Розҳои қуръонӣ барои идораи зиндагӣ

110

Барои муваффақият ва расидан ба аҳдофамон ба як мудирияти хуб ниёз дорем ва Қуръон барои як мудирияти хуб, чанд масъаларо баён фармудааст.

فَبِمَا رَحْمَهٍ مِّنَ اللَّهِ لِنتَ لَهُمْ وَ لَوْ کُنتَ فَظًّا غَلِیظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِکَ فَاعْفُ عَنهْمْ وَ اسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَ شَاوِرْهُمْ فىِ الْأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَکَّلْ عَلىَ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ یحُبُّ الْمُتَوَکلِّین

“Ба сабаби раҳмати илоҳӣ бо мардум меҳрубон гаштаӣ ва агар ғабабноку сангдил мебудӣ, (мардум) аз назди ту пароканда мешуданд. Пас (хатои) ононро бахш ва барои онҳо талаби афву омурзиш кун ва дар корҳо бо онон машварат кун, пас ҳангоме, ки тасмим гирифтӣ (муҳкам бош ва) ба Худованд таваккул кун. Ба ҳақиқат, ки Худованд таваккулкунандагонро дӯст медорад. (Оли Имрон/159)

Худованд мо инсонҳоро ба шакле халқ кардааст, ки ошиқи зиндагӣ ва зинда будан ҳастем, ва ҳар як аз мо дӯст дорем, ки дар ин дунё як зиндагии солиму ором ва ба дӯр аз ҳаргуна мушкил дошта бошем.

Вақте як духтарбача бо шодии фаровон бо арӯсакҳояш бозӣ мекунад,  ин нишондиҳандаи он аст, ки ӯ дӯст дорад дар оянда модари хуб барои  фарзандонаш бошад, ӯ мехоҳад, ки дар зиндагии ояндааш ва дар тарбияти фарзандонаш мушкил надошта бошад ва инчунин тамрин мекунад, ки битавонад як зиндагии муваффақ дошта бошад.

Аммо аз он рӯ, ки истеъдодҳо ва талошҳои ҳамаи инсонҳо бо якдигар яксон нест ва ҳар касе барои расидан ба ин ҳадаф ва орзу барномаҳои хосси худашро дорад. Албатта гоҳе ин барномаҳо ба натиҷа мерасад ва шахс ҳам ба ҳадафи худ мерасад ва гоҳе ҳам ба натиҷа намерасад ва шахс дар зиндагии худ шикаст мехурад.

Муҳимтар аз ҳамаи ин ҳадафҳо ва орзуҳо доштани як мудирияти хубу комил ва муваффақ аст. Яъне агар инсон битавонад зиндагии худро ба шукли хуб идора кунад ва дар ҳамаи мароиҳили зиндагӣ, хоҳ дар ҷавонӣ ва хоҳ дар вақти ташкили хонавода ва… , битавонад бо камтарин имконот, беҳтарин баҳрамандиро дошта бошад, метавонад тамоми мушкилотро аз сари роҳи худ бардошта ва як зиндаги хуб дошта бошад. Зеро агар ҳамаи имконоти як зиндагии хуб фароҳам бошад, аммо идораи зиндагӣ суст бошад, шахс наметавонад аз онҳо баҳраманд гардад.

Қуръон барои доштани як мудирияти муваффақ, чанд вижагии муҳимро баён фармудааст.

Дастур ба гузашту бахшиш

وَ لَوْ کُنتَ فَظًّا غَلِیظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِکَ فَاعْفُ عَنهْمْ وَ اسْتَغْفِرْ لَهُمْ

Инсон бояд дар баробари мухолифонаш бархурди шоиста дошта бошад ва бо бахшиши хатоҳои онҳо , битавонад зиндагии худро ҳифз кунад. Агар хашмгину ғазабнок бархурд кунад дар ҳамаи барномаҳои худ шикаст мехурад ва дигар ба он аҳдофи баланди худ намерасад.

Розҳои муваффақият дар зиндагӣ

Дар ин бора Худованд ба Расули Аъзам (с) мефармоянд: ин меҳрубонии ту бо мардум дар партави раҳмату лутфи парвардигор ааст ва агар хашмгину сангдил мебудӣ, мардум аз назди ту пароканда мешуданд.

Пас Расули Худо (с) дар он замон, ки асбоби парокандагӣ ва чанддастагии ҷомеаи исломӣ фароҳам буд, тавонистанд бо мудирияти ҳушмандона ва гузашт аз хатои дигарон, ҷомеа исломиро якпорча карда ва назм бахшанд.

Дастур ба машварат

وَ شَاوِرْهُمْ فىِ الْأَمْرِ

Яке аз омилҳои муваффақияти Паёмбари Акрам (с) дар пешбурди аҳдофи Ислом масъалаи машварат будааст.

Машварат ҳамчун як васила, илова бар инки дар интихоби ҳадаф ниёз аст, метавонад роҳи инсонро барои расидан ба ҳадаф , кӯтоҳ карда ва ҳамвор созад ва аз лағзишҳоро кам кунад.

Ба рағми инки Паёмбари Акрам(с) фикру андешаи ҳушмандона доштанд ва ба машварат ниёз надоштанд аммо барои инки мусулмононро ба аҳамияти машварат огоҳ созанд , дар корҳои умумии мусулмонон ҷаласаҳои машварат ташкил медод. Зеро умуми мардум ҳар чанд доно ва тавонманд бошанд, аз машварат бениёз нестанд.

Расули Худо (с) сухан ва раъйи афроди соҳибназарро аҳамият медоданд, ва гоҳе барои эҳтиром ба дигарон, аз раъйи худ чашмпушӣ менамуданд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.