Ширинии зиндагӣ

170

Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб: Паёмбари акрам (с) аз Алӣ (кр) пурсид: Ҳамсаратро чӣ гуна ёфтӣ?

Гуфт: Ёвари хубест дар тоати Худованд.

Ҳамин саволро аз Фотима (рз) пурсид. Гуфт: Беҳтарин шавҳар аст.

Ҳазрати Алӣ (кр) дар баёни рафтораш бо Фотима (рз) фармуд: Ба Худо қасам, ки то зинда буд, на ӯро асабонӣ намудам ва на ба коре ӯро маҷбур кардам! Ӯ низ на маро асабонӣ намуд ва на дар коре аз ман нофармонӣ кард. Ҳангоме ки ба ӯ нигоҳ мекардам, ғаму андӯҳҳо аз ман берун мешуданд.

Паёмбари акрам (с) фармуданд: Барои зан ҳеҷ шафее назди Парвардигораш корсозтар аз ризояти шавҳараш нест.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.