Номи нек гузоштан бар фарзанд

458

1. Номи нек гузоштан

  1. Имом Козим (а): Касе хидмати Паёмбар (с) расиду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ҳаққи ин фарзанд бар ман чист?

Фармуд: Номи ў ва тарбияти ўро некў гардонӣ ва ўро дар ҷойгоҳи тарбиятии некўе қарор диҳӣ.

2 .Имом Козим (а): Нахустин некии инсон ба фарзандаш ин аст, ки номи нек бар ў ниҳад. Пас ҳар кадом аз шумо бояд номи нек бар фарзандаш бигузорад.

2. Номгузорӣ пеш аз вилодат

Имом Алӣ (а): Бар фарзандонатон пеш аз он ки зода шаванд, ном бигузоред ва агар намедонед, ки духтаран ё писар, онон бо номҳое, ки ҳам барои писар асту ҳам барои духтар, биномед, зеро фарзандони сиқт шудаи шумо вақте рўзи қиёмат бо шумо мулоқот кунанд, дар ҳоле ки ном бар онҳо нагузоштаед, ба падари худ мегўянд: Чаро бар ман ном наниҳодӣ? Ва Паёмбари Худо (с), фарзанди сиқтшудаи Заҳро (а)-ро пеш аз он ки ба дунё биёяд, Мўҳсин ном ниҳод.

3. Суннати Аҳли Байт (а) дар номгузорӣ

Сунани Тирмизӣ ба нақл аз Амр ибни Шуайб аз падараш аз ҷаддаш: Ҳамоно Паёмбар (с) ба ном гузории кўдак дар рўзи ҳафтуми таваллуд ва гирифтани мўи ў ва ақиқа кардан фармон дод.

4. Бартарин номҳо ва ҳаққи бархе аз онҳо

1.Паёмбари Худо (с): Беҳтарини номҳо, абдуллоҳ ва абдураҳмон ва номҳои бандагӣ аст.

2.Паёмбари Худо (с): Огоҳ бошед, ки беҳтарини номҳо абдуллоҳ, абдураҳмон ва ҳориса ва ҳаммом аст.

3.Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ фарзандро «муҳаммад» ном ниҳодед, ўро икром кунеду дар маҷлис барояш ҷо боз кунед ва ба рўяш чеҳра дарҳам накашед.

4.Паёмбари Худо (с): Ҳаргоҳ касеро «муҳаммад» ном ниҳодед, ўро зишт машуморед ва бо чеҳраи дарҳам бо ў рў ба рў нашавед ва ўро назанед. Муборак бод хонае, ки дар он муҳаммад бошад ва маҷлисе, ки дар он муҳаммад бошад ва ҳамсафароне, ки дар он муҳаммад бошад!

5.Паёмбари Худо (с): Ҳеҷ хонае нест, ки номи «муҳаммад» дар он бошад, магар он ки Худованд рўзиро бар онҳо мегустарад. Пас ҳаргоҳ ононро «муҳаммад» номидед, ононро назанед ва дашном надиҳед.

6.Паёмбари Худо (с): Муҳаммад меномед, онгоҳ дашномаш медиҳед?!

7.Кофӣ ба нақл аз Сакунӣ: Дар ҳоле ки ғамзадаву гирифта будам, бар Имом Содиқ (а) ворид шудам. Ба ман фармуд: Эй Сакунӣ! Нороҳатии ту чист?

Гуфтам: Духтаре бароям зода шудааст.

Фармуд: Эй Сакунӣ! Сангинии ў бар замин асту рўзии он бар Худо. Хориҷ аз маҳдудаи умри ту зиндагӣ мекунад ва ғайр аз рўзии туро мехўрад.

Ба Худо қасам маро роҳат сохт. Сипас ба ман фармуд: Ўро чӣ номидӣ?

Гуфтам: Фотима.

