Ҳуқуқи навзод

110

Даромад

Баррасии раҳнамудҳои пешвоёни Ислом дар бораи ҳуқуқи навзод, нишон медиҳад, ки кўдак дар оғози таваллуд ҳашт ҳақ бар хонаводаи худ дорад. ин ҳуқуқ иборатанд аз:

1. Бузургдошти таваллуд

Рўзе, ки Худованди Мутаол неъмате ба инсон иноят кунад, «ид»[1] аст ва фархундаву муборак. Навзод неъмати бузурге барои хонавода аст ва ҷашни таваллуд дар ҳақиқат ҷашни сипосгузорӣ аз ин неъмати бузурги илоҳӣ аст ва таҳният гуфтани он ва валима додан барои бузургдошти он, матлуб аст.

Ҷашни таваллуд, бузургдошти рўзе аст, ки нахустин неъмати илоҳӣ, ки халъати вуҷуд аст, инсонро фаро мегирад ва ў бо камоли иззату бузургворӣ, дида ба ҷаҳон мекушояд.

Паёмбари Худо (с) аз Имом Алӣ (а) пурсид: Нахустин неъмате, ки Худованд ба ту иноят кард, чист?

Имом (а) посух дод: Нахустин неъмати илоҳӣ бар ман ин аст, ки маро офарид, дар ҳоле ки чизи дархўри зикре набудам.

Бинобар ин, такрори ҳамасолаи ҷашни таваллуд ба манзури сипосгузорӣ аз нахустин неъмати илоҳӣ, шоиставу некўст, ҳарчанд далели хоссе, ки истеҳбоби ин ҷашнро исбот намояд, вуҷуд надорад, монанди ҷашни таклиф.

2. Ғусл додан[2]

Дар бораи ғусли навзод чан нукта қобили диққат аст:

а) Мақсуд аз ин ғусл шустушўи навзод нест, балки мақсуд ғусл ба мафҳуми шаръии он аст. Бинобар ин, касе ки навзодро ғусл медиҳад, бояд аҳкоми ғусл (монанди: қасди қурбат ва тартиб)-ро риоят намояд.

б) Истеҳбоби ин ғусл машрут аст ба зарар надоштани он барои кўдак.

в) Истеҳбоби ғусли навзод ҳангоми таваллуд аст ва таъхир дар он то ду се рўз монее надорад.

г) Бархе аз фуқаҳои гузашта, ғусли навзодро воҷиб донистаанд.

3. Азону иқом гуфтан дар гўши навзод

Нукоте, ки дар мавриди ин кор қобили диққат аст, инҳост:

а) Азон бояд дар гўши рости навзод гуфта шавад ва иқома дар гўши чапи ў.

б) Ҳангоми гуфтани азону иқома дар гўши навзод, дар бархе ривоёт пас аз баланд шудани садои навзод ва дар бархе қабл аз афтодани нофи ў зикр шудааст.

в) Ин суннати исломӣ ҳокӣ аз нақшофаринии нахустин садо дар табиат кўдак ва таъсири он дар тарбияту сарнавишт ўст.

4. Бардоштани коми кўдак

Дар шуморе аз ривоёт бардоштани коми кўдак бо оби борон, оби гарм, хурмо ва асал низ тавсия шудааст ва аз ин рў дар сурати имкон беҳтар аст қадре асалу хурморо бо каме оби Фурот ё оби борон махлут кунанд ва ба коми кўдак бимоланд.

Ин раҳнамуд низ нишон диҳандаи нақши нахустин хўрданиҳо, монанди нахустин шуниданиҳо дар сарнавишти кўдак аст.

5. Интихоби номи некў

Дар ривоёти исломӣ интихоби номи некў барои навзод, нахустин некии хонавода ба фарзанд шумурда шудааст. Шоиста аст, ки хонаводаҳои мусулмон бо баҳрагирӣ аз раҳнамудҳои пешвоёни худ, беҳтарин номро барои фарзандони худ интихоб намоянд. Ин раҳнамудҳо иборатанд аз:

а) Хонаводаҳо метавонанд ҳар номи зебоеро барои кўдаки худ интихоб кунанд.

б) Содиқтарин номҳо, номҳое аст, ки ҳокӣ аз убудият ва пайванди инсон бо офаридгори худ бошад.

в) Беҳтарин номҳо, номи анбиёи илоҳӣ ва пешвоёни динӣ ва беҳтар аз ҳама номи Муҳаммад аст.

г) Касоне, ки Худованди Мутаол чаҳор фарзанди писар ба онҳо иноят кардааст, хуб нест, ки номи яке аз онҳоро «Муҳаммад» нагузорад.

д) Номгузории фарзанд қабл аз таваллуд анҷом шавад ва агар маълум нест, ки ҷанин духтар аст ё писар, номе, ки бо ҳарду таносуб дорад, интихоб гардад. Албатта тағйири номи пас аз таваллуд монее надорад.

