Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Рӯза танҳо парҳез аз хӯрдан ва нӯшидан нест

Рӯза ибодате аст, ки Худованд онро ба манзури тазкия ва парвариши нафс ва рӯҳи инсон ва одат додани он бар хайр ва некӣ фарз карда ва аз беҳтарин ибодатҳое аст, ки ба манзури тақарруб ба Худованд анҷом мепазирад. Бинобар ин аз корҳое, ки рӯзаашро болит месозад, парҳез кунад, то аз рӯзааш савоб бибарад ва ба он тақвое даст ёбад, ки Худованд аз он ном бурдааст:

«يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ »

“Худованд мефармояд: Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо навишта шудааст, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, навишат шуд, то парҳезгор шавед. (Бақара: 183)

Рӯза танҳо хештандорӣ аз хӯрдан ва нӯшидан нест, балки бояд аз ҳамаи чизҳое, ки Худованд аз онҳо наҳй кардааст, парҳез гардад. Паёмбари акрам (с) фармуд:

«ليس الصيام من الأكل والشرب، إنما الصيام من اللغو والرفث فإن سابَّك أحد أو جهل عليك فقل: إني صائم»

“Рӯза танҳо иборат нест аз хештандорӣ аз хӯрдан ва нӯшидан, балки дар ҳангоми рӯза бояд аз ҳарзагӯӣ ва омезиш бо занон низ худдорӣ кунед. Агар касе ба ту фуҳш ва носазое гуфт ё нодонӣ кард, дар ҷавоби ӯ бигӯ: ман рӯзаам.” аҳеҳи Муслим) .

«مَنْ لَم يَدَعْ قَوْلَ الزُوْرِ والعَمَلَ بِهِ والجَهْلَ فَلَيْسَ للّه حَاجَةٌ فِي أنْ يَدَعَ طَعَامَهُ وشَرَابَهُ »

“Ҳар кас сухани дурӯғ ва ношоист ва амал ба онро тарк накунад, Худованд ниёзе ба гуруснагӣ ва ташнагии ӯ надорад. Пас тарки хӯрданӣ ва нӯшиданӣ, барои пазириши рӯза кофӣ нест.”

Паёмбари акрам(с) фармуданд:

رُبَّ صَائِمٍ لَيْسَ لَهُ مِنْ صِيَامِهِ إِلا الْجُوعُ , وَرُبَّ قَائِمٍ لَيْسَ لَهُ مِنْ قِيَامِهِ إِلا السَّهَرُ»

“Бисёр рӯзадороне ҳастанд, ки баҳраашон аз рӯза танҳо гуруснагӣ аст ва бисёр шабзиндадороне ҳастанд, ки баҳраашон аз он шабзинда‌дорӣ танҳо бедорӣ аст.”

Share



Назари худро бинависед