Фармуд: Оҳ, оҳ! Сипас дасти худро бар пешонӣ гузошту фармуд: Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳаққи фарзанд бар падар ин аст, ки агар писар аст, модарашро гиромӣ дорад ва номи некў бар ў ниҳад ва китоби Худоро ба ў омўзиш диҳад ва ўро пок гардонад ва шино ба ў ёд диҳад ва агар духтар аст модарашро гиромӣ дорад ва номи нек бар ў ниҳад ва сураи Нурро ба ў омўзиш диҳад ва сураи Юсуфро ёд надиҳад ва ўро дар ҳуҷраҳои боло[1] ҷой надиҳад ва дар осон фиристодани ў ба хонаи ҳамсараш шитоб кунад.

8.Паёмбари Худо (с): Ҳеҷ хонаводае нест, ки номи паёмбаре дар он бошад, магар ин ки Худованди азза ва ҷалла фариштаеро барояшон бармеангезад, то ононро субҳу шаб тақдис кунад.

160.Имом Боқир (а): Содиқтарин номҳо он аст, ки ба бандагӣ[2] хонда шавад ва бартарини онҳо номи паёмбарон аст.

9.Имом Содиқ (а): Ҳеҷ фарзанде барои мо зода намешавад, магар ин ки ўро «муҳаммад» меномем. Вақте ҳафт рўз гузашт, агар бихоҳем тағйир медиҳем ва агар бихоҳем вомегузорем.

162.Имом Содиқ (а): Касе хидмати Паёмбари Худо (с) расиду гуфт: Эй Паёмбари Худо! Фарзанде бароям зода шудааст, ўро чӣ биномам?

Фармуд: Ўро ба маҳбубтарин ном назди ман, ҳамза бином.

10.Кофӣ ба нақл аз Абдураҳмон ибни Муҳаммади Азрамӣ: Муовия, Марвон ибни Ҳакамро ҳокими Мадина карду ба ў фармон дод, ки барои ҷавонони Қурайш ҳуқуқе қарор диҳад ва ў ҳам ҳуқуқе қарор дод.

Имом Зайнулобидин (а) мефармояд: Ман назди ў рафтам. Гуфт: Номи ту чист?

Гуфтам: Алӣ ибни Ҳусайн.

Гуфт: Номи бародарат чист?

Гуфтам: Алӣ.

Гуфт: Алӣ ва Алӣ! Падарат дунболи чист, ки номи ҳамаи писаронашро Алӣ гузоштааст? Онгоҳ ҳуқуқи маро дод ва ман ба сўи падарам бозгаштаму ўро аз моҷаро бохабар сохтам.

Фармуд: Вой бар писари зани кабудчашми[3] даббоғӣ кунандаи пўст! Агар сад писар дошта бошам, дўст дорам ҳамаи ононро Алӣ биномам.

11.Тафсири Айёшӣ ба нақла аз Рубъӣ ибни Абдуллоҳ: Ба Имом Содиқ (а) гуфта шуд: Фидоят шавам! Мо фарзандонамро ба номи шумо ва падаронатон меномем. Оё ин кор барои мо суде дорад?

Фармуд: Оре, ба Худо қасам! Оё дин чизе ҷуз дўстӣ аст? Худованд фармуд: «Агар Худоро дўст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Худованд шуморо дўст бидорад ва гуноҳони шуморо биёмурзад».[4]

12.Кофӣ ба нақл аз Ибни Майёҳ аз фалон ибни Ҳамид: Аз Имом Содиқ (а) дар бораи номи фарзандаш саволу машварат намуд, Имом (а) фармуд: Ўро ба номе аз номҳои бандагӣ бином.

Гуфт: Онҳо чӣ номҳое ҳастанд?

Фармуд: Монанди Абдураҳмон.

13.Имом Козим (а): Ба хонае, ки дар он номи Муҳаммад ё Аҳмад ё Алӣ ё Ҳасан ва ё Ҳусайн ё Ҷаъфар ё Толиб ё Абдуллоҳ ва ё Фотима аз занон бошад, фақр ворид намешавад.

