Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Бузургдошти таваллуд

Қуръон

Ва дуруд бар ў, рўзе ки зода шуд ва рўзе ки мемирад ва рўзе ки зинда барангехта мешавад![1]

Ва салом бар ман рўзе ки зода шудам ва рўзе ки мемирам ва рўзе ки зинда барангехта мешавам![2]

Ҳадис

  1. Имом Боқир (а): Эй фарзанди рўзҳои сегона: он рўз, ки дар он зода шудӣ, он рўз, ки дар қабрат фуруд меоӣ ва он рўз, ки ба сўи Парвардигорат берун меоӣ. Эй вой бар ў аз он рўзи бузург!
  2. Имом Боқир (а) ҳангоми табрик ба хотир фарзанддор шудани касе: Аз Худо мехоҳам, ки ўро бо ту ва пас аз ту ҷонишини шоистаи ту қарор диҳад, зеро фарзанд ҷонишин падар дар зиндагию марги ўст.
  3. Имом Содиқ (а): Бузургтарин рўзи инсон, рўзе аст, ки зода мешавад ва кўчактарин рўзи ў, рўзе аст, ки мемирад.
  4. Имом Содиқ (а): Шахсе дар табрик ба касе, ки писардор шуда буд, гуфт: Таваллуди фарзанди саворкор бар ту муборак бод.

Имом Ҳасан (а) ба ў фармуд: Ту чӣ медонӣ, ки ў саворкор хоҳад шуд ё пиёда?

Фидоят шавам, пас чӣ бигўям?

Фармуд: Бигў: Сипос гузоридӣ бахшандаи ин неъматро ва ҳадяи Худованд ба ту муборак бод. Умедворам ба камол бирасад ва Худованд некияшро рўзии ту гардонад.

  1. Кофӣ ба нақл аз Алӣ ибни Ҳакам аз яке аз пайравон: Имом Козим (а) дар таваллуд яке аз фарзандонаш то се рўз бо косаҳои бузург дар масоҷиду кўчаҳо ба мардуми Мадина бо фолуда[3] валима дод.

[1] Марям/15.

[2] Марям/33.

[3] Фолуда, ҳалвое аст, ки аз орд ва обу асал дуруст мекунанд.

 

Share



Назари худро бинависед