Таъсири ҳолатҳо ва замонҳо дар инъиқод нутфа

148

Паёмбари Худо (с): Нописанд аст, ки мард дар ҳоли эҳтилом ба ҳамсари худ дарояд, то он ки аз ҷанобате, ки дидааст ғусл кунад, ки агар дар ҷанобат чунин карду фарзанди маҷнун зода шуд, ҷуз худро набояд сарзаниш кунад.

Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ касе аз шумо ба ҳамсараш даромад, бояд худро бипўшонад, зеро агар напўшонад, фариштагон шарм мекунанду хориҷ мешавад ва шайтон ҳозир мешавад ва агар фарзанде ба вуҷуд ояд, шайтон дар нутфаи ў шарик мешавад.

Паёмбари Худо (с): Эй Алӣ! Бо ҳамсари худ дар оғози моҳ ва миёнаи он ва поёни он омезиш накун, зеро девонагию ҷузом ва бехирадӣ бо шитоб ба суроғи ҳамсару фарзандаш меравад.

Эй Алӣ! Баъд аз зуҳр бо ҳамсарат омезиш макун, ки агар дар ин замон фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, олус мешавад ва шайтон аз олус будани чашми инсон хурсанд мегардад.

Эй Алӣ! Ҳангоми омезиш сухан магў, зеро агар миёни шумо фарзанде ба вуҷуд ояд, аз ин ки лол шавад эмин нест. Набояд ҳеҷ кас ба шармгоҳи ҳамсараш нигоҳ кунад ва бояд ҳангоми омезиш чашми худро бибандад, зеро нигаристан ба шармгоҳ, кўрии фарзандро ба дунбол дорад.

Эй Алӣ! Бо шаҳвати зани дигаре бо ҳамсари худ омезиш макун, зеро ман бими онро дорам, ки агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, хунасо бошад ё духтари девона…

Эй Алӣ! Рост истода бо ҳамсарат омезиш макун, зеро ин кори дарозгўш аст. Агар миёни шумо фарзанде ба вуҷуд ояд, бар бистар бавл мекунад, монанди дарозгўш, ки дар ҳар ҷо бавл мекунад.

Эй Алӣ! Шаби иди Қурбон бо ҳамсарат омезиш макун, зеро агар миёни шумо фарзанде ба вуҷуд ояд, ё шашангуштӣ мешавад ё чаҳорангуштӣ.

Эй Алӣ! Зери дарахти мева бо ҳамсарат омезиш макун, зеро агар миёни шумо фарзанде ба вуҷуд ояд, ё ҷаллоди одамкуш шавад ё ариф.[1]

Эй Алӣ! Зери офтобу тобиши он бо ҳамсарат омезиш макун, магар аз рўандозе истифода кунӣ, ки шуморо бипўшонад, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, ҳамвора дар гирифтагию фақр бошад то бимирад.

Эй Алӣ! Миёни азону иқома бо ҳамсари худ омезиш макун, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, ба хунрезӣ ҳарис мегардад.

Эй Алӣ! Ҳаргоҳ ҳамсарат бордор шуд, бо ў омезиш макун, магар ин ки вузў дошта бошӣ, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, кўрдилу хушкдаст мегардад.

Эй Алӣ! Дар нимаи Шаъбон бо ҳамсари худ омезиш макун, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, шум гаштаву чеҳраи зиште меёбад.

Эй Алӣ! Ду рўз монда ба охири Шаъбон бо ҳамсарат омезиш макун, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, ё боҷгир мешавад ва ё ёвари ситамгарон ва нобудии гурўҳе аз мардум ба дасти ў хоҳад буд.

Эй Алӣ! Бар пушти боми сохтмонҳо бо ҳамсарат омезиш макун, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, мунофиқи риёкори бидъатгузор мешавад.

Эй Алӣ! Ҳаргоҳ барои мусофират ҳаракат кардӣ, ҳамон шаб бо ҳамсари худ омезиш макун, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, моли худро ба ноҳақ масраф мекунад. «Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонанд».[2]

Эй Алӣ! Ҳаргоҳ ба андозаи се рўзу се шаб сафар кардӣ, бо ҳамсари худ омезиш макун, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, бар зидди ту ёвари ҳар ситамгаре мешавад.

