Дармони ревматизми буғумҳо бо хурдани моҳии озод

148

 

Муҳаққиқон тавсия мекунанд барои саломатии буғумҳо дар ҳафта чанд бор моҳии озод, сардин ва қизилоло масраф кунед.

 Омега 3-и мавҷуд дар бархе аз моҳиҳо метавонад хатари пешрафти дарди хос  дар ревматизми буғумҳоро коҳиш диҳад.

Муҳаққиқон бо баррасии барномаи ғизоии гуруҳе аз ашхос мушоҳида карданд онҳое, ки рӯзона равғани моҳии саршор аз Омега 3  масраф кардаанд ба мизони 52 дарсад камтар дар маърази пешрафти бемории мазкур қарор  гирифтаанд .

Омега 3  варамҳои  марбут ба  дарди буғумҳоро мутаваққиф мекунад.Ба ақидаи муҳаққиқон 10 сол масрафи моҳии озод ва ҳатто ҳар навъ моҳӣ ҳафтае як бор хатари дучоршавӣ  ба ревматизмро дар байни занон ба мизони 29 дарсад коҳиш дода аст .

Ҳамчунин муҳаққиқон тавсия мекунанд барои саломатии мағзи сар  ва ҳофиза ҳатман дар барномаи ғизоии худ моҳиро бигунҷонед.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.