Солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷаи кубро (р) таслият бод

180
Даҳуми Рамазон-солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷаи кубро (р) ҳамсари гиромии Паёмбари азимуш-шаъни ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст.

Ҳазрати  Хадиҷа (р) ки аз занони номдор ва сарватманди  Қурайш буд, понздаҳ сол қабл аз биъсат   бо паёмбари  гиромии  ислом (с) издивоҷ кард. Ин бонуи  бузургвор, нахустин зане буд, ки ба рисолати  паёмбар имон овард ва бо тамоми тавон ва сарвати худ ба ёрии  дини  ислом бархост.
Ҳазрати  Хадиҷа (р) қабл аз ислом низ ба хотири доро будани сифатҳои  писандида ва фазоиҳи ахлоқӣ ва покдоманӣ “Тоҳира”‏ лақаб гирифта буд.
Вуҷуди  ҳазрати  Хадиҷа (р) барои Паёмбари  гаромии  ислом (с) ба қадре  аҳаммият дошт, ки Паёмбари акрам (с) реҳлати   ин бонуи бузургро  “мусибати азим” хонданд ва соли  реҳлати ҳазрати  Хадиҷа ва ҳомии  бузурги  дигари худ, яъне ҳазрати  Абутолиб- амаки  худро “Омул-ҳузн”, яъне  соли  андӯҳ номиданд.
Зиёди аз мусулмонон  дар шабу  рӯзи  солгарди вафоти  ҳамсари  Паёмбари   азимуш-шаъни ислом (с) бо ҳузӯр дар маконҳои  мазҳабӣ  ёди он бонуи бузургворро гиромӣ  медоранд.

Дар рӯзи даҳуми моҳи мубораки Рамазони соли даҳуми беъсат‏ ҳазрати Хадиҷа бонуи фидокор ва ҳамсари бениҳоят меҳрубони ҳазрати Расули Худо (с) дар синни шаступанҷ‏солагӣ аз дунё рафт ва ҳазрати Расули Худо (с) ӯро бо дасти мубораки хеш дар Ҳаҷуни Макка (қабристони Абӯтолиб) ба хок супорид ва ҳузни даргузашти ӯ паёмбарро бисёр маҳзун сохт, ки онро «соли ғаму андӯҳ» ном ниҳод.

Паёмбари Аъзам (с) солҳо баъд аз марги ӯ ба хубӣ аз танҳо ёри вафодори худ ёд мекард. Борҳо ба ёди ӯ гиря мекард.

Ҳазрати Оиша гуфт, ки Расули Худо (с) аз хона берун намерафт, магар он ки Хадиҷаро ёд мекард ва бар ӯ ба хубӣ ва некӣ мадҳу сано менамуд.

Рӯзе аз рӯзҳо ғайрат маро фаро гирифту гуфтам: Ӯ бевазане беш набуд ва Худо беҳтар аз ӯ ба шумо додааст.

Расули Худо (с) чунон ғазабнок шуд, ки мӯи пеши сараш аз ғазаб такон ме‏хӯрд сипас фармуд: Не, ба Худо қасам беҳтар аз ӯро Худо ба ман иваз надодааст. Ӯ ба ман имон овард, вақте ки мардум кофир буданд ва даъвати маро тасдиқ кард, замоне ки мардум маро такзиб мекарданд ва дар амволи худ бо ман мувосот кард, ҳангоме ки мардум маро маҳрум сохтанд ва аз ӯ фарзандоне Худо рӯзии ман кард, ки аз занони дигар маҳрум фармуд, «яъне Худо Фотимаро аз ӯ ба ман иноят фармуд.» (Усдулғоба)

Ҳазрати Оиша(р) мегӯяд, ки ҳар вақт Расули Худо(с) гӯсфандеро зибҳ мекард, мефармуд: Гӯштҳои онро барои дӯстони Хадиҷа бифиристед.

Дар ривоят машҳуре аст, ки чун барои Расули Худо(с) ҳадяе меоварданд гоҳе мефармуд: Барои фалон бонуе бибаред, ки аз дӯстони Хадиҷа будааст.

Дар рӯзи фатҳи Макка Расули Худо(с) роҳи ҳаракатро ба гунае танзим кард, ки аз канори мазори ҳазрати Хадиҷа (р) гузар намуд.

Се вижаги рафтории ҳазрати Хадиҷа(с)

Ҳазрати Хадиҷа(с) дар буъдҳоигуногуни инсонӣ, шахсияти воло ва арзишманде дошт. Ӯ аз чунон шахсияти мумтозе бархурдор буд, ки Пайғамбар(с) ӯро ба ҳамсари пазируфт ва бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои арзишманди ӯ буд, ки пас аз реҳлати ӯ ҳамвора ёдашро дар хотира дошт. Бархе аз вижагиҳои ҳазрати Хадиҷа(р)иборат аст аз:

Муқовимат ва пойдорӣ

Рафторҳои фурӯтанона ва мудаббиронаиҳазрати Хадиҷа(с) дар баробариПайғамбар(с) ва азамати маънавии ӯ, мавриди сарзаниши бархе аз занони Қурайш қарор мегирифт, ки бо мафоҳиме чун ростгӯӣ, амонатдорӣ ва хушрафтори бегона буданд ва фалсафаи издивоҷи зани сарватманд бо мардитиҳидастро дарк намекарданд. Азинру, онон ба Хадиҷа(с) таъна мезаданд ва ӯро меозорданд ва бо ӯ рафторҳои номуносиб доштанд.

Ҷавоби Хадиҷа(р) ба ин ҳама носипосӣ ва нодонӣ, танҳо муқовимат ва пойдори дар канори ҳузури оромбахши ҳамсараш буд. Ӯ дар ҷавобба сарзанишкунандагон мегуфт: «Оё касе монанди Муҳаммад(с) дар некӯӣ, некрафторӣ, хислатҳои писандида ва фазилат ва шарофат, дар тамомисарзамини араб сӯроғ доред»?

Инфоқ ва эҳсон

Яке аз вижагиҳои ҳазрати Хадиҷа(с) ин буд, ки бар асари тадбир ва талош ва кӯшиш дар тиҷорат ва умури иқтисодӣ, аз сарватмандони асри худ буд. Бо ин ҳама, ӯ ҳаргиз аз ёрии фақирон рӯй барнамегардонд ва хонааш ҳамвора паноҳгоҳи ниёзмандон буд. Ӯ дар роҳи таҳаққуқи ормонҳои ислом, ҳама сарвати худро инфоқ кард ва ин амали ӯ барои пешбурди ислом, бисёр судманд ва муҳим буд; то онҷо, ки Пайғамбар(с) фармуд:   Ҳеҷ сарвате ҳаргиз маро суд набахшид, ки сарватиХадиҷа ба ман суд бахшид».

Содазистӣ

Ҳазрати Хадиҷа(с) пеш аз издивоҷ бо Пайғамбар(с) хонаи бошукӯҳ ва муҷаллал дошт. Ӯ пас аз издивоҷ, тамоми ин ҷалол ва шукӯҳро ба поиҳамсараш рехт ва он хона, ки пеш аз тулуи ислом паноҳгоҳи мустамандон буд, пас аз ислом пойгоҳи муъминон шуд. Пайғамбар(с) ва Хадиҷа(с) бо рафтори худ дар дӯри аз таҷаммулгароӣ ва бо амал ба содазистӣ, улгуи пайравон ва мусулмонон шуданд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.