Ғусл додани навзод

98

Азону иқома гуфтан дар гўши навзод

Паёмбари Худо (с): Ҳар кас соҳиби фарзанд шавад ва дар гӯши рости ӯ азону дар гӯши чапаш иқома гӯяд, умми сибён[1] ба ӯ зиён нарасонад.

Паёмбари Худо (с): Барои ҳар кас фарзанде зода шавад, бояд дар гӯши рости ӯ азону дар гӯши чапаш иқома бигӯяд, зеро мояи эминӣ аз шайтони рондашуда аст.

Сунани Абудовуд ба нақл аз Абурофеъ: Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки вақте Фотима (а) Ҳасан ибни Алӣ (а)-ро бизод, дар гӯши ӯ азони намоз хонд.

Имом Алӣ (а): Вақте замони зоймони Фотима (а) фаро расид, Паёмбари Худо (с) ба Асмоъ бинти Умайс ва Умми Салама (р) фармуд: Дар канораш бошед. Вақте фарзандаш ба дунё омаду гиря кард, дар гӯши росташ азону дар гӯши чапаш иқома бигӯед, зеро ҳар ҷо монанди ин кор анҷом шудааст, навзод аз шайтон дар амон мондааст ва ҳеҷ накунед, то ман биёям.

Вақте Фотима (рз) таваллуд кард, онон ҳамин корро карданд, сипас Паёмбари Худо (с) омаду нофи ўро бурид ва нахустин хўрокро бо оби даҳонаш ба ӯ доду гуфт: Худовандо! Ман ӯро ва фарзандони ӯро аз шарри шайтони рондашуда, дар паноҳи ту қарор медиҳам.

Имом Содиқ (а) дар бораи он чӣ ҳангоми вилодати навзод анҷом медиҳанд: Ба момо ё касе, ки назди ўст, фармон диҳед дар гўши росташ азон бигўяд, то ҳаргиз девонаву ҷинзада нашавад.

Имом Содиқ (а) дар баёни он чӣ ҳангоми вилодат шоиста аст: Дар гӯши рости ӯ азон ва дар гўши чапаш иқома бигӯ. Ин корро пеш аз буридани ноф анҷом бидеҳ, ки дар ин сурат ҳаргиз тарсон намешавад ва дучори бемории умми сибён намегардад.

[1] Умми сибён, ба навъе беморӣ гўянд, ки дар он фард дучори ҳолате мешавад, ки дар истилоҳ ба оно «бод гирифтан» мегӯянд ва гоҳе муҷиби беҳушии фард мегардад. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки умми сибён навъе ҷин аст, ки кўдаконро озор медиҳад. Дар форсӣ муодили модари дев ва девзадагӣ дониста шудааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.