Танбеҳҳое, ки кӯдакро бепарвотар мекунад

74

Вақте дастҳоятон барои задани кӯдаки дилбандатон боло меравад, дар он лаҳза мехоҳед тамоми ҳирсу уқдаҳоеро, ки аз нофармониҳои ӯ доштаед холӣ кунед аммо баъд аз муддати кутоҳе аз дастҳоятон худатонро бад меояд, ки кудакеро задаанд ва ӯ ҳеҷ дифое натавониста аз худаш кунад. Ҳар боре ки ӯро мезанед рафтораш беҳтар намешавад, балки сабаб мешавад дар ивази он, кори дигаре анҷом диҳад то зарбаи хурдагии худро ҷуброн кунад.

Падару модарҳо дар бархурд ва рафторе, ки бо фарзандони худ доранд, инсонҳои аҷибе ҳастанд. Вақте дар меҳмонӣ ё хонаи хешу табори худ ҳастанд ва фарзанди онҳо нофармонӣ кунад, агар яке аз афрод бар сари кудаки онҳо қавоқ андозад ва ё ба ӯ бигуяд, ки бинишин ва дигаронро азияту озор надеҳ, онгоҳ чунон падар ё модар тавре ба тарафи он шахс менигарад, ки агар ҳурмати соҳибхона набошад ҷанги бисёр сангине иттифоқ меафтад. Эътиқодашон ҳам ин аст, ки кӯдакро набояд ҷанҷолу сарзаниш кард ва бояд бо забони худаш бо ӯ ҳарф зад. Ҳоло ҳамонҳо дар хона вақте аз бозӣ ва шайтанатҳои фарзандашон хаста шуда ва чикор карданашонро намедонанд на бо забони кӯдакона балки бо забони шаллоқона бо ӯ рафтор мекунанд.

Танбиҳ ва латукуб кардани кӯдак яке аз рафторҳои бисёр ғалат ва ғайримантиқие аст, ки дар баъзе аз хонаводаҳо вуҷуд дорад. Албатта ҳар навъ рафтори ғайриусулие, ки боиси аз байн бурдани шахсияти кӯдак шавад ба навъе кӯдакозорӣ ба ҳисоб меояд  ё ҳар гуна рафторе, ки сабаби ранҷидани кӯдак шавад, мисли: дашном додан, таҳқир тавҳин паст задан, тавҳин, эъломи безорӣ, аз худ рондан, ҳабс кардан, масхара кардан, манъ кардан аз шодиҳо ва лақаби номуносиб додан; Ҳамаи инҳо ба навъе метавонад таъсироти баде бар кӯдак дошта бошад.

Дар таърифи кӯдакозорӣ овардашудааст: “Ҳар гуна фишори беш аз ҳад ва ҷанҷоли номаъқули волидайн, ки дар ҳадди тавони кӯдак набошад”. Кӯдакозорӣ аз тарафи волидайн ба ду даста тақсим мешавад:

  • Ҷисмонӣ, мисли танбиҳ кардан;
  • Равонӣ, мисли таҳқир кардан ва паст задан. Чӣ басо таъсири бади равонии паст задани кудак хеле хатарноктар бошад.

Аксари волидайн ҳадди ақал як бор фарзандашонро танбиҳи баданӣ кардаанд ё эҳсос кардаанд ӯ як латукуб лозим дорад. Замоне, ки аз фарзанди худ мехоҳанд, ки як кореро анҷом диҳад аммо ӯ бе аҳаммиятӣ мекунад, ё замоне, ки дар ҳоли истироҳат ҳастанд ва бо сарусадои кудаки худ бедор мешаванд. Аммо ба ростӣ чаро ин теъдод аз падару модарҳо аз танбиҳи баданӣ истифода мекунанд? Шояд бигӯед: Чун таъсиргузор аст. Вале воқеият ин аст, ки агар танбиҳи баданӣ муассир бошад фақат ва фақат дар кӯтоҳмуддат таъсиргузор аст.

