Сахтиҳои зиндагӣ

133

Паёмбар (с) Фотима (рз)-ро бо абое аз пӯсти шутур дид, ки осиёб мекунад. Гиря карду фармуд: Эй Фотима! Ба хотири неъмату ширинии охират, бар талхии дунё сабр кун. Дар ин ҳангом ин оят нозил шуд: Ва қатъан ба зудӣ Парвардигорат ба ту [он қадар] ато мекунад, ки хушнуд шавӣ. (Сураи Зуҳо, ояти 5)

Паёмбар (с) назди Фотима (рз) омаду дид, ки ҷомаи аз пашми шутур бофташуда бар тан дорад ва машғули осиёб кардану шир додани кӯдакаш аст. Бо дидани Ӯ дар ин вазъ, ашк аз чашмони Паёмбар (с) ҷорӣ шуду фармуд: Духтари азизам! Бо таҳаммули талхии дунё, ба сӯи ширинии охират бишитоб, зеро Худованд ин оятро ба ман нозил кард: «Ба зудӣ Парвардигорат ба ту чандон ато мекунад, ки ту хушнуд мешавӣ».

Маноқиби Ибни Шаҳрошуб ба нақл аз Ҷобир (р): Паёмбар (с) Фотима (рз)-ро дид, ки танпӯше аз ҷулли шутур ба бар дораду ҳамзамон машғули асиёб кардану шир додани кӯдакаш аст. Пас, ашк аз чашмони Паёмбар (с) равон гашту фармуд: Духтари азизам! Талхии дунёро таҳаммул кун, то ба ширинии охират бирасӣ.

Фотима (рз) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Худовандро бар неъматҳояш меситояму ўро бар додаҳояш сипос мегӯям.

Пас, Худованд ин оятро фурӯ фиристод: «Ба зудӣ Парвардигорат ба ту чандон ато мекунад, ки хушнуд мешавӣ».

Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Анас: Рӯзе Билол (р) дар намози субҳ дер кард. Паёмбар (с) ба Ӯ фармуд: Чаро дер кардӣ?

Гуфт: Ба Фотима (рз) бархўрдаму дидам, ки машғули осиёб кардан асту кӯдакаш гиря мекунад. Ба Ӯ гуфтам: Агар мехоҳӣ ман осиёб кунам ва ту кӯдакро ором кунӣ, ё ман кӯдакро ором кунам ва ту осиёб намоӣ.

Ишон фармуд: Ман, беҳтар аз ту кӯдакамро ором мекунам. Ба ҳамин сабаб дер омадам.

Паёмбар (с) фармуд: Чун ту бар Ӯ раҳм кардӣ, Худо низ бар ту раҳм кунад!

Ад-дуруъ-ул-воқия: Фотима (рз) бо ридои пашмину кӯҳнае, ки дувоздаҳ ҷои он бо барги дарахти хурмо дӯхта шуда буд, аз хона берун омад. Салмон (р) вақте ишонро дид, дасташро бар сараш ниҳоду фарёд зад: Во ҳасрато! Қайсару Касро ҷомаҳои сундусу ҳарир мепӯшанду духтари Муҳаммад (с) ридои пашмине бар тан дорад, ки дувоздаҳ ҷои он бо барги дарахти хурмо дўхта шудааст!

Вақте Фотима (рз) назди Паёмбар (с) расид, гуфт: Эй Паёмбари Худо! Салмон аз ҷомаи ман тааҷҷуб кард. Қасам ба он ки туро ба ҳақ паёмбар кард, панҷ сол аст, ки ман ва Алӣ чизе ҷуз як пӯсти гӯсфанд надорем, ки дар рӯз шутурро бар рӯи он алаф медиҳему дар шаб онро бистари худ месозем ва болинамон ҳам чарме аст, ки бо лифи хурмо пур шудааст!

Паёмбар (с) фармуд: Эй Салмон! Зинда бод духтарам Фотима! Шояд, ки дар зумраи саворони пештоз ба сўи биҳишт бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.