз лифи хурмо буд.
  5. 6. Имом Боқир (а): Замоне ки Алӣ (а) бо Фотима (а) издивоҷ кард, Алӣ (а) хонаашро бо рег фарш кард. Бистари он ду, пўсти як гўсфанд буду болинашон аз лифи хурмо пур шуда буд. Як қитъа чўб ҳам насб карданд, ки машкро бар он меовехтанд. Пас онро бо ҷомае пўшонд.
  6. 7. Имом Содиқ (а): Паёмбар (с) Фотима (а)-ро дар ҳоле ба хонаи Алӣ (а) фиристод, ки пўшиши он бону як чодур буд ва бистараш пўсти як гўсфанд ва болинаш чарме пуршуда бо риштаҳои тобида аз лифи хурмо.
  7. 8. Фазоил-ус-саҳоба ба нақл аз Икрама ва Абўязиди Мадинӣ: Замоне ки Фотима (а) ба хонаи Алӣ (а) бурда шуд, дар хонаи ў чизе ҷуз миқдоре реги паҳншуда дар кафи хона, як болишт, як сабу ва як кўза наёфт.
  8. 9. Маноқиби Ибни Шаҳрошўб: Асбоби хонаи Алӣ (а) иборат буд аз: миқдоре реги нарми паҳншуда, як қитъа чўб, ки аз як девор ба девори дигар барои паҳн кардани либосҳо насб шуда буд, як адад пўсти гўсфанд ва як болишти пуршуда аз лифи хурмо.
  9. 10. Сунани Ибни Моҷа ба нақл аз Оиша (р) ва Умми Салама (р): Паёмбар (с) ба мо дастур дод, ки ҷаҳизияи Фотима (а)-ро омода созем, то ўро ба хонаи Алӣ (а) бибарем. Мо ба ҳуҷра рафтему онро аз хокҳои нарми канораҳои Батҳоъ, фарш кардем. Сипас ду болишт аз лифи хурмо пур намудему онҳоро бо дасти худ задем то аз ҳам ҷудо шуданд. Онгоҳ таоме аз хурмою кишмиш омода сохтему оби гуворое таҳия намудем ва як қитъа чўб барои паҳн кардани либосҳо ва овехтани машки об, дар гўшаи ҳуҷра ба девор насб кардем. Ҳамин гуна, арўсие некўтар аз арўсии Фотима надидем.
  10. 11. Ат-табақот-ул-кубро ба нақл аз Дорам ибни Абдураҳмон ибни Саълабаи Ҳанафӣ: Марде, ки тағоҳояш аз ансор буданд, бароям нақл карду гуфт: Модарбузургам ба ман хабар дод, ки ў низ бо заноне буд, ки Фотима (а)-ро ба хонаи Алӣ (а) бурданд. Ў гуфт: Фотима (а) дар ҳоле ба хонаи Алӣ (а) бурда шуд, ки ду бурд аз бурдҳои Увл[13] дар тан дошт ва ду дастбанди нуқраии рангшуда бо заъфарон дар дасташ буд. Пас, ба хонаи Алӣ (а) даромадем. Дар он ҷо бо пўсти даббоғинашудаи гусфанде, ки бар рўи курсие паҳн шуда буд, рў ба рў шудем ва бо болишти пуршуда аз лифи хурмо, як машки об, як ғарбел, як сачоқ ва як қадаҳ.
  11. 12. Аз-зўҳди Ибни Муборак ба нақл аз Шаъбӣ: Бистари Алӣ (а) дар шаби зафофи Фотима (а), як адад пўсти гўсфанд буд.

[1] Чодури ямонӣ: ҷомаи пахтагин бо катони рах-рах, ки дар Яман мебофанд, рўпўши абрешимин, ки занон ҳангоми берун омадан аз хона мепўшанд.

[2] Зиреҳи ҳутмӣ: зиреҳе, ки мардуми тираи Ҳутма ибни Муҳориб аз қабилаи Абдулқайс месохтанд; шамшершикан; паҳн ва гарон.

[3] Сураи Ҳаҷ, 2.

[4] Сураи Нур, 25.

[5] Сураи Оли Имрон, 30.

[6] Сураи Зилзила, 7-8.

[7] Сураи Оли Имрон, 185.

[8] Сураи Фурқон, 54.

[9] Сураи Раъд, 39.

[10] Ҳаҷарӣ: мансуб ба Ҳаҷар, аз шаҳрҳои Баҳрайн дар шимоли саҳрои Арабистон аст.

[11] Хайш: матои майда-майда бофташуда бо ресмонҳои ғафс аз пахтаи сифаташ паст.

[12] Суффа: соябоне буд дар Масҷиди Паёмбар (с).

[13] Увл: номи маконе аст.

Share



Назари худро бинависед