Анҷир – меваи қавӣ ва муфид барои бадан

48

Анҷир дарахте аст бо баргҳои зард ва панҷаӣ ва ба рангҳои сабз ва хокистарӣ, ки баландии он то шаш метр мерасад ва ба далели муқовимат надоштан дар муқобили сармои шадид дар манотиқи муътадил ва гармсер кишт мешавад.

Ба гузориши  хабарнигори  бошгоҳи хабарнигорон ,aнҷир қанди зиёде дорад. 50 дарсади анҷири хушкро қанд ташкил медиҳад.

Анҷир манбаъи ғании  фибри ғизоӣ  мебошад. Лигнин  як навъи фибри ғизоии ғайримаҳлуле ё ҳалнашаванда аст, ки ба миқдори зиёд  дар анҷир вуҷуд  дорад ва нақши умдае  дар пешгирӣ  ва рафъи сахт шудани мизоҷ дорад.

Анҷир манбаъи ғании фибри ғизоӣ ва низ манбаъи хубе аз калий, магний , калсий , фосфор ва витаминҳои C , B , A аст.

Аз анҷир метавон дар режимҳои ғизоии  хос мисли режими камвазнӣ , камнатрий, пурфибр , коҳиши вазн , диабет ва ҳатто рижими ғизоии баҳри миёназаминӣ  истифода кард.

Анҷир натрий ва равған  надорад ва монанди дигар меваҳои бидуни холестрин  аст.

Анҷир аз назари тибби қадими  Эрон гарм ва тар аст.

Анҷир арақи баданро зиёд мекунад.

Ҳарорати баданро коҳиш медиҳад.

Фарбеҳкунанда аст ва барои онҳое ки мехоҳанд вазн изофа кунанд бисёр муфид аст . Ба ин манзур метавон онро бо шир омехта  кард ва дар байни ғизоҳо хурд.

Анҷири ( тоза ё хушк ) юбусат(сахт шудани мизоҷ ё ба русӣ”запор”)-ро бартараф мекунад ва яке аз беҳтарин меваҳое барои тамиз  кардани  рудаҳои  бузург ва рафъи юбуст аст . Дар қадим барои аз байн бурдани  юбусат аз шарбати анҷир истифода мекарданд .

Ҷушондаи анҷири  хушк  дармонкунандаи дарди роҳҳои  нафаскашӣ, гурда , бронхит, зотулҷанба(плеврит), сурхак, махмалак ва обила мебошад

Ҷушондаи ғализи анҷири хушк барои рафъи сармохурдагӣ бисёр муфид аст ва ғарғара  кардани он  гулудардро бартараф мекунад.

Анҷир дастгоҳи ҳозимаро тақвият мекунад.

Анҷир барои дармони бадҳазмӣ муфид аст .

Дамкардаи анҷир бо шанбилила (пажитник )  барои синадард муфид аст .

Барои рафъи варами тиҳол ё испурч, сипурз (селезинка)  анҷирро ба муддати 9 рӯз дар уксус тар  кунед ва ҳар рӯз панҷ адад аз онро бо уксус бихуред .

Анҷир зидди саратон аст .

Анҷир дар муъолиҷаи  бемориҳои  пустӣ низ  таъсирбахш аст .

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.