Ком бардоштани кӯдак

114

1.Паёмбари Худо (с): Коми навзод бо оби гарм бардошта мешавад.

2.Муснади Абўяъло ба нақл аз Абумусо: Барои ман писар зода шуд. Ўро назди Паёмбари Худо (с) бурдам. Ӯро Иброҳим номид ва коми ўро бо хурмо бардошту дуо кард, ки мояи баракат бошад ва ўро ба ман баргардонд.

3.Саҳеҳи Муслим ба Нақл аз Оиша (р): Ҳангоме ки кӯдаконро назди Паёмбари Худо (с) меоварданд, эшон ононро мутабаррик мекарду коми ононро мебардошт.

4.Имом Алӣ (а): Коми фарзандонатонро бо хурмо бардоред. Паёмбар (с) бо Ҳасан ва Ҳусайн ин гуна кард.

4.Имом Алӣ (а): Огоҳ бошед, ки агар аҳли Кўфа коми фарзандонашонро бо оби Фурот бармедоштанд, ҳар оина пайрави мо мешуданд.

5.Кофӣ ба нақл аз Юнус аз яке аз пайравон: Имом Боқир (а) фармуд: Коми навзод бо оби Фурот бардошта ва дар гӯши ӯ иқома гуфта мешавад.

Ва дар ривояти дигаре омадааст, ки фармуд: Коми фарзандонатонро бо оби Фурот ва бо турбати қабри Имом Ҳусайн (а) бардоред ва агар нашуд бо оби борон.

6.Имом Ризо (а): Ҳангоме ки фарзанд зода мешавад, коми ўро агар тавонистӣ бо оби Фурот, вагарна бо асал бардор.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.