Ақиқа кардан

85

1.Паёмбари Худо (с): Ҳар писаре дар гарави ақиқааш аст, ки рўзи ҳафтум барои ў зибҳ мешавад.

2.Имом Ҳусейн (а): Ҳаргоҳ рўзи ҳафтум вилодати писар ё духтари яке аз шумо фаро расид, бояд гўсфанде ақиқа кунад, барои писар гўсфанди нар ва барои духтар гўсфанди мода ақиқа кунед ва аз ақиқа ба момо бидиҳед ва рўзи ҳафтум бар ў ном бигузоред.

3.Имом Саҷҷод (а): Ҳаргоҳ кўдак зода шуд, мустаҳаб аст барои ў ақиқа кунанд, сари ўро битарошанд ва ҳамванзи мўи ў нуқра садақа бидиҳанд ва пову рони ақиқа ба момо ҳадя дода шавад ва гурўҳе аз мусулмонон даъват шаванд, онон бихўранду барои фарзанд дуо кунанд ва рўзи ҳафтум ном бар ў бигузоранд.

4.Имом Содиқ (а): Ҳар навзоде дар гарави ақиқа аст.

5.Имом Содиқ (а): Ақиқа кардан дар рўзи ҳафтум аст ва ба момо рони гўсфанд ҳамрон бо сарини он дода мешавад ва устухони он шикаста намешавад.

6.Имом Содиқ (а): Ҳангоме ки ақиқа кардӣ, бигў: «Ба номи Худо ва ба кўмаки Худо. Бор Илоҳо! Ақиқае аст аз фалонӣ. Гўшташ дар баробари гўшти ў, хунаш дар баробари хуни ў ва устухонаш дар баробари устухони ў. Бор Илоҳо! Ўро сипару балогардони хонадони Муҳаммад (с) қарор деҳ».

  1. Аммор ибни Мўсо: Аз Имом Содиқ (а) пурсидам: Ақиқа кардан барои навзод чӣ гуна аст?

Фармуд: … як чаҳоруми он ба момо дода шавад ва агар момо надошт, модари фарзанд ба ҳар касе ки хост, онро бидиҳад ва ба даҳ тан аз мусулмонон таом дода шавад ва агар бештар шуданд, беҳтар аст.

  1. Абўсабоҳи Канонӣ: Аз Имом Содиқ (а) дар бораи навзод пурсидам, ки кай барои ў ақиқа кунанд ва сарашро битарошанд ва ба вазни мўяш садақа бидиҳанд ва бар ў ном бигузоранд?

Фармуд: Вақти тамоми инҳо рўзи ҳафтуми таваллуд аст.

  1. Ҷамил ибни Дурроҷ: Аз Имом Содиқ (а) дар бораи ақиқа ва тарошидани сар ва номгузорӣ пурсидам, ки бо кадом як оғоз шавад?

Фармуд: Ҳамаи инҳо дар як замон анҷом мешавад, тарошидани сар, ақиқа ва ном ниҳодан.

Онгоҳ он чӣ Фотима (а) барои фарзандонаш анҷом дода буд, баён кард. Сипас фармуд: Мў бояд вазн шавад ва ба андозаи он нуқра садақа дода шавад.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.