Муроқибат аз пӯсти рӯй дар фасли сармо

234

Бо фарорасии фасли зимистон пӯсти инсон ба якчанд мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Якум, вазидани шамоли сард дар кӯча. Дуюм, аз ҳисоби воситаҳои гармидиҳӣ хушк шудани ҳавои хона. Сеюм, якбора тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво, вақте ки шумо аз хона ба кӯча мебароед. Зери таъсири ин омилҳо, пӯсти мо хушк ва ҳассос гардида, дар он чинҳои майда пайдо мешаванд. Дар шамоли сахт ва хунук пӯсти рӯй метавонад кафида, пӯст партояд. Аз сабаби пастшавии ҳарорати ҳаво рагҳои хунгард танг шуда, дар пӯсти рӯй камшавиии воситаҳои ғизоӣ, ки тавассути хун мегузаранд, мушоҳида мегардад. Барои ҳамин, дар фасли сармо пӯстро бояд бо маҳлулҳои фоидаовар таъмин намуда, инчунин аз сармо ва шамол муҳофизат кунем.

Рӯйро бояд бо малҳами ширӣ ва бо ёрии пахта тоза кунед. Баъдан,  барои пӯст ниқоби махсус омода созед.  Агар шумо пӯсти муқаррарӣ, хушк ва ҳассос дошта бошед, пас метавонед дар як ҳафта 2-3 маротиба ва агар равғанин бошад, 1 маротиба аз ниқоб истифода баред.

Дар шароити хона, тибқи қоида ниқоб тайёр мекунем:

Ниқоби аз сабзӣ омодашуда муқовимати пӯстро ба шароити номусоиди муҳити зист беҳтар мекунад, инчунин  ранги рӯйро зебо намуда, чинҳоро бартараф месозад.

Усули дигари аз сабзӣ омода намудани ниқоб мавҷуд аст. Ду дона сабзиро аз турбтарош гузаронида, бо орди картошкагин ва як дона зардии тухм омехта мекунем. Маҳлули омодашударо ба рӯйи тозакардашуда мегузорем.

Ниқоб аз  асал ва тухм

Ин ниқоб ҳангоми пӯстпартоии рӯй хеле мувофиқ аст. Он барои барқарор намудани пӯст кӯмак расонда, рӯйро пуртароват мегардонад.

Барои тайёр кардани ниқоб, 1 донаи сафедии тухм ва як қошуқча асал зарур аст. Сафедии тухмро  то кафк бароварданаш хуб лат медиҳем ва ба маҳлули омодашуда асал илова мекунем. Баъди қабули ваннаи буғӣ, ба рӯй ниқобро кашида, 3-5 дақиқа нигоҳ медорем. Дар ин муддат зурур аст, ки рӯйро маҳс (массаж) кунед. Маҳскуниро то 2-3 дақиқа давом дода, сипас бо оби гарм рӯйро шуста, метавонед аз равғанҳои махсуси серғизо истифода баред.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.