Қалиюн омили муҳиме барои рушди микробҳо дар роҳҳои нафаскашӣ аст

79

Саратонҳои шуш, лабу даҳон , сурхной , меъда, ҷигар ва рудаи калон аз ҷумлаи паёмадҳои бади истифода аз қалиюн (калян) аст.

Муттаассифона одат ба қалиюн ки имруза ривоҷ пайдо кардааст бештар ба сабаби огоҳӣ надоштани истеъмолкунанда аз зарарҳои он аст.

Маводи заҳрии қалиюн натанҳо камтар аз сигарет нест, балки баъзе маводи хатарнок аз ҷумла қир ё дуда(моддаи саратонзо) меноксиди карбон(навъе олоянда) ва некотин( эҷодкунандаи вобастагӣ)и он аз сигарет бештар аст.

Бояд донист ки оби қулиюн ҳеч муҳофизате дар муқобили дуди бархоста аз сухтани танбоку(тамоку) эҷод намекунад. Танбокуҳо таҳти унвони меваӣ ва атрӣ натанҳо безарар нестанд, балки зарарҳои бештар нисбат ба танбокуҳои сода доранд, зеро таркиботи ҳалқавии муаттари мавҷуд дар онҳо бо сухта шудан хосияти саратонзоӣ ва заҳрӣ пайдо мекунанд ва илова бар ин буву маззаи беҳтари онҳо боиси гароиши бештари ҷавонон ва навҷавонон ба самти ин мавод ва эҷоди вобастагӣ ва одат дар онҳо хоҳад шуд.

Ба сабаби шароити номуносиби нигаҳдории қалюнҳо, замина барои рушди навъҳои гуногуни микробҳо ба хусус заҳри афлатоксин, ки бисёр заҳрогин ва кушанда аст муҳаё аст. Ба хотири дамҳои амиқе,ки шахс ҳангоми истифода аз қалиюн мекашад ‌ бештар маводи заҳрӣ аз ҷумла никотин ва хокистар вориди шуш мешавад ва осебҳои ҷиддӣ ба ҳубобчаи шуш ворид мешавад.

Ҳамчунин ба далели мартуб будани роҳҳои ҳавоӣ ва маҷории хуруҷ, дуди қалиюн метавонад ‌ омили муҳимме ҷиҳати рушди микробҳо ва қорчҳо бошад ва ин микробҳо ва қорчҳо ба роҳатӣ тавассути дуд вориди узви нафаскашӣ шуда ва уфунатҳои хатарнок эҷод мекунанд.

Саратонҳои шуш, лабу даҳон , сурхной , меъда,зери меъда, ҷигар, ва рудаи калон аз ҷумлаи паёмадҳои бадхим(злокачественнъй) ва захмҳои меъда ва рифлэкси меъда (баргашти кислотаи меъда ба сурхной аз ҷумла паёмадҳои хушхими истифода аз сигарет ва қалиюн ҳастанд. Дучоршавӣ бо моноксиди карбони қулиюн дар тайи доврони ҳомилагӣ мумкин аст барои ҷанин хатарнок бршад.

Илова бар беморҳои муртабит бо танбоку масрафи иштирокии қулиюн метавонад мунҷар ба афзоиши эҳтимолии микроби сил ва вирусҳое мисли герпис ва гепатит шавад. Муҳимтар ин ки дуди ҳосил аз як бор қалиюн кашидан баробар бо ҳудуди 100 адад сигарет аст. Моноксиди карбон як гази заҳрӣ аст ва дар интиқол ва фуру бурдани ҳаво халал эҷод мекунад ва дуди сигарет дорои 2 то 6 дарсад аз ин модда аст.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.