Thursday 23rd November 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Хатна кардан

1.Паёмбари Худо (с): Рўзи ҳафтум фарзандонатонро бо хатна пок кунед, зеро мояи тамизию покизагии бештар ва рўиши шитобзадатари гўшт аст ва замин чиҳил рўз аз бавли шахси хатнанашуда, олуда мешавад.[1]

2.Имом Содиқ (а): Рўзи ҳафтум фарзандонатонро хатна кунед, зеро мояи покизагии бештар ва рўиши зудтари гўшт аст ва замин бавли хатнанашударо нописанд медорад.

3.Имом Содиқ (а): Хатна кардани писар аз суннат аст, вале хатна кардани духтар аз суннат нест.

4.Китоби ман лояҳзуруҳ-ул-фақеҳ ба нақл аз Мурозим ибни Ҳаким: Имом Содиқ (а) ҳангоми хатнаи писарбачча фармуд: Бигўед: «Бор Илоҳо! Ин суннати ту ва суннати паёмбари туст, ки дурудат бар ў ва хонадони ў бод. Ва ин пайравии мо аз ту ва паёмбари туст, ба ҷиҳати хости ту ва иродаи ту ва ҳукми ту ба коре, ки онро хостаӣ ва ҳукме, ки қатъӣ кардаӣ ва фармоне, ки ба поён бурдаӣ. Аз ин рў ба хотири чизе, ки ту аз ман ба он огоҳтарӣ, дар хатнаву ҳиҷомат, сўзандагии оҳанро ба ў чашондам. Бор Илоҳо! Пас ўро аз гуноҳон пок ва умрашро тўлонӣ ва осебҳову дардҳоро аз бадану ҷисмаш бигардон ва бар дороии ў бияфзою фақрро аз ў дафъ кун. Бегумон ту медонӣ ва мо намедонем».

Дар идома Имом Содиқ (а) фармуд: Ҳар кас ин дуоро ҳангоми хатнаи фарзандаш нахонад, пеш аз булуғ бар ў бихонад, агар онро хонад, ў аз тезии оҳан дар кушта шудан ва дигар маворид, эмин хоҳад шуд.

5.Кофӣ ба нақл аз Алӣ ибни Яқтин: Аз Имом Козим (а) пурсидам: Хатнаи писарбачча дар рўзи ҳафтум аз суннат аст ё метавон онро ба таъхир андохт? Ва кадом бартар аст?

Фармуд: Дар рўзи ҳафтум аз суннат аст ва агар ақиб бияфтад ишколе надорад.

[1] Манзур аз олудагӣ мухолифат бо суннат аст, на олудагӣ ва наҷосати зоҳирӣ. Ноболиғ ба хотири мухолифати падару модараш бо суннат ва болиғ ба хотири мухолифати худаш.

 

Share



Назари худро бинависед