Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Дармони ҷигари равғангирифта аз дидгоҳи тибби халқӣ

Равған гирифтани ҷигар ба сабаби ҷамъ шудани маводи зиёдатӣ дар ҷигар рух медиҳад ва парҳез, фаъолияти баданӣ ва хурдани ғизоҳои хос дар дармони он асарбахш аст.

Равған гирифтани ҷигар ба сабаби пур шудании маводи изофӣ дар ҷигар ба вуқуъ мепайвандад ва ҳангоме, ки таносуб байни вуруд, масраф ва хуруҷи маводи ғизоӣ аз байн меравад, ин беморӣ ба вуҷуд меояд .

Беморон ҳамзамон бо парҳез бояд фаъолияти баданӣ ва варзиши дошта бошанд ва аз ғизоҳои хос истифода кунанд.

Хурдани ғизоҳое, ки энергияи зиёд тавлид намекунанд мисли навъхои гуногуни шурбову атола ва хурокҳое ки бо сабзавот ва кабудиҳо омода мешаванд дар дармони ин беморӣ муфид аст ва беҳтар аст касоне, ки меъдаи солим доранд, хуриштҳо(ба русӣ”подлив”)- ро каме турштар омода кунанд.

Истеъмоли чойи турш, чойи кабуд, олуболу, оби лимон , оби зирк(зилол) , оби ғураи ангур ва челон дар дармон кумаккунанда аст .

Share



Назари худро бинависед