Нушидани чой чи фоидаҳое дорад?

158

Чой дорои антиоксидҳои қавӣ, яъне флавоноидҳост.

Аммо як антиоксид чист ва чи вижагии хосе дорад?

Антиоксидҳо ба бадан дар мубориза муқобили осори радикалҳои  озод кумак мекунанд.Радикалҳои    озод   масъули  бахши умдае аз пир шудани ҳуҷайраҳо ҳастанд,ки ин ҷараёни радикалҳои  озод фишори  аксидатив  меноманд.Тамоми ҳуҷайраҳои мо ниёзманди оксиген  барои ширкат дар вокунишҳои  аксидатсиюнӣ   ҳастанд;  вокунишҳое, ки дар натиҷаи онҳо радикалҳои  озод тавлид мешаванд. Ин молекулаҳо ба таври табиъӣ бидуни хатар ва зиён ҳастанд, ҳатто дар бадан корбурд   доранд  масалан дар ҷараёни  нафаскашӣ  ё дар системаи дифоъӣ  дар муқобили уфунатҳо саҳмгузор  ҳастанд.

Тавлиди  радикалҳои  озод бастагӣ ба бархе  омилҳои хориҷӣ доранд. Ба таври  мисол  духониёт(сигарет ва қалиён),  олудагии ҳаво ё қарор гирифтан дар маърази нури офтоб тавлид онҳоро афзоиш медиҳанд.Дар замони маъмул  бадан  тағийротро  ба кумаки як системаи муфид  идора мекунад.

Ин системаи муфид ҳамон антиоксидҳо  ҳастанд, ки таъсири радикалҳои  озодро хунсо мекунанд. Аммо агар радикалҳои  озод ба мизони бисёр зиёд тавлид шаванд  мумкин аст таҳоҷумӣ  шаванд ва табдил ба омиле барои пир шудани ҳуҷайраҳо мегарданд.Банобарин  аз як су бояд тавлиди радикалҳои озод  хусусан онҳоеро, ки омили хориҷӣ доранд маҳдуд кард.

Ва аз суи дигар аз антиоксидҳои зарурӣ, ки дар ихтиёри бадан аст муҳофизат  кард.

Чои  сабзи   табиӣ :Чои сабз аз ҳамон гиёҳи чои сиёҳ ба даст меояд, вале аз назари доштани полифнол бисёр ғанитар аст,  чаро ки дучори  тахмир (ферментация) намешавад.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.