14.Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба Ҷаъфар ибни Шарифи Ҷурҷонӣ: Худованд худ аз хидмати Абўисҳоқ Иброҳим ибни Исмоил ба пайравони мо сипосгузорӣ кунад ва гуноҳони ўро биёмурзад ва писари тамому камол ва ҳақбоваре рўзияш гардонад. Ба ў бигў, ки Ҳасан ибни Алӣ мегўяд: Номи фарзандатро Аҳмад бигузор.

15.Кашф-ул-ғумма ба нақл аз Ҷаъфар ибни Муҳаммади Қалонисӣ: Бародарам Муҳаммад, дар ҳоле ки ҳамсараш бордору наздики зоймонаш буд, ба Имом Аскарӣ (а) нома навишту хост, то аз Худо бихоҳад, ки ҳамсарашро аз дарду ранҷ бираҳонад ва писаре рўзии ў кунад ва номи ўро мушаххас созад. Имом (а) дар посух салоҳи ўро аз Худованд хосту фармуд: Худованд писари тамому камол рўзии ту гардонад ва Муҳаммаду Абдураҳмон, номҳои хубе ҳастанд.

Пас ҳамсараш зоид-то он ҷо ки гуфт-якеро Муҳаммад ва дигариро Абдураҳмон номид.

5. Номҳои накўҳида

1.Паёмбари Худо (с): Фарзандонатонро ҳакам ва абулҳакам наномед, зеро Худованд ҳакам (довар) аст.

2.Паёмбари Худо (с): Шаҳоб ном нагузоред, зеро шаҳоб номе аз номҳои дўзах аст.

3.Паёмбари Худо (с): Фарзандатро ясор ва рибоҳ ва наҷиҳ ва афлаҳ ном магузор.

4.Паёмбари Худо (с): Бадтарини номҳо зирор ва мурра ва ҳарб ва золим аст.

5.Маҷмаъ-уз-завоид ба нақл аз Абдураҳмон ибни Абўсабра: Ману падарам бар Паёмбари Худо (с) ворид шудем. Ба падарам фармуд: Ин фарзанди туст?

Гуфт: Оре.

Фармуд: Номаш чист?

Гуфт: Ҳубоб.

Фармуд: Ўро ҳубоб наном, зеро ҳубоб шайтон аст, балки ў Абдураҳмон аст.

6.Ал-мўъҷам-ул-кабир ба нақл аз Ибни Бурайда аз падараш: Паёмбари Худо (с) наҳй фармуд аз ин ки касе калб (саг) ё кулайб (сагча) номида шавад.

7.Имом Боқир (а): Ҳамоно манфуртарини номҳо назди Худованди азза ва ҷалла ҳорис, молик ва холид аст.

6. Далели наҳй аз бархе номҳо

1.Паёмбари Худо (с): Номҳои муборак ва нофеъ ва башир ва маймунро нохуш медорам, то ин ки гуфта нашавад: Муборак он ҷост? Башир он ҷост? Маймун он ҷост? Ва дар посух гуфта шавад: На.

2.Сунани Абўдовуд ба нақл аз Муҳаммад ибни Амр ибни Ато: Зайнаб духтари Абўсалама аз ў (Муҳаммад ибни Амр ибни Ато) пурсид: Духтаратро чӣ номидӣ?

Гуфт: Ўро Барра (некўкор) номидам.

Гуфт: Паёмбари Худо (с) аз ин ном наҳй кард. Ман Барра номида шуда будам, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: Худатонро наситоед. Худованд ба аҳли некӣ огоҳтар аст.

Гуфтанд: Ўро чӣ биномем?

Фармуд: Ўро Зайнаб биномед.

[1] Мурод ҳуҷраҳое аст, ки чашмандоз дошта бошад ва аз берун касе, ки дар он бошад, дида шавад.

[2] Мурод номҳое аст, ки бо пешванди «абд» шурўъ мешавад, мисли: абдураҳмон, абдуллоҳ, абдулҳодӣ…

[3] Кабудии чашм на ба маънои як айби ҷисмӣ, балки киноя аз бадию зишткорӣ аст.

[4] Оли Имрон/31.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.