Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Рози шод зистан дар хонавода

Ба ростӣ, чаро баъзе аз пайвандҳои ошиқона баъд аз издивоҷ аз ҳам фурӯ мепошад? Оё то кунун аз худ пурсидаед, ки чаро баъзе аз ҳамсарон бо якдигар ҳамдилӣ ваҳамфикрӣ доранд ва бархе на? Оё то ба ҳол атрофи ин мавзӯъ фикр кардаед, ки чӣгуна занон ва шавҳароне, ки чанде пеш ошиқи якдигар буданд, имрӯз наметавонанд боҳамдигар зиндагӣ кунанд, якдигарро чашми дидан надоранд ва намехоҳанд, ки дубора зиндагиро бо якдигар ва ҳатто беҳтар аз қабл идома диҳанд? Чӣ тавре медонед, аксари соҳибназарон, равоншиносон, ҷомеашиносон ва умуман, донишмандон иллати аслии ихтилофотҳои хонаводагӣ ва масоили заношӯиро ҳамдигарнофаҳмӣ ва набудани робитаи амиқ миёни завҷайн унвон мекунанд. Барои тавзеҳи суолоти мазкур чакидае аз раҳнамудҳои тарбиятии соҳибназарон ва равоншиносон ба шумоҳамсарони ҷавон тақдим мешавад.

ПАЙРЕЗИИ ПОЯҲОИ ЗИНДАГИИ  БО САДОҚАТ

Садоқат ҳамчун пули иртиботии таъсирсоз мӯҷиби он мешавад, ки зану мард майлу рағбати вофиру комиле барои сӯҳбат бо якдигар пайдо кунанд ва аз ин тариқ бар рушди шахсияти худ ва ҳамсарашон бияфзоянд. Бояд барои ноил шудан ба ҳамдигарфаҳмӣ зану шавҳар дар ҳама баландию пастии зиндагӣ нисбат ба ҳамдигар содиқу ростгӯ бошанд. Завҷайн дар зиндагии муштарак замоне ба авҷи саодат даст меёбанд, ки масири онро бо садоқату дурустӣ тай намоянд.

БИНИШИ НАКӮ

Ҳамеша нисбат ба ҳамсари хеш нигарише муттакӣ бар се унсури мусбат дошта бошед.

А) Ӯро ба унвони фарди боарзиш ва бархӯрдор аз каромати инсонӣ бипазиред.

Б) Ӯро фарди бокамолу бузург бидонед.

В) Ба пешрафту тарақии ӯ алоқаманд бошед.

Вуҷуди чунин бинише, дар шахсияти инсонӣ арсаи зиндагиро бар рӯйи навоварӣ мекушояд ва қонуни хонаводаро аз фарсоиш ва заволи тадриҷӣ ҳимоят месозад.

МУСБАТГАРОӢ ДАР БАРОБАРИ МАНФИГАРОӢ

Аз муҳимтарин вижагиҳои хонаводаи мутаодил ва хушбахт тавони бархӯрди мусбату созанда бо муҳити перомун ва ё ба иборае мусбатгароӣ мебошад. Шахсе, ки дорои сирати зебо бошад, пайваста ба гуфтору рафтори ҳамсараш ба он чи, ки хайру зебоист, таваҷҷӯҳ мекунад ва ҳатто бархе айбҳои эҳтимолии ӯро «ҳунар» мебинад. Мусбатгароиро метавон «ҳунари хуб дидан» низ номид. Ҳунаре, ки ҳамчун соири ахлоқу рафторҳо бо такрор ва тамрин дар вуҷуди инсон реша карда, ба сурати малакае дармеояд, бинобар ин, бояд барои мусбатгароӣ, дилу чашмҳоямонро дар ҳавои мусбатгароӣ тарбият кунем. Агар воқеан, хоҳони пешрафту камол дар ҳамсари худ ҳастед, ҷанбаҳои хуби шахсӣ ва ҳунарҳои мусбати ӯро ёдовар шавед ва бо ташвиқ ва қадрдонӣ онҳоро дар вуҷуди ҳамсаратон мустақар намоед. Он вақт хоҳед дид, ки ӯ ба тадриҷ ва ба осонӣ метавонад бар баландтарин қуллаи муваффақият ва камол барояд.