Волидайне, ки барои кантроли шароит фарзанди худро мезананд маъмулан ба хотири ин кор аз худашон меранҷанд ва розӣ нестанд, зеро худи онҳо низ бовар доранд, ки равиши тарбияти саҳеҳ дар пеш нагирифтаанд. Маъмулан ингуна волидайн дар ҳангоми рубарӯ шудан бо шароити душвор ва замоне ки намедонанд бояд чӣ вокунише нишон диҳанд, сари кӯдаки худ фарёд мезананд ва ё аз танбиҳи баданӣ истифода мекунанд. Аммо пас аз инкор ва бо дидани натиҷаҳои манфӣ, аз ин кори худ пушаймон мешаванд.

Ҳамаи падару модарҳо медонанд, ки беҳтарин васила барои кантроли фарзандон ва тарбияти онҳо ишқ ва самимияте аст, ки байни онҳо вуҷуд дорад. Бо аз байн рафтани ин муҳаббат ва табдили он ба нафрат ва тарс, натанҳо фароянди тарбияти кӯдак содатар намешавад, балки душвортар низ хоҳад шуд. Танбиҳи баданӣ ва истифода аз хушунат ҷойгоҳи падар ё модарро дар хонавода беарзиш мекунад. Қудрат доштан дар хонавода ба маънои бузург ва мавриди эҳтиром будан аст, на ваҳшатнок будан. Волидайне, ки хостори ҳифзи ҳамешагии қудрат ва ҷойгоҳи худ дар хонавода ҳастанд бояд бидонанд, ки қудрате, ки бархоста аз тарси атрофён бошад пойдор нест. Волидайне, ки барои кантроли фарзанди худ аз задан ва танбиҳи баданӣ истифода мекунанд бозандаи бозии байни худ ва фарзандшон ҳастанд.

Танбиҳи баданӣ шояд дар ибтидо барои муддатзамони кӯтоҳ таъсир дошта бошад, вале кам-кам табдил ба одат шуда ва дигар ҳеҷ асаре нахоҳад дошт ва сармашқи зиндагӣ қарор дода мешавад, масалан вақте фарзанди бузургтар танбиҳ мешавад, ӯ низ фарзанди кӯчактрро танбиҳ хоҳад кард. Дар мактаб ҳам дӯстони кӯчаки худро танбиҳ мекунад ва оҳиста-оҳиста табдил ба кӯдаки пархошгар ва беинзибот хоҳад шуд ва ҳатман дар ҷомеа ҳам чунин рафтореро нишон медиҳад. Шояд ин рафторро дар оянда рӯйи ҳамсару фарзандони худ низ пиёда кунад. Фарзанде, ки акнун падару модарараш ӯро мезананд дар оянда соҳиби фарзанд мешавад ва онгоҳ ба пайравӣ аз рафтори пададу модари худ, ки дар кӯдакӣ бо ӯ доштаанд, ӯ низ фарзанди худро латукуб мекунад. Борҳо мушоҳида шуда марде, ки ҳамсари худро озор медиҳад, худаш дар кӯдакӣ борҳо танбиҳ шудааст ва аз ҳама муҳимтар инки танбиҳи баданӣ табдил ба уқда мешавад ва шояд дар оянда ҳангоме, ки падар ё модар нотавон шуданд, ӯ даст ба ин кор бизанд.

Аз омӯзаҳои исломие, ки ба мо омӯхтаанд баҷои танбиҳи фарзандон бояд роҳи ташвиқу ҳамкориро дар пеш гирем. Мумкин аст, ки дар оғоз кӯдаки мо дар хурдсолӣ эркагӣ намуда ва зиёдаравӣ намояд вале баъд аз тамом кардани 4 солагӣ бисёр писар ё духтари боодоб хоҳад шуд.

Лизо ба падару модарон тавсия мекунем аз танбиҳу латукубии фарзандон даст бардошта ба онҳо муҳаббат кунанд, чаро ки “аз муҳаббат хорҳо гул мешавад”, дуруст аст. Бо унсури отифӣ метавонед ин мушкилро ҳал кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.