Хосиятҳои дармонии харбуза

107

1- Харбуза дорои витамини A аст, аз ин ру  дар тармим ва бозсозии ҳуҷайраҳои бадан нақш дорад.

2- Харбуза бо доштани  хосияти пешобовар будан дар бемориҳои санги гурда ва пешобдон   муфид аст; дар ин бемориҳо бояд намак  ва қаламфур камтар хурда шавад.

3- Харбуза  саршор аз витаминҳои A ,D ва C ва селлюлоза  аст.

4- Харбуза ба  иллати  доро будани  хосияти мулоимкунандагӣ  барои муъолиҷаи  юбусат(запор ) тавсия  мешавад.

5- Агар мағзи  харбузаро куфта  ба сурати марҳам руи маҳалли  сухтагиҳои сатҳии пусти  бадан бигузоред, онро муъолиҷа хоҳад кард.

6- Тухми  харбуза барои сурфаи  ҳод, дарди  сина ва ҳалқ ва табҳои шадид муфид аст.

7- Мағзи тухми харбузаи  тафдода шуда табиъати гарм дорад.

8- Харбуза барои ашхосб гирифтор   ба сили  риявӣ(шуш)  ва  хунӣ муфид аст.

9- Харбуза  ранги  чеҳраро  рушан мекунад ва бемории  истисқо ( эҳсоси ташнагии доим )-ро дармон менамояд.

10- Харбуза ба ҳазми  ғизо кумак  мекунад  ва рудал (ба русӣ” несварение”  ро бартараф менамояд.

11- Хурдани  8 грамм дамкардаи  пусти хушкшудаи харбуза санги масона(пешобдон)-ро дафъ мекунад.

12.‌ Харбуза чун дорои қанд аст бисёр фарбеҳ‌кунанда буда ва таъсири муфиде дар гирифторон  ба сил ва ё кам‌‌хунӣ эҷод мекунад.

13-‌ Харбуза ба далели  доро будани  калий   бисёр муфид  буда,  боиси дафъи маводи зиёдатӣ  ва заҳрҳои  мавҷуд дар хун шуда,  ба фаъолият ва шустушуи мусона  ва гурда кумак мекунад ва  аз банд шудани пешоб  ва санги  роҳҳои   пешоб мамониъат мекунад.

14- Харбуза ба сабаби доро будани  оби зиёд, маводи қандиро фавран   ба  хун  омехта карда, ба ҳамин сабаб боиси афзоиши  қанди  хун ва рафъи хастагӣ ва гармозадагӣ   мегардад.

15-‌ Дар миёни маводи қандӣ  ва маъданӣ(менерали)и  харбуза ферментҳое  вуҷуд дорад, ки суръати ҳазми ғизоро зиёд карда ба ин лиҳоз дар кӯдакон муҷиби афзоиши  иштиҳо ва фаъолият ва рушди ҳуҷайраҳои  бадан ва дар солмандон ба фаъолияти  ҳуҷайраҳои ‌ системаи ҳозима  ва дар ниҳоят рафъи сустӣ  ва беҳолӣ мунҷар ме‌шавад.

16 -‌ Харбуза ба далели доштани  маводи фебрӣ(волокно)  ва ба хотири вуҷуди  таъм ва руғанҳое, ки дорад як муҳаррики қавии кимиёӣ  барои системаи ҳозима  аст аз ин лиҳоз  бисёр  мулоимкунанда буда ва масрафи он барои гирифторон  ба ниқрис(подагра) , равматизм, бавосир(геморрой ) ва хусуан барои касоне ки аз юбусат (запор )  ранҷ   мебаранд, бисёр тавсия  мешавад. Ҳамчунин  ин мева таъсири хосе дар тахлияи  микроб ва  уфунати  мавҷуд дар руда дорад.) тавсия  мешавад.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.