Ахлоқ дар хонавода

86

Марду зан ҳарду хоҳони хушбахтии афроди хонавода мебошан ва барои ин хушбахтӣ ба ҷуз хона ҳеҷ ҷоӣ ороме вуҷуд надорад. Бинобар ин хона ба танҳоӣ мамлакати модар ва ҷои нишот ва осоиши падар ва гулистони хуш ва бо тароват барои фарзандон ва фазо ва майдони барои шодиҳои онон мебошад. Барномаи зиндагиро метавон он чунон тартиб дод, ки одамӣ дарон муваффақ бошад ва битавонад бар асоси ҳадафе, ки мактаб ва мазҳаб барои ӯ муайан карда ба пеш равад ва сирфан чорчуби қавоиди маданӣ тазмин кунанадаи саодати дунё ва охирати завҷайн намебошад, балки дар сояи ахлоқ ва омӯзаҳои ахлоқие ки мабнои инсонӣ, ақлонӣ ва динӣ дорад, инсонро ба як зиндагии муваффақ ва ҳатто ҷомеъаи идаол раҳнамуд менамояд. Бар ин асос қисмате аз муҳимтарин муаллифаҳое, ки аз назари ахлоқӣ ноҳанҷориҳои хонаводагӣ ва иҷтимоиро аз байн мебарад ва оромишу осоишро тазмин мекунадро бар мешуморем.

1‑ Издивоҷ аз дидгоҳи Қуръон:

  1. Сураи Нӯр, ояти 32
  2. Сураи Рум, ояти 21
  3. Сураи Бақара, ояти 228
  4. Сураи Таҳрим, ояти 6

2‑ Ҳадаф аз издивоҷ:

  1. Ёфтани оромиш ва сукун ва наҷот аз саргардонӣ ва бе паноҳӣ.
  2. Таклифу такомул.
  3. Ҳифзи Дин ва дурӣ аз гуноҳ.
  4. Бақои насл ва ирзоӣ ғаризаи ҷинсӣ.
  5. Анҷоми вазифаи илоҳӣ.
  6. Ва…

Равобити маданӣ ва ҳуқуқӣ завҷайн ё зиндагӣ дар сояи ҳуқуқ:

    Ҳуқуқи шавҳар бар ҳамсар

  1. Итоат ва дури аз гуноҳ
  2. Идораи хона
  3. Посухгуӣ ба ғароизи ҷинсии ҳамсар
  4. Хориҷ нашудан аз хона бе иҷозаи шавҳар
  5. Ҳифзи мол ва обурӯи шавҳар
  6. Маъшуқият ва дил рубоӣ
  7. Натиҷаи тахаллуф аз ҳуқуқ (ҷудоӣ, салби нафақа, салби соири ҳуқуқ, шикастани ҳарими хонавода, инҳилол зиндагӣ ва …)

   Ҳуқуқи зан бар шавҳар

  1. Таҳияи ғизо ба андозаи мутаораф
  2. Таҳияи пушок ба андозаи шаъни зан
  3. Таҳияи васоили мавриди ниёзи хона
  4. Таҳияи хонаи мутаносиб бо шаъну манзалати иҷтимоӣ зан
  5. Агар зан аз рӯи ҷаҳл, иштибоҳе анҷом дод мар ӯро бибахшад
  6. Хуш рӯӣ ва хӯш рафтори бо зан
  7. Таълими аҳком ва масоили эътиқодӣ (ба вуҷуби кифоӣ)
  8. Ҳадди ақал ҳар чаҳор моҳ як бор бо ӯ омезиш кунад.

Равобити инсонӣ ва ахлоқӣ мутақобили завҷайн ё зиндагӣ дар сояи ахлоқ

Вазоифи ахлоқии шавҳар нисбат ба зан:

  1. Меҳр варзӣ ва муҳаббат
  2. Баён ва ибрози ишқ
  3. Ҳимоят аз ҳамсар
  4. Иҷоди заминаи дил гармӣ
  5. Муоширати хуб
  6. Ҳамонанди дар зиндагӣ
  7. Вақт гузорӣ барои ҳамсар
  8. Покдоманӣ ва иффати шавҳар
  9. Гузашт, таҳаммул ва мудоро
  10.  Эҳтиром ба ҳамсар ва хешовандони ӯ
  11.  Адами баҳона ҷӯӣ ва айб гирӣ
  12.  Лағзишҳояшро нодида гирифтан
  13.  Танбеҳ накардан

Вазоифи ахлоқии зан нисбат ба шавҳар

  1. Итоати ҳамроҳ бо ишқу ангеза
  2. Дӯст доштан ва муҳаббат кардан
  3. Хӯшрафторӣ бо ҳамсар
  4. Дилдори додан ба шавҳар
  5. Сипос гузор будан
  6. Ҳифзи ҳиҷоб, иффат ва матонат дар муқобили дигарон
  7. Бахшиши хатоҳои шавҳар
  8. Созгори бо хешовандони шавҳар
  9. Созгори бо шуғли шавҳар
  10.  Кумак кардан ба тараққии шавҳар
  11.  Тақаддуми ризояти шавҳар бар дигарон
  12.  Тамиз ва зебо будан дар хона
  13.  Роз дорӣ
  14.  Созгори дар сахтиҳо
  15.  Сукут  ба ҳангоми асабоният
  16.  Шикоят ва дарди дили беҷо накардан
  17.  Надоштани таваққуоти беҷо
  18.  Худдори аз тавҳин ва тавбехи ҳамсар
  19.  Айб ҷӯӣ накардан
  20.  Чашм пушидан аз ғайри шавҳар
  21.  Қаҳр накардан

Равобити ахлоқии мутақобил

  1. Аҳамият додан ба ҳамдигар
  2. Гӯш додан
  3. Садо задан ва навъи хитоб
  4. Бадрақа ва Худо ҳофизӣ
  5. Пешвоз ва бадрақа
  6. Машварат
  7. Айб пушӣ
  8. Тахлияи эҳсоси манфӣ
  9. Таҳсину ташвиқ
  10.  Узр хоҳӣ
  11.  Хуш бинӣ
  12.  Гузашту таҳаммул
  13.  Кумаку таовун
  14.  Бо ҳам будан ва ҳифзи иртиботи хешовандӣ
  15.  Ва …

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.