Гуноҳе, ки дӯст доштанаш ҳам гуноҳ аст

112

Яке аз лутфҳо ва ба иборате минатҳое, ки парвардгори олам бар мо бандагон ниҳодааст ин аст, ки то вақте хато ва гуноҳиро ба марҳалаи амал нарсонем гуноҳи навишта намешавад; Мисло мо ният кунем, ки дузди кунем аммо то ин дузди ба марҳалаи амал нарасад гуноҳи бароямон нест. Дар ин миён мавориди истиснои ҳам вуҷуд дорад; Яке аз онҳо гуноҳӣ аст, ки ба фармудаи худи Қуръони карим ҳатто муҳаббат ва дӯст доштани он гуноҳ, гуноҳ аст; إِنَّ الَّذینَ یُحِبُّونَ أَنْ تَشیعَ الْفاحِشَةُ فِی الَّذینَ آمَنُوا لَهُمْ عَذابٌ أَلیمٌ فِی الدُّنْیا وَ الْآخِرَةِ وَ اللَّهُ یَعْلَمُ وَ أَنْتُمْ لا تَعْلَمُونَ Сураи Нур ояти 19  Иинн аллзина иуҳиббуна ъан ташиъа алфоҳишааиу фии аллзина оманууо лаҳум ъазобٌ ъалимٌ фии алдднё ва алохирааӣ ва Аллоҳу иаъламу ва ъантум ло таъламууна: (19, нур) касоне, ки дӯст доранд, ки зишткорӣ дар миёни онон, ки имон овардаанд, шуюъ пайдо кунад, барои онон дар дунё ва охират азоби пур дард хоҳад буд , ва Худо [ст,ки] медонад ва шумо намедонед. … Бале гуноҳӣ ва рафторе, ки бо обрӯи мардум дар иртибот астро Қуръони карим дар мавридаш хеле сахтгирӣ мекунад.

Шахсе назди Имом Алӣ (Рз) омад ва гуфт: ман амали хилофе муртакиб шудаам, ҳадди илоҳиро бар ман ҷори кун. Имом чаҳор бор ӯро баргардонд ва хашмгин шуданд ва фармуданд: чиқадар зишт аст, ки инсон гуноҳашро назди дигарон бигӯяд, чаро гуноҳатро ба ман мегӯӣ магар байни худ ва худоят тавба накардаӣ? Ҳазрат фармуд: ба худо қасам агар ӯ байни худ ва худо тавба мекард болотар аз ин буд, ки пеш ман эътироф кунад ва ман ҳадро бар ӯ ҷори кунам.

Ба фармудаи Қуръони карим дар қиёмат худованд ботинҳоро ошкор мекунад. Ин нуктаро мадди назар дошта бошем агар дар дунё аз кори дигарон парда пӯши кунем худованд ҳам дар қиёмат аз кори мо парда пӯши мекунад. Аммо агар сиру асрори дигаронро ошкор кунем дар қиёмат худованд ҳамаи сирҳои моро ба дигарон нишон медиҳад.

Вақте шайтон аз одам‎ҳо ҳам безор ми‎шавад

Имом Зайнал Обуддин (Рз) мегуяд: агар касе хабари мумниро пахш кунад, ки обрӯи ӯро бибарад ё аз чашми мардум биндозад, Худованд ӯро ба вилояти шайтон мунтақил мекунад ва шайтон ҳам ӯро намепазирд.

Рӯзе Паёмбар акрам (с) ба Каъба нигоҳ карданд ва фармуданд: «эй Каъба! хушо ба ҳоли ту, Худованд чиқадар туро бузург ва ҳурмататро гироми доштааст! ба худо қасам ҳурмати муъмин аз ту бештар аст, зеро Худованд танҳо як чизро аз ту ҳаром карда, вале азмуъмин се чизро ҳаром кардааст: мол, ҷон ва обрӯ, то касе ба ӯ гумони бад набарад.»

Тибқи ин ҳадис Паёмбари акрам (с) ҳифзи ҷон ва мол ва обрӯи муъмини мусулмон бар ҳар мусулмони воҷиб аст. Тақрибан ҳамаи мо ин масъаларо медонем вале ба он диққат намекунем албатта дар баҳси мол ва ҷон натанҳо диққат мекунем балки ҳамеша нигарони он низ ҳастем аммо мутаасифона камтар ба мавриди севвум яъне обрӯи мусалмонон таваҷҷӯҳ мешавад ҳеҷ гоҳ ҳатто ба зеҳнамон ҳам намегузарад, ки дуздии мол ва амволи касе ҳатто нисбат ба фарди кофир ,чӣ бирасад ба моли мусулмонӣ, ҳатто ҳозир ба фикр кардан ба ин қазия ҳастем? на ҳатто фикр кардан ба ин масъала, ки бихоҳем ба ҷони касе таҷовуз кунем назди мо манфӯр аст аммо дар хеле аз мувоқеъ ба ин роҳати аз мавриди севум (обрӯ) и одамҳо мегузарем ва ба содаги бо як тилфон кардан, смс, чашм ва абру тӯҳмат мезанем, бо обрӯи афрод бози мекунем, масхара мекунем ва хулоса бо обрӯю ҳайсияти онҳо ба роҳҳои мухталиф бози мекунем.
обрӯе, ки дар Қуръони карим аз лафзи ваҷиҳ аз он сухан гуфтааст; «یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا لَا تَکُونُوا کَالَّذِینَ آذَوْا مُوسَى فَبَرَّأَهُ اللَّهُ مِمَّا قَالُوا وَکَانَ عِندَ اللَّهِ وَجِیهًا؛ Эй касоника имон овардаед монанди касоне мабошед, ки Мӯсоро [бо иттиҳоми худ] озор доданд ва Худо ӯро аз ончи гуфтанд мубарро сохт ва назди худо обрӯманд буд»

Дар ояти 45 сураи Оли Имрон дар робита бо обрӯдории ҳазрати Исо ибни Марям (А) фармудааст: «إِذْ قَالَتِ الْمَلآئِکَةُ یَا مَرْیَمُ إِنَّ اللّهَ یُبَشِّرُکِ بِکَلِمَةٍ مِّنْهُ اسْمُهُ الْمَسِیحُ عِیسَى ابْنُ مَرْیَمَ وَجِیهًا فِی الدُّنْیَا وَالآخِرَةِ وَمِنَ الْمُقَرَّبِینَ؛  [Ёд кун] ҳангоме[ро], ки фариштагон гуфтанд эй Марям Худованд туро ба калимҳ‏ои аз ҷониби худ, ки номаш Масеҳ Исо и‏бни ‏Марям аст мужда ме‏диҳад дар ҳоле, ка [ӯ] дар дунё ва охират обрӯманд ва аз муқарабони [даргоҳи Худо] аст».

Обрӯи муъмин ба тамоми сармоя ва эътиборе аст, ки дар тӯли зиндагӣ бо сахти онро ба даст овардааст, ки иддае аз мо одамҳо ба роҳатӣ онро аз байн мебарем ва хасорати ҷуброн нопазириро падид меоварем.

Бинобар ин аз тамоми хонандагони муҳтарам хоҳишу таманно дорем, ки дар бораи обӯри муъминон ва бандагони Худо эҳтиёт кунем ва мо сабаби рафтани обӯруи онҳо нашавад, то Худованди мутаол обуруи моро дар қиёмат ҳифз гардонад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.