Асал ва фоидаҳои он

286

Асалро аз қадим чун манбаи дорувор барои бемориҳои зиёд, аз ҷумла шамолхӯрӣ, дарди меъдаю рӯда ва камхунӣ истифода менамуданд. Махсусан, дар фасли тирамоҳ, ки якбора ҳаво сард мешавад, маризиҳои шамолхӯрӣ, дарди гулӯ ва зуком авҷ мегирад, табобат бо ин доруи табиӣ аз фоида холӣ нест. Нӯшидани обе, ки дар он асал омехта шудааст, ба буняи инсон чӣ таъсире мерасонад?

Кори узвҳои ҳозимаро ба танзим медарорад

Иммунитетро (сироятнопазирӣ) баланд мекунад

Бактерияҳо ва микробҳоро аз рӯдаю меъда нобуд месозад

Кори рӯдаи ғафсро ба низом медарорад ва ғайра.

Барои табобати бемории рӯдаю меъда

Асалчойро барои табобат ё пешгирии бемориҳои гуногун бояд ҳар субҳ пеш аз наҳорӣ бо як нафас нӯшид, на ин ки оҳиста-оҳиста. Ин усул барои табобат ёфтан хеле муҳим мебошад. Ҳалқамушаки меъда дар ин ҳолат кушода шуда, асал ба меъда меравад.

Асал чун воситаи зебоӣ

Бо асалоб рӯйро шустан ҳам манфиатбахш аст. Ин намуди косметикаи табиӣ пӯсти рӯйро нарму мулоим намуда, онро ҷило мебахшад. Барои рехтани мӯи сар ҳам аз малҳами асал бо дорчинӣ васеъ истифода мекунанд.

Асал ва дорчинӣ (корица)-ро бо ҳам омехта, онро ба решаҳои мӯй моледа, баъди 15 дақиқа бо оби ширгарм саратонро шӯед. Натиҷааш зуд эҳсос мегардад.

Аксари духтарони наврас ё бархе аз бонувон аз дидани доғҳо, ё гармича дар рӯяшон нороҳат мешаванд. Воқеан, саривақт тоза накардани гармичаҳо рӯйро доғнок карда, ҳусну таровати бонувонро коста менамояд. 3 қошуқча асалро бо як қошуқча дорчинӣ ҳамроҳ карда, шабона ба рӯй молед, барои нест кардани гармича фоиданок аст.

Асал манбаи ғизо

Мусаллам аст, ки омехтаи асал бо дорчинӣ барои рафъи аксари бемориҳо фоиданок аст. Дар тибби қадим асал чун воситаи шифоёбӣ аз баъзе бемориҳо истифода мешуд. Тибби муосир барои гирифторони бемории қанд истеъмоли асалро чун манбаи ғизо тавсия медиҳад.

Барои камшавии вазн

Солҳои охир аҳолии кураи замин аз бемории фарбеҳӣ азият мекашанд. Бо ҳар роҳу усул ва истифода аз дорувориҳои гуногун, мехоҳанд пеши роҳи фарбеҳшавиро гиранд. Вале на ҳама вақт ин амал натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бо истифода аз асал метавон мушкили одамони аз фарбеҳӣ азобдоштаро осон намуд. Масалан, ҳар субҳ 30 дақиқа пеш аз наҳорӣ ва ҳар бегоҳ пеш аз хоб як пиёла асалро бо дорчинӣ дар оби ҷӯшидагӣ омехта намуда нӯшед, аз фарбеҳӣ халос мешавед. Ҳатто онҳое, ки ниҳоят фарбеҳанд ва илоҷи харобшавиро наёфтаанд, метавонанд аз ин усул истифода кунанд. Агар ин тарзи харобшавиро бо тартиб иҷро намоянд, ҷараёни фарбеҳшавӣ дар буняашон паст мешавад.

Тарзи омода сохтани ин омехта чунин аст:

Як қошуқча дорчинӣ дар як истакон оби ҷӯшидагӣ андохта, болояшро маҳкам мекунем. Сипас, баъди хунук шуданаш як қошуқча асалро ҳамроҳ карда, омехта менамоем. Огоҳ бошед, ки оби ниҳоят гарм ферментҳо ва дигар хусусияти шифобахшии асалро нобуд мекунад. Аз ин омехта шаб пеш аз хоб ва саҳар пеш аз хӯрок ним истакон менӯшед. Саҳар онро гарм накарда, дар ҳарорати хона мувофиқшудаашро нӯшед. Бояд гуфт, ки ба омехта ягон чизи дигар, ба мисоли лимӯ ё сирко набояд якҷоя кард.

Асал бо дорчинӣ узвҳои ҳозимаро аз ҳар гуна микробу бактерияҳо покиза карда, гардиши хунро ба эътидол меорад. Бо тоза шудани рӯдаҳо дар буняатон љараёни харобшавӣ сурат мегирад.

Асал бо дорчинӣ давобахши сад иллат

Дарди дил: Ҳар субҳ вақти наҳорӣ ба ҷои мураббо ё равғани маска ба рӯи нонатон асалро бо дорчинӣ молида хӯред. Ин усул холестеринро дар хун кам карда, эҳтимоли гирифторшавӣ ба сактаи қалбро пешгирӣ мекунад. Ҳатто одамоне, ки як бор дучори бемории сактаи қалб гардидаанду бояд эҳтиёт шаванд, метавонанд худро бо ин роҳ эҳтиёт намоянд. Бардавом хӯрдани асал бо дорчинӣ кори узвҳои роҳи нафасро хуб карда, рагҳои дилро боқувват менамояд.

Бемадорӣ: Тадқиқот собит сохтааст, ки қанди дар таркиби асал буда, ҳељ хатаре ба саломатии инсон надорад. Барои одамони куҳансол хӯрдани асал бо дорчинӣ қувваи зиёд бахшида, бемадории пириро бартараф мекунад.

Дарди меъда: Омехтаи дорчинӣ бо асал дарди меъдаро батараф сохта, ҷароҳати онро табобат менамояд.

Зуком: Бо фаро расидани фасли сармо зуком моро нороҳат мекунад. Хӯрдани як қошуқ асал бо як қошуқча дорчинӣ се маротиба дар як рӯз зукомро бартараф месозад. Сулфаи кӯҳна ва шамолхӯриро низ даво мебахшад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.