Барои ҷилавгирӣ аз шамолхурдагӣ занҷабил хуред

72

Ба далели ривоҷи бемории шамолхурдагӣ (сармохурдагӣ) ва зуком дар фасли сармо бояд талош кард то бо равишҳои содаи пешгирӣ аз бурузи ин беморӣ ҷилавгирӣ кард.

 Агар ашхос  қабл аз инки дучори шамолхурдагӣ шаванд , бадани худро дар баробари ин бемории эмин  кунанд , метавонанд ба роҳатӣ аз бурӯзи он пешгирӣ намоянд.Занҷабил ё гармдору гиёҳи  зидди шамолхурдагӣ аст ва бо доро  будани  табиати   гарм барои бартараф кардани  мушкили ин беморӣ  бисёр  муфид аст.

Занҷабил аз гиёҳи зардранги дорои хатҳои  бунафш ба даст меояд ва агарчи  маъмулан аз ришаи он ном бурда мешавад , вале дар асл  қисмати мавриди истифодаи гиёҳ    танаи зеризаминии он аст.

Қисмҳоии муфиди занҷабил  шомили нашоиста  ва усора  аст, ки ба занҷабил буи  хосе медиҳад   ва заррин аст.

Бештарин арзиши дармонии занҷабил ба воситаи таркиботи доругии , он яънӣ ҷинҷурулҳо аст, ки таъми тунд ва сузонандаи  ин гиёҳ  як навъ хосияти гармоии дармонӣ ба он бахшида аст.

Усораҳои сохташудаи  занҷабил  асари бисёр беҳтаре  дорад ва ҷазби он фавритар  мебошад , занҷабилро ба сурати усора ва навъҳои гуногуни руғании  он метавон  таҳия ва масраф кард.

Дар  ҳангоми кашидагии  раги по  , дарди меъда , бемориҳои ҳини мусофират ва ҳамчунини бемориҳои вобаста ба шамолхурдагӣ,  таби вобаста ба гулудард, гулудард ва зуком , гирифтагаҳои бархоста аз бенамозии занон ва ё сардардро метавон бо масрафи ду қошуқ хурокхурӣ  аз дамкардаи  занҷабил ё  чандини варақ аз танаи  решадори тозаи он ин дардҳоро дармон  кард.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.