Мукаммили руҳ бо пуст чӣ корҳое, ки намекунад!

37

Синк ё ҳамон руҳ яке аз маводи менерали(маъдани)и муфид ва мавриди ниёз барои бадани мо инсонҳо аст. Ин моддаи маъданӣ нақши басазое ҳам дар ҳифзи саломатӣ ва шодобии пустамон дорад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи Хабар , доктор Пажмони Мубошир, мутахассиси пуст, муй ва лазер дар ин бора мегуяд: « Руҳ як моддаи маъдании зарурӣ барои бадан аст, ки дар ташкилшавии баъзе аз протеинҳо ва ферментҳои лозим ва ҳамчунин бархе аз генҳо ширкат мекунад. Руҳ дар ҳифзи эминии пуст ҳам таъсиргузор аст. Зимни инки ин моддаи маъданӣ дар ташкилшавии протеинҳои сохтории пӯст, тармими захм, сохти DNA ва тақсими ҳуҷайраии пуст ҳам нақш дорад.»

Ин узви маркази таҳқиқоти пӯст ва ҳуҷайраҳои бунёдини донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон меафзояд: « Нақши зиддиилтиҳобии руҳ ҳам дар манобеи илмии мухталиф ба исбот расида аст.Илова бар ин муҳофизати пӯст дар баробари ашаъаи UV-и хуршед , яке дигар аз хосиятҳои руҳ дар бадан маҳсуб мешавад.»

Вай таъкид мекунад, ки мутолеоти илмии мухталифе нишон додаанд, ки масрафи руҳ боиси коҳиши наррак мешавад . Доктор Мубошир таъкид мекунад : «Истифода аз мукаммилҳо(афзуданиҳо)и руҳ бо назари пизишки мутахассис метавонад дар дармони резиши муй ҳам асаргузор бошад.Ҳамчунин ба далели асари руҳ дар беҳбуди ҷои захм, гоҳе вақтҳо масрафи мукаммилҳои руҳ барои беморони гирифтор ба захмҳои сухтагӣ, ки сатҳи руи баданаш поин омада аст,супориш мешавад.»

Бархе аз бемориҳои пустӣ ҳам ба таври мустақим бо камбуди руҳ дар бадан иртибот доранд, ки истеъмоли ин мукаммил метавонад мушкили беморонро ҳал бикунад. Гушти ҳайвонот, моҳӣ, мурғ, навъе аз харчанг(креветка) мурғи марҷон, лубиё , сая ва ғаллот ҷузви манобеи табии дарёфт руҳ ҳастанд.

Доктор Мубошир хотирнишон кард : «Афзоиши сатҳи руҳ дар бадан боиси эҷоди захролудшавӣ мешавад ва ба ҳамин далел ҳам мукаммилҳои ин моддаи маъданӣ бояд таҳти назари пизишк масраф бишаванд. Ошуфтагии меъда, дилбеҳузарӣ, коҳиши амалкарди эминӣ, саргарангӣ, сардард, хоболудагӣ ва афзоиши арақи бадан аз аломатҳои зиёд будани беш аз ҳадди сатҳи руҳ дар бадан ба ҳисоб меоянд.»

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.