Эй Алӣ! Оғози шаб бо ҳамсари худ омезиш макун, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, аз ин ки афсунгару тарҷеҳ диҳандаи дунё бар охират шавад, эмин нест.

Паёмбари Худо (с): Эй Алӣ! Бар ту бод омезиш дар шаби душанбе, зеро агар фарзанде миёни шумо ба вуҷуд ояд, ҳофизи китоби Худо ва розӣ ба қисмати Худо мешавад.

Эй Алӣ! Агар шаби сешанбе бо ҳамсарат омезиш кардию фарзанде миёни шумо ба вуҷуд омад, баъд аз ҳар гувоҳӣ ба ин ки «Худое ҷуз Аллоҳ нест» ва ин ки «Муҳаммад расули Худост», шаҳодат рўзияш мешавад ва Худованд ўро бо мушрикон азоб намекунад. Хушбўдаҳон, дилмеҳрубон ва кушодадаст мешавад ва аз ғайбат ва дурўғу тўҳмат покзабон мешавад.

Эй Алӣ! Агар шаби панҷшанбе бо ҳамсарат омезиш кардию фарзанде миёни шумо ба вуҷуд омад, ё фармонравое аз фармонравоён ва ё олиме аз олимон мешавад. Ва агар рўзи панҷшанбе ҳангоми моил шудани офтоб аз васати осмон бо ў омезиш кардию фарзанде миёни шумо ба вуҷуд омад, шайтон ба ў наздик намешавад, то пир шавад ва ба сарпарастӣ мерасад ва Худованд саломати дину дунёро рўзии вай мегардонад.

Эй Алӣ! Агар шаби ҷумъа бо ў омезиш кардию фарзанддор шудед, гўяндаи суханвари забоновар мешавад ва агар асри ҷумъа бо ў омезиш кардию фарзанде миёни шумо ба вуҷуд омад, олими маъруфу машҳуре мегардад ва агар ҷумъашаб баъд аз намози хуфтан бо ў омезиш кардӣ, умед аст, ки он фарзанд аз абдол[3] бошад, ин шоаллоҳу таоло.

Имом Алӣ (а): Ҳаргоҳ касе аз шумо хост, ки ба ҳамсараш дарояд, бояд дар аввали моҳҳо ва нимаи моҳҳо худдорӣ кунад, зеро шайтон дар ин ду замон фарзандхоҳӣ мекунад ва шайтонҳо дар ин замон хостори мушорикат дар нутфа ҳастанд. Аз ин рў меоянду бордор мекунанд.

Имом Ризо (а): Омезиш пас аз омезиш бидуни ин ки миёни онҳо ғусл бошад, девонагиро барои фарзанд ба дунбол меоварад.

Имом Ризо (а): Оғози шаб, хоҳ дар зимистон ва хоҳ дар тобистон, бо занон омезиш макун. Ин ба он ҷиҳат аст, ки меъдаву рагҳо пуранд ва ин вазъияти муносибе барои омезиш нест ва бими қуланҷу фалаҷ ва ларзиши чонаву ниқрис[4] ва санги гурдаву чаккиши бавл ва фатқу заъф дар биноию зеҳн меравад. Пас агар иродаи омезиш дорад, бояд дар поёни шаб бошад, ки барои бадан солимтар ва барои фарзанд овардан умедвортар ва барои афзунии ҳуши фарзанде, ки дар ин миён падид меояд, беҳтар аст.

[1] Ариф ба маънои намояндаи ҳокими золим дар як минтақа ё қабила аст, ки заминаи султаву таҷовузи онон ба ҳуқуқи мардумро фароҳам мегардонад, хабарчин.

[2] Исроъ/27.

[3] Абдол ба баргузидагони ҳар асре гуфта мешавад, ки Худованд ба ҷои баргузидаи пешин қарор медиҳад.

[4] Навъе беморӣ, ки дар натиҷаи боло рафтани асиди урики хун падид меояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.