АЛОҚА ВА ТАМОЮЛОТИ  ҲАМСАРАТОНРО ДАР  НАЗАР БИГИРЕД

Бо мутолиа дар ҳолоту рӯҳиёти ҳамсари худ феҳрасте аз алоқаҳо ва тамоюлоти вайро ба даст оваред ва нисбат ба таъмини онҳо худро ӯҳдадор бидонед. Дар назар гирифтани алоқаҳои усулии ҳамсар ва нуқтаи шурӯи суханро бар яке аз алоқаҳои вай муттакӣ намудан роҳро барои рушди тафоҳум ҳамвору осон месозад.

ТАБОДУЛИ ОТИФӢ

Аз беҳтарин ва пуршукӯҳтарин таҷаллиёти зиндагии босаодат доду ситади отифии завҷайн дар ибтидоӣ зиндагӣ ва идомаи он дар тӯли равобити муштарак мебошад. Шеваҳои саҳеҳи мубодилоти отифӣ байни зан ва мард иборатанд аз:

  1. Шеваи қалбӣ. Қалб сарчашмаи ҷӯш задани эҳсосоту тамоюлот аст. Агар ҳамсаре дар киштзори қалби худ донаи ишқу муҳаббати ҳамсарашро кошт, як умр бардорандаи нишот, шодобӣ, боландагӣ ва навоварӣ хоҳад буд.
  1. Шеваи каломӣ. Яке аз тавоноиҳои рӯҳии одамӣ ибрози муҳаббат нисбат ба ҳамсар ва шарики зиндагиаш мебошад. Монеаҳое, ки дар масири ибрози муҳаббат роҳро мебанданд, иборатанд аз: адами маърифат, ғурури беҷо, шарму ҳаёи ифротӣ.
  1. Шеваи амалӣ. Дар ин тариқ пояҳои зиндагӣ бо анҷом додани иқдомоти муҳаббатомез ва самимона истеҳкоми бештаре меёбед ва эҳсоси арзиши шахсии ҳаряк фузунӣ мегирад.

ПАРҲЕЗ АЗ МУҚОИСАИ  ҲАМСАР БО ДИГАРОН

Ҳамеша аз муқоисаи ҳамсаратон бо дигарон бипарҳезед. Зеро чунин муқоисае ба робитаи хуби байни шумо осеб ворид мекунад. Ҳамсари шумо инсонӣ мунҳасир ба фард ва дорои вижагиҳои шахсӣ (вижагиҳои мусбат ва манфӣ) мебошад, ки қобили муқоиса бо ҳеҷ фарди дигаре нест. Аз ин рӯ, дар зарурат метавон ӯро бо гузаштаи худи ӯ муқоиса намуд ва мизони пешрафт ва ё коҳиши эҳтимолии мизонҳои ахлоқию маънавӣ ва амалии вайро мавриди таъйид, ё тазакур қарор дод. Бе шак ин амал бар дараҷаи тафоҳуми зану шавҳар хоҳад афзуд.

ҲУНАРИ ХУБ ШУНИДАНИ  СУХАНИ ҲАМСАР

Ҳангоми гуфтугӯ бо ҳамсаратон бо диққат ба матлаби вай гӯш фаро дода, он гуна амал намоед, ки гӯё ҷуз ба вай ва суханонаш ба мавзӯи дигаре таваҷчӯҳ надоред. Инчунин аз анҷоми ҳар амале, ки барҳамзанандаи таваҷҷӯҳи шумо бошад, худдорӣ кунед.

ҲАҚҚИ ҲАМСАР ДАР  ТАСМИМИ ГИРЕҲҲО

Дар тасмими гиреҳҳо, интихоби роҳҳои ҳал ва барномаҳои зиндагии муштарак бояд ҳар як аз завҷайн ҳаққе барои ҳамсарашон дар назар бигиранд ва ӯро аз саҳнаи тасмимот дур ва бар канор нигоҳ надоранд. Мудирияти матлуб дар зиндагии муштарак замоне имконпазир хоҳад буд, ки ҳар як аз тарафайн аз аҳамияти нақши худ дар пешбурди умури хонавода итминон ҳосил намояд.

Share



Назари худро бинависед