Ҳуқуқи кӯдаки ширхор

65

Кӯдак дар даврони ширхорагӣ дорои ду ҳаққи асосӣ аст:

1. Тағзияи муносиб

Бар пояи раҳнамудҳои пешвоёни Ислом, беҳтарин таом барои кўдак, шири модар аст. Ҳеҷ чиз барои кўдак ҷои шири модарро намегирад. Бинобар ин, кўдак ҳақ дорад, ки дар сурати имкон аз шири модар истифода кунад.

Модароне, ки моил бошанд ба ин вазифаи модарӣ ба таври комил амал кунанд, Қуръони Карим тасреҳ мекунад, ки ду соли тамом бояд ба фарзандони худ шир диҳанд ва ё барои бархўрдории кўдак аз ин ҳаққи табиӣ, тибқи фармоиши Имом Ризо (а) 21 ба фарзанди худ шир диҳанд, ки ҳарчи аз ин муддат коста гардад, дар ҳаққи кўдак ситам шудааст.

Аммо дар сурате, ки ба ҳар далел кўдак наметавонад аз шири модар истифода кунад, падар муваззаф аст, ки дояи шоистае барои шир додани вай интихоб намояд; дояе, ки аз зебоии зоҳирию ботинӣ бархўрдор бошад, зеро шир дар парвариши ҷисму ҷони кўдак нақш дорад. Аз ин рў, ривоёти исломӣ нисбат ба интихоби дояҳое, ки аз назари эътиқодӣ ва ё амалӣ ва ё ахлоқӣ инҳироф доранд ва ё дучори беморӣ ҳастанд, ҳушдор додаанд.

2. Эҳтиром ба эҳсосот

Нуктаи муҳимми дигаре, ки дар сираи Паёмбари Худо (с) дар мавриди риояти ҳуқуқи кўдакони ширхор, шигефтангез аст, эҳтиром ба эҳсосоти онҳост. Дар ҳадис аст, ки рўзе Паёмбари Худо (с) бар хилофи равиши ҳамешагӣ, намози худро, ки бо ҷамоат мехонд, кўтоҳ кард. Ба қадре Паёмбар (с) босуръат намози худро тамом кард, ки мусулмонон тасаввур карданд, ки дастури ҷадиде аз ҷониби Худованди Мутаол дар ин бора ба эшон расидааст, аммо вақте аз эшон иллати ин корро пурсиданд, бо тааҷҷуб посух шуниданд, ки: «Магар садои гиряи кўдакро нашунидед?».

Маълум шуд, ки далели кўтоҳ шудани намози Паёмбар (с) гиряи кўдак будааст, ки дар канори намозгузорон бетобӣ мекардааст ва эшон барои зудтар ором кардани кўдак, намозкро кўтоҳ кардааст.

Мукаррар иттифоқ меафтод, ки кўдакеро хидмати Паёмбар (с) меоварданд, ки барои ў дуо кунад. Эшон ўро дар бағал мегирифт ва ҳангоме ки машғули дуо хондан мешуд, кўдак либоси эшонро олуда мекард. Мехостанд ўро аз эшон ҷудо кунанд, то монеи олуда шудани бештари либосҳои эшон шаванд, аммо он ҳазрат намегузошт.

Паёмбари Худо (с) бо ин гуна бархўрдҳои ҳакимона, зимни дилҷўӣ аз хонаводаи кўдак, монеи ҷариҳадор шудани эҳсосоти кўдак мешуд, зеро медонист, ки беэҳтиромӣ ба эҳсосоти кўдак, осори номатлубе барои ояндаи вай дар пай хоҳад дошт.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.