е) Номгузории писар ба «Муҳаммад» то ҳафт рўз пас аз таваллуд ва тағйири он пас аз гузашти ин муддат, дар сурати тамоюл.

ё) Бархе номиҳо монанди: Муҳаммад, Фотима ба далели иртиботи онҳо бо шахсиятҳои бузурги исломӣ, эҳтироми вижае доранд, ки бояд риоят гардад.

ж) Номҳое монанди: шаҳоб, ҳариқ, ҳубоб, калб, фаррор, ҳарб ва золим, ки ҳокӣ аз шар ва ё ашроранд, макрўҳ аст.

з) Номҳое, ки ҳокӣ аз худситоӣ аст ё ҳангоми нафйи онҳо дар гуфтугў фоли бад зада мешавад (монанди: муборак), накўҳида шумурда шудааст.

и) Номҳое, ки шоистаи Худованди Мутаол аст (монанди: Қуддус, Ҳакам ва Холиқ), набояд дар номгузорӣ мавриди истифода қарор гирад ва бархе ин гуна номгузориро таҳрим кардаанд.

6. Тарошидани сари навзод

Мустаҳаб аст, ки рўзи ҳафтуми вилодат, мўҳои сари навзод тарошида шавад ва ҳамвазни он тилло ё нуқра садақа дода шавад. Дар истеҳбоби ин амал фарқе миёни навзоди духтар ва писар нест.

7. Ақиқа кардан барои навзод

Ақиқа кардан иборат аст аз зибҳи гўсфанд ҳангоми вилодат барои итъом.

Нукоте, ки дар ин кор бояд мавриди таваҷҷўҳ қарор гирад, иборатанд аз:

а) Ақиқа кардан барои фарзанд, мустаҳабби муаккад аст, балки бархе аз фуқаҳо онро воҷиб донистаанд.

б) Мустаҳаб аст барои писар гўсфанди нар ақиқа шавад ва барои духтар гўсфанди мода.

в) Замони ақиқа кардан рўзи ҳафтуми вилодат аст ва агар дар он таъхир бияфтад, истеҳбоби он соқит намешавад, балки агар падару модар барои фарзанд ақиқа накарда бошанд, мустаҳаб аст шахс пас аз булуғ барои худ ақиқа кунад.

г) Мустаҳаб аст, ки гўшти ақиқаро миёни мўъминон тақсим кунанд ва аз онон бихонҳанд барои навзод дуо кунанд, вале беҳтар аст ақиқаро бипазанду ҳадди ақал даҳ нафар аз аҳли имонро барои хўрдани он даъват кунанд, то аз он бихўранду барои навзод дуо намоянд.

д) Мустаҳаб аст дар тақсим кардани гўшти ақиқа, устухонҳои онро нашикананд ва пову рон, балки якчаҳоруми онро барои момо бифиристанд.

е) Барои падару модари навзод ва оилаи падар макрўҳ аст аз ақиқаи навзодашон бихўранд ва ин кароҳат барои модари навзод бештар аст.

ё) Дуо кардан ҳангоми зибҳи ақиқа мустаҳаб аст. Дуоҳое, ки дар ин бора аз Аҳли Байт (а) ворид шудааст, бисёр аст.

Хатна кардани писар дар рўзи ҳафтуми вилодат суннат аст ва таъхири он то ҳангоми булуғ ҷоиз нест. Эҳтиёт он аст, ки авлиёи кўдак ўро қабл аз булуғ хатна кунанд, аммо пас аз булуғ хатна воҷиби фаврӣ аст ва таъхири он ҷоиз нест.

Ҳамчунин мустаҳаб аст, ки ҳангоми хатнаи кўдак, дуои маъсур хонда шавад.

[1] Ид дар луғат аз решаи «авд» ба маънои бозгашт аст. Бинобар ин, рўзҳое, ки неъматҳои аз даст рафта ба фард ё ҷомеа бозмегардад, ид номида мешавад, вале ба тадриҷ ин калима дар мутлақи рўзҳои фархундаву муборак ба кор рафтааст. Ҳарчи неъматҳои илоҳӣ бузургтар бошад, ид аз фархундагиву шукўҳи бештаре бархўрдор буда мояи масаррату шодмонии бештаре аст.

Бар асоси ин таъриф, ҳар рўзе ки инсон кори ношоисте анҷом надиҳад, барои ў рўзи ид маҳсуб мешавад. Имом Алӣ (а) дар ин бора фармудааст: «Ҳар рўзе, ки дар он Худованд нофармонӣ нашавад, рўзи ид аст».

[2] Бархе аз фуқаҳо эҳтимол додаанд, ки мақсуд аз он мутлақи шустушў ва назофати навзод бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.