Шӯрбо

105

 

Шӯрбо як ғизои маъмулӣ ва бомаззаву дӯстдоштаи мардуми тоҷик аст, ки аз рӯи хосиятҳояш дар феҳристи ғизоҳои миллӣ мақоми аз ҳама баландро ишғол менамояд. Ин ғизо парҳезӣ буда, барои ҳамаи миҷозҳо мувофиқ, безарар ва мӯътадил аст. Хосияти асосии ин ғизоро дар иштиҳооварӣ, таъсирбахшандагӣ, қувватнокӣ ва латифию гувороияш медонанд. Шӯрборо аз гушти тозаи гову гӯсфанд, буз ва парранда омода менамоянд. Ин хӯрок навъҳои гуногун дорад, ки беҳтаринаш хомшӯрбо мебошад.

Хомшӯрбо аз шумули хӯрокиҳои асили миллӣ маҳсуб меёбад ва чун ғизои асосӣ дар тӯю маъракаҳо истифода мешавад. Барои касони дардманд, камқувват, солхӯрда, хеҷ ғизои дигаре ҷои хомшӯрборо иваз карда наметавонад. Ба хомшӯрбо маҳсулоти зиёд ҳамроҳ кардан ҷоиз нест, зеро хосияти табобатияш аз байн рафта, маззааш тағйир меёбад. Маъмулан онро бо гӯшт, нахӯд, сабзӣ, пиёз омода месозанд. Ба хомшӯрбо равған изофа намекунанд. Чун он аз гӯшти серравған омода мешавад, ба изофа кардани равған зарурат надорад. Нозукиаш дар он аст, ки гӯштро то пурра пухта шуданаш меҷӯшонанд ва ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз пешниҳод кардан ба он пиёз ҳамроҳ месозанд, ки ин ғизоро бомазатар мегардонад.

Бино ба иттилои сарчашмаҳо имрӯз бештар аз 20 намуди шӯрбо омода мешавад. Ин аст ки вобаста ба тариқи омода кардан тамъ, маза ва хосиятҳояшон якхела нест. Шӯрборо дар ҳар маҳал ба тариқи хоса омода менамоянд, вале умумияти асосӣ дар ин ғизо гӯшт аст.

Тариқи тайёр кардани шӯрбо низ дар ҳар мавзеъ гуногун аст. Сокинони аксари минтақаҳои кишвар ҳангоми омода кардани шӯрбо гӯштро дар равған таф дода, ба он маҳсулоти дигар, аз ҷумла, картошка, сабзӣ, карам, помидор ва ғайра ҳамроҳ намуда, 25 – 30 дақиқа мезирбонанд ва баъд обу намакро ҳамроҳ менамоянд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.