Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Стресс 7 сол аз тули умратонро нишона гирифта аст

Мутолиоти донишмандон нишон медиҳад стрессҳои имрӯзӣ омили аслии марги зудрас ва сактаҳои қалбӣ ба ҳисоб меояд.

Муйраг (рагҳои хеле борик) аз аслитарин узви бадан ба ҳисоб меоянд, ки стресс ва изтироб таъсири зиёде дар аз байни бурдани онҳо доранд ва ҳангоме, ки бадани дучори стресс ва изтироб мешавад , ҳуҷайраҳо ва муйрагҳои бадан фаъолияти худро аз даст медиҳанд ва оҳиста-оҳиста пир мешаванд ва мемиранд.

Баррасиҳо нишон медиҳанд тибқи қонунҳои табиӣ агар фард ҳаргиз дар зиндагии худ стресс , изтироб ва бо эҳсосоти манфии назири ин ду дучор нашавад , ба таври миёна 120 сол умр мебинад, аммо омилҳои мухталиф аз теъдоди рӯзҳоеро,ки инсон ба таври табиӣ метавонад зиндагӣ намояд, кам мекунанд.

Гуфтанист аст мутолеъоти ҷадид нишон медиҳанд стресс мизони калсии мавҷуд дар бадан ва витаминҳоро аз байн мебарад ва боиси маргу мир ва коҳиши тули умр мешавад.

Пизишкон тавсия мекунанд афрод то ҷое, ки метавонанд бояд стресс ва изтиробро аз худ дур кунанд ва ба фикри саломатӣ ва тандурустии худ бошанд.

Share



Назари худро бинависед