Ғизоҳои муфид барои сармохурдагӣ

57

Як мутахассиси соҳаи тағзия(хурокворӣ) гуфт: Барои дафъи балғами сармохудагӣ нушидани моеъоти гарм монанди чой ва шир тавсия мешавад, вале шакар бофтҳои сефедро заъиф мекунад,бинобарин хурдани ғизоҳои ширинро дар ин давра тавсия намекунем.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи хабар Шиво Фараҷӣ афзуд: Ғизоҳои ширин монанди шоколад, навъҳои гуногуни шириниҳо ва оби меваҳои маснуъӣ дорои шакар ҳастанд. Шакар тавоноии бофтҳои сафеди баданро коҳиш дода ва то 5 сол баъд аз масрафи шакар посухи эмении бадан 50 дарсад коҳиш меёбад ва ба навъе шакарро героини сафед ба ҳисоб меоваранд.Вай гуфт:Аз онҷое, ки бо бурузи ҳаргуна беморӣ дар бадан аз ҷумла сармохурдагӣ, стресси физиологӣ ба бадан бор мешавад протеини бештаре аз бадан хориҷ мешавад, ки бояд бо хурдани ғизоҳои дорои протеин монанди ҳубубот(донагиҳо), ғизоҳои дарёӣ ва гушти ҳайвонӣ онро ҷуброн кард.

Фараҷӣ ҳамчунин ба ин нукта ишора кард, ки бо сармо хурдан ҳаҷми мухот(балғам ва оби ғализ) дар нуқоти мухталифи бадан афзоиш ёфта ва барои онки битавонем ин мухотро тунук карда ва аз бадан хориҷ кунем беҳтар аст аз моеъҳои доғ монанди чойи камранг, дамнушҳои гиёҳӣ ва шири камчарб истифода кунем.Вай афзуд: Супҳо(шурбо)и мухталиф монанди супи мурғ ба ҳамроҳи сабзиҷоти тоза, супи пиёз ва сир(чеснок) метавонад илова бар таъмин кардани витаминҳои мавриди ниёз, монанди витамини С мухотро низ аз бадан хориҷ кунанд.

Ин мутахассиси тағзия дар мавриди хосиятҳо сир ва пиёз барои масрафи сармохурдагӣ гуфт: пиёз ва сир дорои гугирд, Селен, диоксид кремния,витамини С ва витамини А ҳастанд, ки ҳар кадом антиоксиди хубе барои дафъи заҳрҳо аз бадан ба ҳисоб меоянд ва дар айни ҳол гугирд хосияти зиддиуфуникунанда дорад.Узви анҷумани илмии тағзияи Эрон афзуд: Ҳамчунин шалғам дар беҳбуди системаи эмении бадан бисёр асарбахш буда, ба далели доштани фибри зиёд заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад.

Ба гуфтаи Фараҷӣ тавсия мешавад, то шалғамро дар ибтидои рӯз масраф кунем, чаро ки ин моддаи ғизоӣ дерҳазм буда ва дар руда то соатҳо боқӣ мемонад, ки асарбахшии он дар соатҳои аввалияи рӯз беҳтар хоҳад буд.Вай ба ашхосе,ки бо хурдани шалғам нафх(дамиш ва бод) мекунанд тавсия кард, то шалғамро ба ҳамроҳи хокаи овешан(ба русӣ” тимьян”) бихуранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.