Дархости хидматкор аз Паёмбар (с)

99

1.Имом Алӣ (а): Дастони Фотима (а) бар асари зиёд осиё кардан, озурда шуда буд. Рўзе барои Паёмбар (с) асиреро оварданд. Фотима (а) ба хонаи Паёмбар (с) рафт, аммо эшонро наёфт. Ба Оиша (р) бархўрд карду моҷароро ба ў гуфт. Вақте Паёмбар (с) омад, Оиша (р) омадани Фотима (а)-ро хабар дод. Паёмбар (с) ба хонаи мо омад ва мо ба рахти хоб рафта будем. Ман хостам, ки бархезам, аммо Паёмбар (с) фармуд: Биншинед.

Пас, дар байни мо нишаст, ба тавре ки хунукии поҳои ўро эҳсос кардам.

Фармуд: Мехоҳем ба шумо чизе ёд бидиҳам, ки аз он чӣ аз ман хостаед, беҳтар аст? Ҳаргоҳ ба бистари худ меравед, 34 бор Аллоҳу Акбар, 33 бор Субҳоналлоҳ ва 33 бор Алҳамдулиллоҳ бигўед. Ин барои шумо аз хидматкор беҳтар аст.

2.Ал-фақеҳ: Ривоят шудааст, ки Амири Мўъминон (а) ба марде аз Бани Саъд фармуд: Оё мехоҳӣ аз худам ва аз Фотимаи Заҳро бароят бигўям? Ў дар хонаи ман он қадар бо машк об кашид, ки банди он дар синааш пай гузошта буд ва чандон осиё кард, ки дастҳояш пина баста буд ва чандон хонаро рўбу чин кард, ки либосҳояш ранги хокӣ ба худ гирифта буд ва он қадар ба зери дег оташ афрўхта буд, ки ҷомаҳояш тираранг шуда буд. Аз ин кор, ранҷу осеби сахте ба ў расид.

Ба ў гуфтам: Кош назди падарат биравию аз эшон тақозои хидматкор кунӣ, то аз сўзу гармои ин кор осуда шавӣ.

Фотима (а) барои дидани Паёмбар (с) рафту дид, ки гурўҳе назди эшон гуфтугў мекунанд. Хиҷолат кашиду баргашт. Паёмбар (с) фаҳмид, ки Фотима (а) барои коре омадааст. Фардои он рўз назди мо омад…

Ман гуфтам: Ман ба шумо мегўям, эй Паёмбари Худо! Фотима (а) азбаски бо машк об кашидааст, дар синааш пай шудааст ва азбаски осиё кардааст, дастонаш пина задааст ва азбаски хонаро ҷорўб задааст, либосҳояш ранги хокӣ ба худ гирифтааст ва азбаски зери дег оташ афрўхтааст, ҷомаҳояш тира шудааст. Бинобар ин, ба ў гуфтам: Кош назди падарат биравию аз эшон тақозои хидматкор кунӣ, то аз сўзу гармои ин кор осуда шавӣ.

Паёмбар (с) фармуд: Оё чизе ба шумо наёмўзам, ки барои шумо аз хидматкор беҳтар аст? Ҳаргоҳ бар рахти хоби худ рафтед, 34 бор Аллоҳу Акбар, 33 бор Субҳоналлоҳ ва 33 бор Алҳамдулиллоҳ бигўед…

Фотима (а) сарашро аз зери лиҳоф берун оварду гуфт: Розиям ба ризои Худою паёмбараш, розиям ба ризои Худою паёмбараш!

3.Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Ҳаммод: Ато ибни Соиб аз қавли падараш аз Алӣ (а) ба мо хабар дод, ки вақте Паёмбар (с) Фотима (а)-ро ба издивоҷи ў даровард, як чодури махмал, як болишти чармини пуршуда аз лифи хурмо, ду осиё, як машки об ва ду кўза бо ў ҳамроҳ кард.

Рўзе Алӣ (а) ба Фотима (а) фармуд: Ба Худо қасам, азбаски об кашидаам, синаам дардманд гаштааст!

Ва афзуд: Худованд барои падарат асироне овардааст. Бираву аз эшон хидматкоре бихоҳ.

Фотима (а) гуфт: Ба Худо қасам, ман низ азбаски осиё кардаам, дастонам пина бастааст!

Пас назди Паёмбар (с) рафт. Паёмбар (с) фармуд: Барои чӣ омадаӣ, духтарам?! Фотима (а) гуфт: Барои арзи салом омадаам. Ва хиҷолат кашид, ки хостаашро бигўяд ва баргашт. Алӣ (а) фармуд: Чӣ кардӣ? Фотима (а) гуфт: Хиҷолат кашидам, ки тақозоямро бигўям.

Пас, ҳарду бо ҳам назди Паёмбар (с) рафтем.

Алӣ (а) гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ба Худо қасам, азбаски об кашидаам, синаам дард мекунад.

Фотима (а) гуфт: Азбаски осиё кардаам, дастонам пина бастааст. Худованд ба шумо асироне овардаасту кушоиш бахшидааст. Пас, як хидматкор дар ихтиёри мо бигузоред.

Паёмбар (с) фармуд: Ба Худо қасам, ҳозир нестам ба шумо хидматкор бидиҳам, дар ҳоле ки суффанишинон шикамҳояшон гурусна асту чизе надорам, ки харҷи онон кунам! Асиронро мефурўшаму пули онро харҷи аҳли суффа мекунам.

Алӣ ва Фотима баргаштанд. Паёмбар (с) назди онон омад… Сипас фармуд: Оё ба шумо аз чизе беҳтар аз он чӣ аз ман хостед, хабар надиҳам?

Фармуданд: Бифармоед.

Паёмбар (с) фармуд: Калимоте, ки Ҷабраил ба ман омўхт.

Сипас фармуд: Дар паи ҳар намозе даҳ бор Субҳоналлоҳ, даҳбор Алҳамдулиллоҳ ва даҳ бор Аллоҳу Акбар бигўед. Ва ҳаргоҳ ба бистаратон рафтед, 33 бор Субҳоналлоҳ, 33 бор Алҳамдулиллоҳ ва 34 бор Аллоҳу Акбар бигўед.

Алӣ (а) гуфт: Ба Худо қасам, аз замоне ки Паёмбар (с) ин зикрҳоро ба ман омўхт, онҳоро тарк накардам.

Ибни Каввоъ ба Алӣ (а) гуфт: Ҳатто дар шаби Сиффин?!

Фармуд: Худо шуморо бикушад, эй аҳли Ироқ! Оре, ҳатто дар шаби Сиффин.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.