Меъёрҳои як пойафзоли муносибро бидонем!

63

По қалби дувуми инсон аст ва саломатии онҳо ва расидагии рузона ба онҳо боис мешавад то қалбат ҳамвора солим бимонад.

 Мутолиъоти ахири муҳаққиқон нишон медиҳад беш аз 30 дарсад аз мушкилоти қалбӣ ва мағзӣ ба далели пушидани кафш (пойафзоли) ҳои  номуносиб аст, ки ин мушкилот бо иваз кардани  кафшҳо ва пушидани кафшҳои стандарт (мутобиқи меъёр) ва солим қобили бартараф шудан аст.

Баррасиҳо  нишон медиҳад  донишмандон бо анҷоми озмоишоте  руи ҳазорон довталаб дарёфтанд, ки бонувон тамоюл ба пушидани кафшҳои ғайристандарт бештар нисбат ба мардон доранд ва мушкилоти марбут ба сутунмуҳра  ва муҳраҳои миён  дар занҳо ба маротиб бештар аз мардон  аст.

Пушидани кафши луждор  ва дорои  пошнаи бо баландии  2  то  3 сантиметр барои занҳо зарурӣ аст ва боиси шакл  додан ба устухонҳо мешавад, аммо кафшҳои бо пошнаи кам  қадро кутоҳтар аз ҳолати одӣ мекунанд ва ҷозибаи замин боиси уфтодагии устухонҳо мешавад.

Мутолиаҳо  нишон медиҳанд занҳо ҳамвора бояд кафшҳои стандарт ба по кунанд, то аз мушкилот ва осебҳое, ки мумкин аст барояшон ба вуҷуд  ояд дар амон бимонанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.